Сомонаи пешина | Шб, 08 Август 2020 / 01:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Бохтар ғолибони Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мукофотҳо сарфароз гардиданд

 

Дар Бохтар ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» муайян карда шуданд. Маросими супоридани ҷоизаҳо дар толори “Кохи Ватан” – и  шаҳр баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Ғолибонро муовини раиси шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода табрик карда, зикр намуд, ки озмун ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. «Ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани таваҷҷуҳ ба хондан, таҳкими фарҳанг, рушди тавонмандии  эҷодӣ, тақвияти эҳсоси худшиносӣ ва ғанигардонии ҷаҳони маънавии аҳолӣ мебошад»,-иброз дошт ӯ.

Инчунин раиси ҳакамон Д. Зарифова ва аъзои ҳакамон Д. Маҳкамова, Ю. Баротов, У. Билолӣ, А. Раҷабов, А. Ташрифзода бо изҳори қаноатмандӣ аз лаёқат ва дониши довталабон ба сатҳи ташкили озмун баҳои баланд доданд.

Ғолибон аз рӯи панҷ бахши озмун мукофотонида шуданд.

Ғолибони ҷойҳои аввал бо 1000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм — 800 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм бо  600 сомонӣ сарфароз гардиданд.

Ҳамаи иштирокчиён дар бахшҳои ашъори бачагона, адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, инчунин адабиёт ва шеъри ҷаҳонӣ дониши хуб зоҳир намуданд.

 

АМИТ «ХОВАР»

 

https://khovar.tj/2020/07/dar-bohtar-oliboni-ozmuni-fur-i-sub-i-dono-kitob-ast-bo-mukofot-o-sarfaroz-gardidand/