Сомонаи пешина | Шб, 08 Август 2020 / 02:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон оид ба фаъолияти соҳа дар нимсолаи аввали соли 2020 маълумот гирифтанд

 

24 июли соли 2020 дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотии Вазорати фарҳанг оид ба фаъолияти соҳа дар нимсолаи аввали соли 2020 баргузор гардид.

Дар нишасти мазкур намояндагони васоити ахбори ватаниву хориҷӣ иштирок намуданд ва он бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ташкил гардид.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, оид ба фаъолияти соҳа дар шаш моҳи аввали соли 2020 маълумоти мухтасарро манзури рӯзноманигорон гардонид.

Вазири фарҳанг иброз дошт, ки баргузории даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, ки дар асоси Амри Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, тибқи тартиби қаблан пешбинишуда бояд аз 4 майи соли 2020 дар ноҳияҳо шурўъ мегардид, вале бо назардошти пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 баргузории он ба таъхир гузошта шуда, вобаста ба эътидол омадани вазъи санитарию эпидемиологӣ кишвар тартиби нави баргузории даври якуми озмун аз ҷониби комиссияи ҷумҳуриявӣ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Тибқи тартиби нав аз 25 июли соли ҷорӣ даври якуми озмун бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва бе ҷалби тамошобинон шурўъ мегардад.

“Дар шаш моҳи соли 2020 аз ҷониби олимони Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бо ҳамкории зичи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО маҷмўи ҳуҷҷатҳои номинатсияҳои – “Рубоб” (ҳамроҳ бо ҶИ Эрон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон), – “Ҷашни Сада” (ҳамроҳ бо ҶИ Эрон). – “Кашидадўзӣ” (ҳамроҳ бо ҷумҳуриҳои Ўзбекистон ва Қазоқистон), – “Латифаҳои Насриддин Афандӣ” (ҳамроҳ бо Туркия, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Ўзбекистон) омода гашта, ба ЮНЕСКО фиристода шуданд. Айни замон таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ роҷеъ ба номинатсияи миллии “Фалак” омода гардида, дар рўзҳои наздик ба қароргоҳи ЮНЕСКО фиристода мешавад”,-иттилоъ дод Вазири фарҳанг.

«Вобаста ба номинатсияи миллии «Фалак», ки қаблан ба Комиссияи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО пешниҳод гардида буд, аз ҷониби комисияи мазкур иттилоъ доданд, ки парвандаи «Фалак» тибқи банди 54-и дастурамали амалиёти Конвенсияи мазкур арзёбӣ шуда, аз нигоҳи техникӣ комил ба шумор меравад. Дар марҳилаи ғайринавбатии номинатсия он аз ҷониби мақомоти Комиссияи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО мавриди омӯзиш қарор гирифта, баъдан ба кумитаи байниҳукуматии созмон барои баррасӣ дар Иҷлосияи 16-уми он дар соли 2021 пешниҳод мегардад»,- шарҳ дод Вазири фарҳанг.

Сипас рӯзноманигорон ба суолҳои гуногуни худ оид ба рушди драматургияи миллӣ ва тақвият бахшидани соҳаи санъати театрӣ, таъсири пандемияи COVID-19 ба соҳаи фарҳанги кишвар, беҳбудӣ бахшидан ҳифзу нигоҳдории китоб ва таъмиру ба замона мувофиқ гардонидани китобхонаҳо, ташкили китобхонаҳои электронӣ, натиҷаҳо амалисозии Барномаи давлатии “Ҳифзи мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик”аз роҳбарияти Вазорати фарҳанг ва сардорони шӯъбаву раёсатҳои он ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.