Сомонаи пешина | Дш, 21 Сентябр 2020 / 08:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

29 ДАСТОВАРДИ БУЗУРГ ДАР 29 СОЛИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН

 

«Истиқлолият ин нишонаи ҳастӣ, шарти бақои давлати соҳибихтиёр, рамзи саодати миллат, ҳуввият, озодӣ, шарафу ифтихори халқи тоҷик аст».

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва маънавии мардуми тоҷик нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули онҳо дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд.
Истиқлолияти давлатӣ роҳи моро дар оянда мунаввар сохт. Тоҷикистони маҳбуби мо таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила ба дастовардҳои муҳиму самарабахш ноил гардид, ки баҳри рушду инкишофи ҷомеаи мутамаддини тоҷик ва беҳбудии вазъи некўаҳволии мардум заминаи мусоид гузошт. Қабл аз ҳама, се ҳадафи стратегӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро дар меҳвари асосии фаъолияти худ қарор додааст, мунтазам амалӣ гардида истодаанд.
Дар ин давра, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба музаффариятҳои зиёд сазовор шуд, вале мо ба 29 дастоварди азимтарине, ки ба рушду инкишофи кишвар замина гузоштанд, рў меорем:
1) Қабл аз ҳама, худи Истиқлолият дастоварди гаронарзиш барои миллати тамаддунофари тоҷик мебошад. 24 августи соли 1990 Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул гардид, ки тибқи он 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон Истиқлолияти комили худро ба даст овард ва ҳамасола ин сана ҳамчун Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса ва бо шукргузорӣ аз неъматҳои гаронбаҳои он таҷлил мегардад.
2) Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардид, ки имрўзҳо чандин пешниҳодоту таклифҳои ҷониби Тоҷикистонро ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ эътироф ва дар арсаи байналмилалӣ амалӣ месозад. Ҳамзамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд маротиба аз минбари баланди ин Созмони бонуфуз баромад намуда, ҷомеаи ҷаҳонро ба сулҳу дўстӣ ва бунёдкорию созандагӣ даъват менамояд.
3) Ҷумҳурии Тоҷикистон узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ – Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони умумиҷаҳонии савдо, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Созмони давлатҳои исломӣ ва ғайраҳо мебошад, ки дар доираи онҳо кишвари маҳбуби мо мизбони якчанд конфронсу симпозиум ва форумҳои сатҳи ҷаҳонӣ гардид.
4) 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Қасри Арбоб”-и шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ки он унвони “Иҷлосияи тақдирсоз”-ро гирифт. Зеро ин Иҷлосия ба сарнавишти талхе, ки ба сари мардуми тоҷик омада буду миллатро ба нобудшавӣ моил мекард, нуқта гузошт ва фарзанди фарзонаеро мисли Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат овард, ки аз аввалин рўзҳои фаъолияти худ тамоми нерўву тавоноиашро барои ободии ин диёр равона сохт ва ҳатто ҷонашро зери хатар монда, барои мардум хизматҳои шоиста намуд.
5) 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки барои бақои давлату миллати тоҷик яке аз муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб меравад. Парчами миллӣ аз матои росткунҷаи нафису зебои серангаи сурх, сафед ва сабз таркиб ёфтааст, ки ҳар ранг маънои мушаххасро ифода менамояд. Бори нахуст Рўзи Парчами давлатӣ ҳамчун ид дар кишвар 24 ноябри соли 2009 таҷлил карда шуд. Бо ибтикори наҷиби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе бузургтарин Парчам, ки дар ҷаҳон беназир аст, гузошта шуд. Баландии сутунпояи он 165 метр, дарозии матоаш 60 метр ва бараш 30 метр буда, ба китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид гардид. Майдоне, ки он ҷо Парчами бузургтарини мо ҷойгир аст «Боғи Парчами миллӣ» номгузорӣ шуд.
6) Дар Иҷлосияи ҳаждаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Нишони (Герб) давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргунии куллӣ дароварда шуд, ки он аз тоҷдорию давлатдории навини тоҷикон шаҳодат медиҳад. Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст аз тасвири тоҷи тансиқшудаву нимдоира, ҳафт ситораи бо нурҳои офтоби аз паси кўҳҳои барфпўш тулуъкунанда ва бо чанбаре оро ёфта, ки атрофашро аз тарафи рост хўшаҳои гандум ва аз тарафи чап шохаҳои пахтаи шукуфон иҳота кардаанд. Болои чанбара бо тасмаи сераха печонда шуда, дар қисми поён рўи курсӣ китоби боз ҷой гирифтааст. Нишони давлатӣ ранга буда, тоҷ, офтоб, кўҳ, хўшаҳои гандум, китоб ва курсӣ бо зарҳал тасвир ёфта, появу баргҳои ниҳолҳои пахта сабз, рахҳои тасмаҳо сурх, сафед, сабз буда, муқоваи китоб сурх мебошад.
7) 23 феврали соли 1993 Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки ҳамасола ин сана бо баргузории чорабиниҳои ҳарбӣ-варзишӣ ва фарҳангӣ таҷлил мегардад. Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид карда буданд, ки: «Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омўхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт – дўст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд. Хизмат дар сафҳои артиши миллӣ бояд қарзи виҷдон ва ҳаққи фарзандии ҳар як ҷавони далер бошад».
8) 7 сентябри соли 1994 дар Иҷлосияи XIX Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Бо дархости мардуми кишвар оҳанги пешина, ки ба бастакори машҳури Тоҷикистон Сулаймон Юдаков тааллуқ дошт, мононда шуд ва матни он иваз гардид. Оҳангро ҳанўз соли 1964 Сулаймон Юдаков ба матни Абулқосим Лоҳутӣ эҷод карда буд. Бо ҳамин оҳанг шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ матни мувофиқ офарид ва ҳайати доварон онро маъқул донистанд. Дар Суруди миллӣ орзуву умед ва дархостҳои халқ садо медиҳанд. Имсол аз қабули Суруди миллӣ 26 сол сипарӣ мегардад ва тўли ин солҳо тамоми мардуми шарафманди тоҷик таҳти навои дилнишину мутантани он саф ороста, баҳри дифои марзу буми кишвар ва ободию шукуфоии он хизмат менамоянд.
9) Аз ҷониби ҷомеаи ҳар давлат қабул шудани Конститутсия воқеаи дорои аҳамияти бузурги сиёсӣ ба ҳисоб меравад. 6 ноябри соли 1994 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон санаи бисёр муқаддас, пурифтихор ва сарнавиштсоз мебошад. Дар ин рўзи таърихӣ бори нахуст бо тарзи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд, ки аз 10 боб ва 100 модда иборат аст. Конститутсия санади муҳими сиёсӣ, ҳуҷҷати тақдирсоз ва ифодагари азму иродаи мардуми тоҷик мебошад, ки дар марҳилаи хеле мураккабу сарнавиштсози ташаккулёбии давлатдории миллиамон қабул гардид.
10) Муҳимтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ пас аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ касби Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа мебошад. Ваҳдат тавонотарин омили устувории миллат, шаҳсутуни бахти миллат, шўҳрату шону тахти миллат аст. Чун душманон миллатеро ба вартаи нестӣ ва ё вобастагӣ кашиданӣ мешаванд, сараввал мекўшанд, ки ваҳдати ин миллатро аз байн баранд. Бо ҳамин ғаразҳои нопок миёни тоҷикон низ оташи ихтилофоти ваҳдатшикан барафрўхта шуд. Вале ин миллати тоҷвар, ки бо шебу фарози таърих бисёр бархўрд кардаву аз банди басо макру ҳияли кинаваронаш раҳо хўрда буд, дар марҳилаи навини тақдирсози хеш ваҳдаташро чун гавҳари нобу пок ҳифз намуд ва ин буд, ки ба рўзгорони саодатбору тарабафзо бирасид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин марҳилаи пурҳаводис раҳнамою пешбар ва рўҳбаландсозу парчамафрози аҳли Ватан буд. Бо талошҳои ҷоннисоронаву пайгиронаи ин Қаҳрамони миллат 27 июни соли 1997 «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ миёни тоҷикон» қабул гардид ва кишвари ҷангзадаи мо аз нав ба ошёни Сулҳу Ваҳдат табдил ёфт.
11) Таҷлили ҷашни 1100–солагии аввалин давлати мутамаркази тоҷикон – давлати абарқудрати Сомониён ва 90–солагии муаллифи китоби “Тоҷикон”, Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров дар соли 1999 гувоҳи он аст, ки тоҷикон воқеан, тоҷдору тоҷтабор ва хирадпешаю соҳибтамаддун ҳастанд. Ҳамин тариқ, марҳилаи тозаи ҷашнгирии санаҳои таърихию фарҳангӣ ва бузургдошти симоҳои барҷастаи илму адаб ва сиёсати тоҷик ба ҳукми анъана даромад.
12) Бо мақсади татбиқи сиёсати самараноки иқтисодӣ, суръатбахшӣ ба дигаргуниҳои иқтисодӣ ва бунёди низоми мустақили пулии Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ҷорӣ кардани асъори миллии Тоҷикистон қарор қабул гардид. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2000, №415 дар бораи аз таърихи 30 октябри соли 2000 ба муомилот баровардани воҳиди нави пули миллии кишвар – Сомонӣ, ки ба ифтихори бунёдгузори нахустин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ (849–907) номгузорӣ шудааст, эълон гардид ва пулҳои коғазӣ бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100 сомонӣ ва воҳиди хурди он бо арзиши 1, 5, 20, 50 дирам ба муомилот бароварда шуд. Дар пулҳои коғазӣ акси арбобони бузурги классику муосири халқи тоҷик, тасвири ёдгориҳои меъморӣ ва таърихии Тоҷикистон, ашёи санъату ҳунари мардуми тоҷик ҷой дода шудаанд.
13) Дар даврони давлатдории навин арҷгузорӣ ба солгарди шаҳрҳои таърихӣ ба ҳукми анъана даромада, аввалин ҷашне, ки сазовор таҷлил гардид, 2500–солагии Истаравшани бостоншаҳр буд, ки бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони дохилию хориҷӣ моҳи сентябри соли 2002 баргузор шуд. Ҳамин тариқ, солҳои минбаъда низ ин иқдом идома ёфта, соли 2006 ҷашни 2700–солагии Кўлоби бостонӣ ва соли 2015 ҷашни 3000–солагии Ҳисори шодмон таҷлил гардид. Ҷашни 5500–солагии яке аз шаҳрҳои қадимаи тоҷикон бо номи Саразм дар моҳи сентябри соли 2020 таҷлил карда мешавад, ки ба ин муносибат корҳои созандагию бунёдкорӣ ва барномаҳои мукаммали фарҳангию маърифатӣ амалӣ шуда истодаанд.
14) Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид ташаббусҳои неку созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, соли 2003-ро «Соли байналхалқии оби тоза», соли 2013-ро “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”, солҳои 2005–2015-ро “Даҳсолаи байналмилалии амалиёт барои об” ва солҳои 2018–2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон намуд. Ба ин муносибат, конференсияи бонуфузе, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, масъалаҳои муҳимтарини глобалӣ оид ба об, аз ҷумла истифодаи оқилонаи об, муҳофизати обҳои тоза, мубориза бар зидди ифлос кардани об, ташкили самараноки идораву истифодаи захираҳои обӣ фаро гирифта шуданд.
15) Соли 2008 дар саросари кишвар ҷашни 1150–солагии сардафтари адабиёти классики тоҷику форс, маликушшуаро Абўабдуллоҳи Рўдакӣ баргузор шуд. Ҳамин тариқ, гиромидошти симоҳои барҷастаи илму адаб ва сиёсати тоҷик ба ҳукми анъана даромада, тибқи санаи таваллуду замони фаъолият солгарди мавлуди адибону олимон ва мутафаккирону сиёсатмадорон ҷашн гирифта мешавад. Аз ҷумла, 1000–солагии шоир ва мутафаккири бузург Носири Хусрав, 800–солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 700–солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 600–солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, 400–солагии ситоишгари фарҳанги шаҳрдорӣ, суханвари бузурги тоҷик Миробид Сайидои Насафӣ, 700–солагии шоири ширинкалом Камоли Хуҷандӣ ва ғайраҳо шаҳодати гуфтаҳои болост.
16) Соли 2009 – Соли бузургдошти пешвои муаззами мазҳаби Ҳанафӣ Имоми Аъзам – Абўҳанифа Нўъмон ибни Собит эълон гардид, ки дар доираи он конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ баргузор шуданд. Ба ин муносибат, китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо номи “Имоми Аъзам. Рўзгор, осор ва афкор” ба табъ расида, дастраси мардуми фарҳангсолори кишвар гардид.
17) Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат ва дастоварди арзишманди давраи Истиқлолият ба ҳисоб мераванд, ки барои беҳбудии вазъи некўаҳволии мардум, баланд бардоштани эҳсоси ватандўстиву худшиносии онҳо, таълиму тарбияи мукаммали насли наврас ва масъулиятшиносии волидон дар ин самт мусоидат менамоянд.
18) Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар таҳрири нав шаҳодати он аст, ки мардуми хушиқболи ин сарзамини адабпарвар бо роҳбарии Пешвои хирадпешаи хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъриху забон ва адабиёту фарҳанг арҷ мегузоранд.
19) Бо ташаббуси шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид ҷашни Наврўз ҷашни ҷаҳонӣ эълон гардид. Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо содир намудани як қатънома ҷашни миллии тоҷикон – Наврўзи Аҷамро ҷашни байналмилалӣ эълон кард ва он дар иҷлосияи 64 Ассамблеяи Генералии СММ дар чаҳорчўбаи «тамаддуни ҷаҳонӣ» сурат гирифт.
20) Сохта мавриди истифода қарор додани бузургтарин нақбҳо, амсоли “Истиқлол”, “Шаҳристон”, “Хатлон”, “Дўстӣ”, “Озодӣ” аз ҳадафҳои асосии роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои рафтуомади мардум аз қисмати Шимолии Тоҷикистон ба қисмати Ҷанубӣ ва баръакс, инчунин, баҳри раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ заминаи хеле мусоид гузоштанд.
21) Бозсозӣ, таъмиру таҷдид ва ба истифода додани шоҳроҳу роҳҳои мошингард, аз қабили “Душанбе–Хуҷанд–Чаноқ”, “Айнӣ – Панҷакент”, “Кулма–Қароқурум”, “Душанбе–Қўрғонтеппа–Кўлоб”, роҳи оҳани “Душанбе–Бохтар” ва дигар роҳҳои дохилишаҳриву дохилиноҳиявӣ барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти минтақаҳои кишвар заминаи боэътимод мебошад.
22) Бо бунёди Нерўгоҳи барқи обии “Роғун” ва ба истифода додани ду агрегати он, инчунин, дигар нерўгоҳҳои хурду бузург дар миқёси ҷумҳурӣ яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ пурра амалӣ гардид.
23) Сохтмону бунёди иншоотҳои фарҳангиву фароғатӣ, таълимиву варзишӣ ва тиббию истироҳатӣ, аз ҷумла биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, мактабу боғчаҳои кўдакон, беморхонаю марказҳои саломатӣ, китобхонаю осорхонаҳо, қасру хонаҳои фарҳанг, театру филармонияҳои халқӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, варзишгоҳҳо, майдону маҷмааҳои варзишӣ ва дигар иншоот барои мардум, хусусан насли ояндасози миллат аз дастовардҳои назарраси даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошанд.
24) Шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистон, шаҳри сулҳу дўстӣ, маскани фарҳангу маърифат, хонаи умеди ҳар тоҷику тоҷикистонӣ узви Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (МАГ), Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо (БДГП), Ташкилоти умумиҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ (ВО ОГМВ) шуд ва айни замон бо 18 шаҳрҳои калонтарину пешрафтаи Осиё, Африқо, Аврупо, Амрико ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳусни тафоҳум ва паймони бародаршаҳрӣ дорад, ки дар доираи ин муносибатҳо чорабиниҳои зиёди фарҳангию маърифатӣ ва илмию оммавӣ доир мегарданд.
25) Бо ташаббус ва ҳидояти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз муъҷизаҳои дасти инсоният, шоҳкории азими халқи тоҷик, маҷмааи фарҳангии “Кохи Наврўз” ба рўйхати “8 муъҷизаи Созмони Ҳамкории Шанхай” ворид гардид, ки боиси ифтихору сарфарозии мардуми шарафманди тоҷик мебошад.
26) Эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” иқдомоти наҷибе буданд, ки барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳию фарҳангӣ, ёдгориҳои таърихии меъморию табиӣ, эҳёву инкишофи ҳунарҳои бадеии халқӣ, бунёду азнавсозии иншооти гуногун дар деҳот ва дар маҷмўъ баҳри рушди маҳал заминаи мусоид фароҳам оварданд.
27) Рў ба асолати миллӣ овардану арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва фарҳангу адабиёти пурғановати халқи тоҷик аз ибтикороти бесобиқаи мардуми шарифи тоҷик таҳти роҳбарии Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ба ин васила, номгузорӣ ва иваз намудани номи аксари шаҳру ноҳияҳо ва маҳалҳои аҳолинишин ба номи Қаҳрамонони Тоҷикистон ва халқи тоҷик, чеҳраҳои мондагори илму адаб ва сиёсати тоҷик, санаҳои таърихиву фарҳангӣ аз дастовардҳои муҳим мебошад, ки тавонист баҳри баланд гардидани ҳуввияти миллии мардуми тоҷик, хусусан, ҷавонону наврасон такони ҷиддӣ бахшад.
28) Аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани “Саноатикунонии босуръати кишвар” ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии мамлакат аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон мебошад, ки ин ташаббус дар рушду инкишофи соҳаи саноат ва ба ин васила барои ҷалби сармоягузорони дохилию хориҷӣ заминаи боэътимод мегузорад.
29) Ниҳоят, таҷлили ҷашни 30–юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин муносибат амалисозии корҳои ободониву шукуфоӣ ва бунёдкорию созандагӣ дастоварди таърихии давлатдории навини тоҷикон ба ҳисоб меравад.
Ин рўйхатро метавон идома дод, вале мардуми саодатманди кишвар дарк кардаанд ва дида истодаанд, ки чӣ қадар муваффақияту музаффарият ва дастовардҳои гаронарзиш барои онҳо эҳдо мешаванд.
Бинобар ин, чӣ тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд: “Ватандўстӣ бахти бузург аст, вале ба қадри истиқлолияти миллӣ ва давлати соҳибихтиёр расида тавонистан бахти аз он болотар аст”.
Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди бедордил ва бонангу номусро зарур аст, ки ба қадри ҳар як қатра обу ҳар як зарра хоки ин сарзамини аҷдодӣ, ба қадри неъматҳои гаронбаҳои Ваҳдату Истиқлоли миллӣ, ба қадри ин шоҳкориҳои азими аср бирасанд, Ватанро дўст доранд, худшиносу худогоҳ бошанд ва бо тамоми ҳастӣ баҳри ҳифзи марзу буми кишвар, ободию шукуфоии он хизматҳои шоён намуда, саҳми арзандаи хешро гузоранд.
Муқаддасӣ ва пойдории Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таманно дорем!


Орифӣ Озар Баҳромзода – сармутахассиси
Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва
ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Аълочии фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон