Сомонаи пешина | Дш, 21 Сентябр 2020 / 07:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

СУРУДИ МИЛЛИИ ТОҶИК ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚ АСТ!

Рамзҳои давлатӣ ин эҳтиром ва шинохти давлати мо аз ҷониби халқу миллатҳои дигар мебошад.

Рамзҳои давлатӣ ифодагари истиқлолияти кишвар, иттиҳоди вайроннашавандаи мардуми мо, дўстиву бародарии намояндагони ҳамаи халқу миллатҳои сокини ҷумҳурӣ мебошанд. Истифодаи рамзҳои давлатӣ – барафрохтану гузоштани Парчаму Нишон, сурудани Суруди миллӣ қоидаҳои худро доранд, ки Қонун онро муқаррар кардааст. Риоя накардани ин қоидаҳо беҳурматӣ ва таҳқири муқаддасоти миллии тоҷиконанд ва ба гунаҳкорон мувофиқи Қонун ҷазо дода мешавад.

Рамзҳои давлатӣ аломатҳое мебошанд, ки як миллатро дар байни мардуми ҷаҳон муаррифӣ менамоянд. Рамзҳои давлатӣ таъриху тамаддун, гузашта, имрўза ва ояндаи миллатро дар худ таҷассум мекунанд.

Омўхтани рамзҳои давлатӣ ба ҷавонон ва насли навраси кишвар зарур аст. Зеро худшиносии миллии мо аз донистану эҳтироми рамзҳои давлатӣ оғоз меёбад.

Дар моддаи сеюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр шудааст: «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст». Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ бояд мазмуну моҳияти рамзҳои давлатии Тоҷикистонро донад.

Яке аз рамзҳои давлатии мо Суруди миллӣ мебошад, ки 7 сентябри соли 1994 дар Иҷлосияи XIX Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст. Бо дархости мардуми ҷумҳурӣ оҳанги пешина, ки ба бастакори машҳури Тоҷикистон Сулаймон Юдаков тааллуқ дошт, мононда шуд ва матни он иваз гардид. Оҳангро ҳанўз соли 1964 Сулаймон Юдаков ба матни шоири шаҳир, устод Абулқосим Лоҳутӣ эҷод карда буд. Бо ҳамин оҳанг шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ матни мувофиқ офарид ва ҳайати доварон онро маъқул донистанд. Дар Суруди миллӣ орзуву умед ва дархостҳои халқ садо медиҳанд.

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатӣ аз матн ва оҳанг иборат буда, дар мавридҳои муқаррарнамудаи Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатӣ» иҷро карда мешавад.

Ҳангоми ба тариқи расмӣ садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозирин аз ҷой бармехезанд.
Инак, 26 сол аст, ки Суруди миллӣ мутантан садо медиҳаду мардуми шарафманди тоҷик таҳти навои дилнишину марғуладори он саф ороста, шукронаи даврони соҳибистиқлолии Ватан, шукронаи неъматҳои гаронбаҳои истиқлолият ва сулҳу ваҳдати пойдор, шукронаи дўстию бародарӣ ва якдилию якмаромӣ мекунанд.

26 соли пур аз фараҳу нишот, касби дастовардҳои азим, ободию шукуфоӣ, муаррифии давлати фарҳангпарвару мардуми фарҳангсолори тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ, ки маҳз таҳти навои дилнавозу мутантани Суруди миллӣ падид омадаанд.

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон бо боло бардоштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад ва ҳозирин ба Парчами давлатӣ рў меоранд. Бо дастгириву ҳидоятҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони саодатманду фарҳангдўсти кишвар, варзишгарони ҳузарбу тануманд дар олимпиадаву мусобиқаҳои илмию варзишӣ ва фестивалу форумҳои байналмилалӣ иштирок карда, соҳиби мақомҳои ифтихорӣ мегарданд, ки ба ин муносибат Парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта шуда, Суруди миллии Тоҷикистон тантанавор садо медиҳад, ки албатта, боиси ифтихору шоистаи таҳсини мардуми тоҷик мебошад.

Дар солгарди навбатии қабули Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаддасӣ ва пойдории онро таманно мекунам ва шеъри эҷодкардаи худро дар васфи Суруди миллӣ ҳамчун изҳори меҳру ихлоси самимӣ эҳдо месозам.

Суруди миллии тоҷик – саломи миллати тоҷик,
Ҷаҳони фазлу имону паёми миллати тоҷик!

Суруди миллии тоҷик – навиди миллати тоҷик,
Нишони тахту ҳам бахти сафеди миллати тоҷик!

Суруди миллии тоҷик шаҳодатномаи халқ аст,
Суруди миллии тоҷик саодатномаи халқ аст!

Суруди миллии тоҷик шукўҳи ориаждод аст,
Суруди миллии тоҷик сипоси аҳли авлод аст!

Суруди миллии тоҷик – сафои давлати тоҷик,
Нишони ҳамдилӣ бо аҳли дунё, ваҳдати тоҷик!

Суруди миллии тоҷик – раъно қомати тоҷик,
Суруди миллии тоҷик – шону савлати тоҷик!

Суруди миллии тоҷик, армони дилу ҷон аст,
Барои миллати тоҷик паймоне зи Раҳмон аст!

Суруди миллии тоҷик сипаҳсолори майдон аст,
Суруди миллии тоҷик миллатро нигаҳбон аст!

 

Орифӣ Озар Баҳромзода – сармутахассиси
Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Аълочии фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон