Сомонаи пешина | Дш, 21 Сентябр 2020 / 09:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Донишкадаи фарҳанг ва санъат бахшида ба 67-солагии Мақсудшо Иматшоев чорабинӣ баргузор гардид

 

15 сентябри соли равон дар Донишкадаи давлатии фарӽанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турснузода бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ӌумӽурии Тоҷикистон ва 50-солагии таъсисёбии донишкада маӽфили гиромидошти актёр, режиссёр, оӽангсоз, шоир ва омўзгор Мақсудшо Иматшоев баргузор гардид.

Дар ибтидо конфронси илмӣ-эҷодӣ дар мавзўи «Нақши устод Мақсудшо Иматшоев дар рушди санъати кино, театр ва телевизион» баргузор гардид. Баъдан дар толори Театри таълимии донишкада бахшида ба 67-умин солгарди зодрузи Мақсудшо Иматшоев бо иштироки меӽмонон ва устодону донишҷўёни донишкада маӽфили ёдбуд доир гашт.

Чорабинӣ бо пролог таӽти унвони «Устод», ки аз ҷониби донишҷўёни курси дуюми ихтисоси режиссураи намоишӽои театронидашуда ва идӽо омода гашта буд ҳусни оғоз ёфт.

Сипас ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ Муҳриддин Низомӣ перомуни фаъолияти эҷодии Мақсудшо Иматшоев ибрози назар намуда, иброз дошт, ки санъат, воқеан, дарёи беканорест, ки дар шўру туѓёнаш дурдонаҳо ва марворидҳое кашф мегарданд, ки баъди гузштани солҳову асрҳо ҳунармандро ҷилобахши саҳна гардонида, дар дилу хотираҳои мухлисон мондагор мегардонад.

Баъдан филми кўтоӽмуддата, ки эҷодиёти устод Мақсудшо Иматшоевро дарбар мегирифт, манзури иштирокчиёни маҳфил гардид. Дар идомаи барнома ҳозиринро яке аз дўстдорони санъати Мақсудшо Иматшоев - санъаткор Нобовар Чиноров якҷо бо гурўҳи «Шамс» хотири ӽозиринро бо навову сурудӽои ҷаззоб болида гардониданд.

Мақсудшо Исматшоев аз хурдӣ мехост, ки дар ҷодаи пурпечутоби эҷод худро бисанҷад, рўи саҳна ҷавлон бизанад. Ҳамин буд, ки соли 1967 дар филми бадеии «Хокистари сўзон» ҳунарнамоӣ кард. Ў соли 1970 ба Донишкадаи умумииттифоқии кинематографияи шаҳри Маскав дохил шуд. Ба ў Сергей Фёдорович Бондарчук - симои нотакрори кинои ҷаҳонӣ нозукиҳои пешаи интихобнамудаашро ёд дод.

Соли 1975 Мақсудшоро чун ҳунарманди боистеъдод барои нақшофарӣ ба филми «Шаҳрвандон» даъват намуданд. Ӯ аз аввалин ҷавонони таҳсилгирифтаи тоҷик дар Маскав буд, ки дар филмҳои берун аз кишвар маҳорати хешро нишон дод.
Мақсудшо бо истеъдоди фавқулодааш нақшҳои барҷаста меофарид. Дар филми коргардон Анвар Тўраев «Ҷаҳиш», ки соли 1981рўи экран омада буд, Мақсудшо ҳамчун мутриб ва овозхон барои ҳамагон муаррифӣ шуд. Ў ҳамчун хунёгари нотакрор суруду оҳанг меофариду суруд мехонд. Аз ҷумла, ў дар филмҳои зиёди ватаниву хориҷӣ, ба мисли «Хокистари сўзон», «Шаҳрвандон», «Ҷавонии субҳи аввал», «Нисо», «Ҷумъаи ҳафтум», «Ҷаҳиш», «Ҷанг дар чорраҳа», «Роҳҳои оташин», «Қапқон барои шағол», «Қатори иловагӣ ба роҳи дуюм», «Дарвеши ланг», «Манзараи зеботарини биёбон», «Дев ва ё каси дигар» ва амсоли инҳо бо маҳорати баланди касбӣ нақш офаридааст.

Мақсудшо Иматшоев ҳамчун коргардони телевизион сабки худро дар банду басти ансамбли номдори рақсии «Зебо» гузоштааст. Ў тавонист ба ҳайси актёр, омўзгор, сароянда, коргардон, оҳангсоз дар гирдоби пуртуѓёни ҳунар муътабар гашта, комёб гардад.

Зиндагии устод бо кўлвори пурэҷод дар хирмани ёдҳо монд.

Дилшод УМАРОВ,
муовини декани факултаи
санъати театр