Сомонаи пешина | Дш, 26 Октябр 2020 / 14:10
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Донишкадаи фарҳанг ва санъат ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш баргузор гардид

3-300x200

 

 

5 октябри соли 2020 дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини якуми вазири фарҳанги Тоҷикистон Обид Назариён, роҳбарият ва устодону муҳассилини муассисаи таълимӣ иштирок намуданд.

Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳозиринро бо Рӯзи забони давлатӣ табрик гуфта, иброз дошт, ки забони хушоҳангу зебо ва шевову шоиронаи тоҷикӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ неруи тоза гирифта, имрӯз аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид баланд садо медиҳад ва нуфузу шуҳрати Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам афзун мегардонад.

“Дар тӯли таърих фарзандони фарзонаи миллати тоҷик ҳамеша пайи нигоҳ доштани забони миллӣ, арзишҳои миллӣ, асолати миллӣ, ҳувияту  худшиносии миллӣ ва фарҳангу тамаддун талош намуда, аз давлату миллати худ дифоъ кардаанд. Ҳамакнун ин рисолатро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш гирифтаанд. Дар радифи ҳифзи дигар арзишҳои миллиамон, дар поянда ва бегазанд нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки як рукни шинохти миллати тоҷик ба ҳисоб меравад, нақши  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст”- иброз дошт Муҳриддин Низомӣ.

Сипас, муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён суханронӣ намуда, тазаккур дод, ки забони давлатӣ яке аз муҳимтарин аркони давлати миллӣ маҳсуб меёбад. Дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ забони давлатӣ низ ба қатори муқаддасоти миллӣ дохил мешавад. Дар ташаккул ва рушди давлатдории навин, устувории он дар умури сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ забони давлатӣ нақши муҳим дорад.

“Забони тоҷикӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ аз нав эҳё гардид ва дар умури давлатдорӣ мавқеъ ва манзалати хоси худро пайдо намуд. Имрӯз давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон бо забони давлатӣ санадҳои ҳуқуқии байналмилаливу байнидавлатӣ, аз ҷумла созишномаҳо ва қарордодҳои муҳимро ба имзо мерасонад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки забони тоҷикӣ дар ҳамоишҳои байналмилалӣ соҳиби мақоми байналмилалӣ гардидааст”-зикр намуд муовини аввали вазири фарҳанг Обид Назариён.

Дар фароварди ҳамоиш барномаи фарҳангӣ-ҳунарӣ, ки фарогири филми мустанади «Таърих гувоҳ аст…», композитсияи адабии «Шеваи хирад», шеърҳои «Забони давлатӣ», «Тоҷикистони ман», «Мепарварам», «Ӯ ҷони миллат аст» ва рақсу оҳангҳои марғуб буд, дар иҷрои устодону донишҷӯёни донишкада пешкаши ҳозирин гардонда шуд.

4