Сомонаи пешина | Шб, 08 Август 2020 / 02:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Варақаи иттилоотии нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти соҳа дар нисмолаи аввали соли 2020

Ба диққати рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ расонида мешавад, ки 24 июли соли 2020 соати 09:00 дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотии Вазорати фарҳанг оид ба фаъолияти соҳа дар нимсолаи аввали соли 2020 бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баргузор мегардад. Варақаи иттилотии нишасти мазкур манзури рӯзноманигорон мегардад.

 

Варақаи иттилоотӣ оид ба фаъолияти
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар нимсолаи якуми соли 2020

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2020 фаъолияти худро баҳри амалисозии сиёсати фарҳангии кишвар ва ташаккули фазои ягонаи фарҳангӣ равона намуда, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нуктаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироагардидаро мавриди баррасӣ ва иҷро қарор дода, дар баргузории ҷашнҳои 27 – солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Модар, Рўзи матбуоти тоҷик, Иди байналмилалии Наврўз дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва дигар чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ саҳми арзандаи худро гузоштааст.

САНЪАТ ВА ТЕАТР

Дар ин давра дар театрҳои касбии кишвар 15 асари нав саҳнавӣ гардид. Аз ин шумора, дар театрҳои пойтахт 5 намоиш ва дар театрҳои музофотӣ 10 намоиш рўи саҳна омаданд.
Эълон гардидани Озмуни ҷумҳуриявии драмнависон дар мавзўи муосир бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли 2020 ҷамъбаст мегардад, баргузории мизи мудаввар бо иштироки драматургон, коргардонҳо ва роҳбарони театрҳо дар мавзўи “Проблемаҳои драматургияи муосири тоҷик”, ташкил намудани семинар-машварат дар мавзўи «Санъати театрӣ ва драматургияи тоҷик дар замони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз ҷумлаи чорабиниҳое мебошанд, ки дар давраи ҳисоботӣ баҳри рушди соҳа сурат гирифтанд.
Боиси зикр аст, ки сомонаи «Тур Стат» дар раддабандии беҳтарин театрҳои операвии ИДМ Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айниро ба даҳгонаи беҳтарин театрҳои операвии ИДМ шомил намуд.
Муассисаҳои консертӣ дар зиёда аз 47 чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ширкати фаъолона намуда, 36 суруду оҳангҳои тозаэҷод ва 23 номераҳои нави рақсиро пешниҳоди мухлисони санъат гардониданд.
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020 оиди баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” вазорат бо назардошти муҳимияти ин чорабинӣ ва бобати дар сатҳи баланди ташкиливу эҷодӣ доир гардидани озмун як қатор корҳои мушаххасро анҷом дод.
Баргузории даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, ки дар асоси Амри Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, тибқи тартиби қаблан пешбинишуда бояд аз 4 майи соли 2020 дар ноҳияҳо шурўъ мегардид, вале бо назардошти пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 баргузории он ба таъхир гузошта шуда, вобаста ба эътидол омадани вазъи санитарию эпидемиологӣ кишвар тартиби нави баргузории даври якуми озмун аз ҷониби комиссияи ҷумҳуриявӣ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки тибқи он аз 25 июли соли 2020 даври якуми озмун бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва бе ҷалби тамошобинон шурўъ мегардад.

МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГӢ–ФАРОҒАТӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Дар давраи ҳисоботӣ лоиҳаи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик» барои солҳои 2021 - 2025 таҳия гардида, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №206 аз 31 марти соли 2020 қабул шуд. Инчунин, лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» таҳия гардида, пас аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (№АП-1339 аз 05.02.2020) ҷиҳати дар сатҳи баланди адабиву маънавӣ ташкил ва баргузор гардидани озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” таҳти №42, аз 24.02.2020 фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис додани гурўҳи корӣ оид ба баргузории озмуни мазкур ба тасвиб расида, лоиҳаи низомнома оид ба гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудааст.
Баргузории семинари ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Китоб - равшангари дилҳо» бо иштироки олимон, адибон ва китобдорони китобхонаҳои ҷумҳурӣ, нашри дастури таълимӣ - методӣ таҳти унвони “Тараннумгари сухан барои донишҷўён ва созмондиҳандагони фестивал” ва баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакон ва наврасони Тоҷикистон» намунаи чорабиниҳо дар давраи ҳисоботӣ мебошанд.
Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 7075 муассисаҳои фарҳангӣ, ба истиснои театрҳои касбӣ, муассисаҳои консертӣ, мамнуъгоҳҳо, мактабҳои мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва муассисаҳои табъу нашр ба қайд гирифта шудаанд.
Аз ин шумора 6077 китобхона, аз ҷумла 1 Китобхонаи миллӣ, 1 Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар, 7 китобхонаи вилоятӣ, 65 китобхонаи марказӣ, 1206 китобхона – филиал, 79 китобхонаи бачагона, 136 китобхонаи вазорату идораҳо, 4582 китобхонаи соҳаи маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, 98 осорхона, аз ҷумла 1 Осорхонаи миллӣ, 8 осорхонаи ҷумҳуриявӣ, 3 осорхонаи вилоятӣ, 51 осорхонаи таърихӣ–кишваршиносӣ, 24 осорхонаи вазорату идораҳо, 11 хона – осорхона, 321 қаср, кох ва хонаҳои фарҳангӣ, 394 клуб, 45 клуби сайёр, 18 маркази фарҳангӣ–фароғатӣ, 7 филармонияи халқӣ, 88 боғи фарҳангию фароғатӣ, 22 театри ҳалқӣ, 3 маҷмааи фарҳангӣ, 1 арт–галерея, ва 1 бойгонии фарҳангӣ мебошад.
Тибқи қарори раисони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар назди раёсат, шуъба, бахшҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо 25 ансамбли тарона ва рақс, 16 ансамбли шашмақомхонон, 8 ансамбли фалаксароӣ, 19 ансамбли рақсӣ, 7 ансамбли эстрадӣ, 12 ансамбли фолклорӣ – этнографӣ, 2 гурўҳи ҳаҷвнигорӣ–зарофатгўӣ, 1 гурўҳи адабӣ–бадеӣ, 1 гурўҳи карнайнавозон, 1 гурўҳи дойрабадастон, 1 оркестри нафасӣ, 1 оркестри камеравӣ, 3 ансамбли созҳои миллӣ, инчунин 1 телевизиони маҳаллӣ, 5 радиои маҳаллӣ, 22 студияи сабти овоз ва 1 маркази матбуот фаъолият доранд.
Захираи осорхонаҳои ҷумҳурӣ фарогири 444447 нигораҳо мебошад, ки аз ин шумора 58000 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон, 87668 дар осорхонаҳои тобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 132930 дар осорхонаҳои вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, 63337 дар осорхонаҳои вилояти Суғд, 46329 дар осорхонаҳои вилояти Хатлон, 16956 дар осорхонаҳои ВМКБ, 39227 дар осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маҳфузанд.
Дар ҳудуди ҷумҳурӣ 87 боғи фарҳангию фароғатӣ, аз ҷумла дар вилояти Хатлон 30 адад, дар вилояти Суғд 21 адад, дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон 4 адад, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 14 адад ва дар шаҳри Душанбе 18 адад бо шумораи 1930 нафар корманд амал мекунанд.

ТАБЪУ НАШР ВА МАТБУОТИ ДАВРӢ

Муассисаҳои нашриявии вазорат дар ин давра дар маҷмўъ 16 номгўй китоб, бо теъдоди 13135 нусха адабиёти бадеӣ ва илмӣ-оммавӣ ба табъ расонданд. “Ремеслённое производство Средневекового “Хутталя”, “Обҳои сарзамини Ориёӣ”,“Ёдгориҳои 5500-солагии Саразми Бостонӣ”, “Феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон” намунаи барҷастатарини адабиёти нашршуда мебошанд.
Аз ибтидои соли равон шумораҳои рўзномаю маҷаллаҳои соҳавии Вазорати фарҳанг – «Тоҷикистон», «Фирўза», «Истиқбол», «Илм ва ҳаёт», «Чашма», «Хорпуштак», «Баҳори Аҷам» ва «Анбоз» дар муҳлатҳои пешбинишуда нашр шуданд ва теъдоди онҳо 8760 ададро ташкил медиҳанд.
Муассисаи нашриявии "Адиб" дар ҷараёни се моҳи аввали соли 2020 ба Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои "Китоб" ва дигар корхонаҳову ашхоси инфиродӣ ба тариқи шартномавӣ, инчунин аз намоиш-фурӯши китоб ба маблаѓи умумии 586983,82 сомонӣ китоб ба фурўш баровард.

РУШДИ ИЛМ ВА ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Дар давраи ҳисоботӣ тибқи квотаҳои ҷудонамудаи Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия барои таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ин кишвар тавассути Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Россия дар Тоҷикистон (Россотрудничество) 43 нафар суҳиби бурсия дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия, аз қабили Консерваторияи давлатии ба номи П.И. Чайковскийи шаҳри Москва, Консерваторияи давлатии ба номи Н.Г. Жиганови шаҳри Қазон, Академияи мусиқии Россия ба номи Гнесин, Донишкадаи давлатии фарҳанги Москва, Донишкадаи давлатии фарҳанги Санкт-Петербург, Донишкадаи давлатии академии рассомӣ, ҳайкалтарошӣ ва архитектураи ба номи И.Е.Репини шаҳри Санкт-Петербург ва ғайра гардиданд, ки аз инҳо 17 нафарашон хатмкунандагони муассисаҳои таълимии касбии зертобеи Вазорати фарҳанг мебошанд.
Муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро ҳамагӣ 655 нафар, аз ҷумла 372 нафар дар шакли рӯзона ва 283 нафар дар шакли ғоибона хатм намуданд, ки нисбат ба соли гузашта 40 нафар, ё 5,8% кам мебошад.
Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро ҳамагӣ 516 нафар, аз ҷумла дар шакли рӯзона 303 нафар ва дар шакли ғоибона 213 нафар хатм намуданд, ки нисбат ба соли гузашта (635 наф.) 119 нафар, ё 18,7% кам мебошад.
Сабабҳои асосии кам шудани хатми имсола, ин тағйир ёфтани нақшаи таълими ихтисосҳои шуъбаҳои ғоибона, интиқоли донишҷӯён ба коллеҷҳои омӯзгорӣ, даъват ба сафи артиши миллӣ ва махсусан бемории сироятии КОВИД-19 мебошад.
Дар шаш моҳи соли 2020 аз ҷониби олимони Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бо ҳамкории зичи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО маҷмўи ҳуҷҷатҳои номинатсияҳои – “Рубоб” (ҳамроҳ бо ҶИ Эрон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон), – “Ҷашни Сада” (ҳамроҳ бо ҶИ Эрон). – “Кашидадўзӣ” (ҳамроҳ бо ҷумҳуриҳои Ўзбекистон ва Қазоқистон), – “Латифаҳои Насриддин Афандӣ” (ҳамроҳ бо Туркия, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Ўзбекистон) омода гашта, ба ЮНЕСКО фиристода шуданд. Айни замон таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ роҷеъ ба номинатсияи миллии “Фалак” омода гардида, дар рўзҳои наздик ба қароргоҳи ЮНЕСКО фиристода мешавад.
Дар ин давра аз ҷониби кормандони илмии пажўҳишгоҳ 100 кори илмӣ, пажўҳишӣ, тадқиқотӣ ва методӣ ба табъ расидааст, ки аз онҳо 7 китобу дастур, 38 мақолаи илмӣ, 29 мақолаи илмию оммавӣ ва 26 нашри электронӣ мебошанд.
Иловатан, бештар аз 50-мақола доир ба фарҳангу ҳунар, махсусан луғатномаи тафсирии мусиқӣ ба саҳифаи тоҷикии Донишномаи озоди электронӣ – Википедия (tg.wikipedia.org) ворид карда шуд.

ҲИФЗ ВА ИСТИФОДАИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ

Дар нимсолаи якуми соли 2020 лоиҳаи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025» омода гардида, баъди мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Барномаи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №253 аз 1 майи 2020 тасдиқ гардид.
Дар ин давра мутахассисони вазорат дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудавварро дар мавзўи “Саразм намунаи олии шаҳрсозии тоҷикон” бахшида ба баргузории ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ бо иштироки васеи олимони соҳавӣ ва воситаҳои ахбори омма баргузор намуданд.
Вобаста ба пешгирии қочоқи сарватҳои таърихию фарҳангӣ, инчунин оид ба андешидани тадбирҳо барои саҳм гузоштан дар ҳифзу таҳкими сулҳу суботи кишвар, кормандони вазорат дар якҷоягӣ бо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 ташхиси соҳавиро ба анҷом расониданд, ки 9 адад мансуб ба қочоқи сарватҳои таърихию фарҳангӣ, тарғиб ва паҳн намудани маводҳои номатлуб дар ҷомеа мебошад.
Барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Қалъаи Ҳулбук, Қалъаи Муъминобод, Масҷиди Чилсутун, Қалъаи Вамар, мақбараи Хоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ, Мавлоно Юсуф, Қалъаи Балҷувон бо назардошти имкониятҳои молиявии кишвар идома доранд.
Муассисаи давлатии мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор ва Маъмурияти муассисаи давлатии мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук дар номинатсияи «Беҳтарин минтақаи сайёҳии Тоҷикистон», ки бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, сазовори ҷоиза ва нишон гардиданд.

ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар ин муддат дар асоси созишномаҳои амалкунанда, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои фарҳангиро таъмин менамоянд, ҷиҳати вусъати ҳамкориҳои фарҳангӣ вохўрии шиносоии вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бо Сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуйедар, Сафири Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Лякин Фролов, Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мэрлин Йосефсон, Сафири Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рифат Кёксал, Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Дар Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ баргузор гардид.
Дар рафти ин мулоқотҳо масъалаҳои мухталифи муносибатҳои дуҷониба муҳокима гардида, баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ ва вусъати ҳамкориҳои афзалиятноки фарҳангӣ баррасӣ гардиданд.
Аз 29-уми январ то 9-уми феврали соли 2020 дар Фестивали байналмилалии “Сураҷкунд мелла”, ки дар Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардид, ҳунармандони Тоҷикистон дар ҳайати 10 нафар фаъолона иштирок намуда, соҳиби сипосномаҳо ва ҷойҳои ифтихории созмондиҳандагони чорабинӣ гардиданд.
Ҳамзамон, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода санаи 17-уми июни соли 2020 дар конфронси фавқулоддаи видеоии вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ICESCO) таҳти унвони “Устувории амали фарҳангӣ дар шароити бўҳронӣ ” иштирок ва суханронӣ намуд.
Бояд қайд намуд, ки конфронси мазкур дар шакли бар (ондайн) тариқи интернет баргузор гардида, дар он зиёда аз 57 давлати аъзои созмон, намояндагони ташкилотҳои ҷаҳонӣ ва нозирони байналмилаливу минтақавӣ суханронӣ ва иштироки фаъол доштанд.
Паҳншавии бемории сирояти коронавируси COVID-19 ба соҳаи фарҳангу ҳунар низ бетаъсир намонд. Вобаста ба ин Вазорати фарҳанг ва муассисаҳои зерсохтори он бо дарки амиқи хатарзоии ин вабо пайваста дар паҳлўи мардум буда, ба сабру таҳаммул ва эҳсоси рўҳбаландӣ ба фардои нек даъват менамуданд ва маблағи тақрибан 70 ҳазор сомониро ба фонди Мубориза бо бемории COVID-19 гузарониданд. Ғайр аз ин кормандони соҳа бо дарки амиқи заҳматҳои кормандони соҳаи тиб ва дастгирии аҳолӣ ниқобҳои чандкаратаи тиббӣ, маводҳои антисептикӣ, айнакҳои тиббӣ ва хўрока харидорӣ намуда‚ ба маҳаллаҳо, беморхонаҳои пойтахт ва шаҳрҳои Ҳисор, Бохтар, Кўлоб кўмак расониданд.