Сомонаи пешина | Дш, 21 Сентябр 2020 / 07:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Кормандони соҳаи фарҳанг бо медали Хизмати шоиста қадр гардиданд

7 сентябри соли 2020 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода, роҳбарияти вазорат ва кормандони соҳаи фарҳанг ба ифтихори 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид.

Ширин Исматуллозода аҳли фарҳангу ҳунарро бо ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, ба якчанд кормандони муассисаҳои зерсохтори вазорат медали Хизмати шоиста супорид.

Аз ҷумла муҳаррири пешбари муассисаи давлатии “Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон” Алишер Муҳаммадӣ, корманди муассисаи давлатии “Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон” Шаҳрбону Мусозода, ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Сония Наврӯзова, омӯзгори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Маҳмадкарим Рақибов ва собиқ директори нашриёти “Ирфон” Нуралӣ Ҳасанов тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои назаррас дар рушди соҳа бо медали Хизмати шоиста сарфароз гардиданд.

Боиси зикр аст, ки мукофоти Нуралӣ Ҳасанов, ки аз олам гузаштааст, ба писараш Раҳмон Ҳасанов супорида шуд.