Сомонаи пешина | Дш, 21 Сентябр 2020 / 07:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Баргузории семинари омӯзишӣ бо иштироки муовини вазири фарҳанг барои китобдорони вилояти Суғд

Чанде қабл дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Абдураҳимзода семинари омўзишии китобдорони вилояти Суғд дар мавзўи «Таъмини китобхонаҳои оммавӣ бо технологияи иттилоотӣ ва инноватсионии соҳавӣ» баргузор гардид. 

Дар чорабинӣ инчунин муовини директори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Комилзода, сармутахассиси Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Фароғат Усмонова, директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов, китобдорон аз шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бўстон, Гулистон, Истиқлол, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Зафаробод ширкат доштанд.

Муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Қурбоналӣ Абдураҳимзода дар суханронии худ таъкид дошт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббусҳои созандаву ибратомўзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи китобдорӣ тағйиротҳои ҷадид роҳандозӣ гардида истодаанд. Аз рўзҳои нахуст бо ибтикори Сарвари муаззам диққати ҷиддӣ ба китобу китобдорӣ ва баландбардории маънавиёти ҷавонону наврасон дода шуда, корҳои зиёде аллакай ба сомон расидаанд. Аз чумла 4 барномаи соҳавии китобдорӣ ба монанди «Барномаи давлатии рушди соҳаи китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006 - 2015», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015», «Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 - 2013», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» ва барномаҳои дигаре, ки тавассути онҳо самтҳои гуногуни фарҳанг, аз ҷумла соҳаи китобдорӣ бо таҷҳизот, мутахассисони касбӣ ва китобҳои тозаэҷод таъмин мегардид, ба ҳисоб мераванд. Барномаҳои мазкур соҳаи китобдориро аз буҳрони амиқ берун кашида, ба рушду нумўи соҳа таъсири мусбии хешро гузоштанд. Ҳамзамон бунёди китобхонаҳои хурду бузург тавонистаанд то андозае ниёзи хонандагони моро бо китобу иттилооти замонавӣ таъмин намоянд.

“Ҳамагон огаҳем, ки бо ибтикори Пешвои муаззами миллат озмунҳои гуногун, аз ҷумла «Фурўғи субҳи доноӣ…» тавонист диққати аҳли кишварро ба хониш ва азбарнамоии донишу маънавиёт боз ҳам қарин гардонад ва дар дили ҳазорон хонандагони ҷавон меҳри хонишро биафрўзад.

Ибтикори наҷиби Пешвои миллат интишор ва ба ҳар як оила тақдим намудани китоби оламшумули аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» меҳру муҳаббати хосса ва арҷгузорӣ ба осори ниёгонро дар дили тамоми аҳли кишвар бедор намуд”, - иброз дошт муовини вазири фарҳанг.

Муовини директори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Шариф Комилзода дар хусуси теъдоди китобхонаҳои низоми фарҳанг дар ҷумҳурӣ, таносуби воҳидҳои маъмурию ҷуғрофӣ, нуқтаҳои аҳолинишин, шаклу шеваҳои хизматрасонӣ, нақши китобдорон дар баланд бардоштани тафаккури бадеӣ, илмӣ ва сиёсию ҷамъиятӣ ва дигар паҳлўҳои муҳимми фаъолияти китобшиносону китобхонаҳо суханронӣ намуд.

Сармутахассиси Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Фароғат Усмонова иброз дошт, ки ташкили чунин машварат саривақтӣ буда, он имкон медиҳад, ки бо китобдорон муколамаи озод гузаронида шавад. Мавсуф таъкид намуд, ки бояд китобдорон ҳамқадами замон буда, барои тарҳи барномаи нави таъмини китобхонаҳо бо комютер ва техникаи пешрафтаи соҳавӣ ёрии амалӣ расонанд.

Директори китобхона Баҳром Мирсаидов гуфт, ки дар баробари технологияи муосир, инчунин таъмини китобхонаҳо бо маводи соҳавӣ низ зарур аст. Илова бар ин, бояд низомномаи истифодаи китоб, уҳдадориҳои хонанда, муносибати ў ба китобу маводи чопӣ ва дигар расмиёти соҳа тасдиқ ва ба танзим дароварда шавад.
Дар ҷараёни семинар китобдорон мулоҳизоти худро оид ба муҳиммияти қабули барномаи нави давлатӣ ҷиҳати таъмини китобхонаҳо бо технологияи иттилоотӣ ва инноватсионии соҳавӣ баён доштанд.

Дар фарҷоми машварат китобхонаи электронии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ба аҳли нишаст муаррифӣ гардида, барномагузор Облоқул Хокироев роҳҳои дастрасӣ ва истифодаи китобҳои электрониро ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дод.

Манишвар Тоҳирӣ,
сардори шуъбаи табъу нашри
Китобхонаи вилоятии оммавии
ба номи Тошхоҷа Асирӣ