Сомонаи пешина | Шб, 08 Август 2020 / 02:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Қубодиён, Шаҳритуз ва Носири Хусрав даври аввали озмуни Ҷумҳуриявии "Тоҷикистон-Ватани азизи ман" баргузор гардид

 

Тавре маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, бинобар паҳн гардидани бемории ҳамагири COVID-19 дар оғози моҳи май дар Тоҷикистон ва зарурати андешидани чораҳо барои пешгирии ин беморӣ баргузории даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, ки бояд 4 майи соли ҷорӣ шурӯъ мегардид, ба таъхир гузошта шуда буд. Тибқи тартиби нав даври якуми озмун дар ноҳияҳо аз 25 июли соли 2020 бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва бе ҷалби тамошобин шурўъ гардид.

25 июли соли 2020 дар ноҳияи Қубодиён даври аввали озмун сурат гирифт. Ҳайати ҳакамони озмун дар номинатсияи сарояндаи жанри эстрадӣ ба се нафар ва дар номинатсияи навозандаи жанри академӣ ба ду нафар барои иштирок дар даври вилоятии озмун роҳхат доданд. Дар даври аввали ноҳиявӣ дар Қубодиён дар маҷмӯъ 16 нафар довталаб иштирок намуданд.

26 июл даври аввали озмун дар ноҳияи Шахритуз баргузор шуд. Аз 11 нафар иштирокчӣ дар номинатсияи сарояндаи жанри эстрадӣ се нафар, дар номинатсияи сарояндаи жанри академӣ як нафар ва дар номинатсияи навозандаи жанри эстрадӣ ду нафар ба даври дуввум, яъне даври вилоятӣ роҳ ёфтанд.

Дар ноҳияи Носири Хусрав дар даври аввали озмун, ки 27 июл шуда гузашт, 10 нафар довталабон иштирок намуданд. акамони озмун ду нафар иштирокчии номинатсияи сарояндаи жанри эстрадӣ ва як нафар иштирокчии номинатсияи сарояндаи жанри анъанавиро барои санҷиши маҳорату истеъдод дар даври дуввум интихоб намуданд.