Сомонаи пешина | Дш, 21 Сентябр 2020 / 06:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Рӯнамоии романи таърихии «Куруши Кабир» дар Хатлон

 

Дар толори хониши Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб» бо иштироки васеи хонандагон муаррифии асари нави нависандаи шинохта Аҳмади Иброҳим «Куруши Кабир» баргузор гардид. Дар рафти чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён чунин қайд намуд: Китоби «Куруши Кабир» чун асарҳои пештара навиштааш ба мисли «Спитаман, Катан Тахористон…» ва «Ҷаҳиши охирони бабр» аз лиҳози воқеаву рӯйдодҳо бар маводи таърихӣ бунёд гардида, хело дақиқу аниқ саргузашти куҳани форсҳоро бо бадеияти баланду ҷолиб тасвир намудааст. Як нуқтаро бояд қайд кард, ки қаҳрамони асосии асар Куруши Кабир ба халқҳо ва сарзамини Осиёи Миёна хусусан ба Суғду Истаравшан, Балху Бохтар ва дигар маҳалаҳои ин минтақа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҳатто дар наздикии Истаравшан шаҳре бо номи Курушкада бунёд намудааст

Нависанда бо маҳорати баланди эҷодиву бадеӣ дар ҳақиқат Куруши таърихиро офаридааст. Асар дар тарбияи маънавии хонандагон, ташаккули ҳувияти миллии онҳо мавқеи сазоворе ишғол карда метавонад. Омӯзиши асар барои хонанда боз як саҳифаи таърихи куҳани халқи тоҷикро равшан менамояд.

Сафаралиев Қурбоналӣ,
Саркитобдори Китобхонаи оммавии
вилояти Хатлон ба номи С.Айнӣ
дар шаҳри Кӯлоб