Сомонаи пешина | Дш, 26 Октябр 2020 / 14:10
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ

adib

 

5 октябри соли 2020 дар саҳни бинои муассисаи давлатии нашриёти «Адиб» ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр ва маҳфили шеъру суруд доир гардид. 

Чорабинӣ бо ибтикори нашриёти «Адиб» дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардида, дар он Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, Ректори донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Муҳриддин Низомӣ, адибон--Камол Насрулло, Бароти Абдураҳмон, Рустам Ваҳҳобзода, Муҳтарам Ҳотам,Абдуғаффори Абдуҷаббор, Сафар Амирхон бо толибилмони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯён макотиби олӣ мулоқоту вохурӣ намуда, аз эҷоди хеш барои гиромидошти забони модарӣ шеърҳо қироат карданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ромишгарони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов бо навозишҳои дилангез хотири ҳозиринро шод гардониданд.

adib 1

adib 2