Сомонаи пешина | Шб, 08 Август 2020 / 01:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Баргузории даври аввали “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар ноҳияи Ашт

 

Тавре маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, бинобар паҳн гардидани бемории ҳамагири COVID-19 дар оғози моҳи май дар Тоҷикистон ва зарурати андешидани чораҳо барои пешгирии ин беморӣ баргузории даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, ки бояд 4 майи соли ҷорӣ шурӯъ мегардид, ба таъхир гузошта шуда буд. Тибқи тартиби нав даври якуми озмун дар ноҳияҳо аз 25 июли соли 2020 бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва бе ҷалби тамошобин шурўъ гардид.

28 июли соли 2020 дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар Театри мусиқӣ-драмавии ба номи М. Воҳидов даври аввали озмун сурат гирифт, ки дар он 29 нафар довталаби касбу кори гуногун иштирок намуданд. Ҳайати ҳакамони озмун дар номинатсияи оҳангсоз як нафар, дар номинатсияи сарояндаи жанри эстрадӣ ду нафар, номинатсияи сарояндаи жанри анъанавӣ як нафар дар номинатсияи навозандаи жанри анъанавӣ як нафар, дар номинатсияи сарояндаи жанри академӣ як нафарро барои иштирок дар даври вилоятии озмун лоиқ донистанд.