Сомонаи пешина | Шб, 08 Август 2020 / 02:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вохӯрии Вазири фарҳанг бо Сафири Давлати Фаластин

21 июли соли 2020 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бо Сафири навтаъини Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исо вохӯрӣ анҷом дод.

Сафири Фаластин дар Тоҷикистон Луай Исо иброз дошт, ки сафорати Давлати Фаластин дар Тоҷикистон ба наздикӣ таъсис дода шудааст ва дурнамои ҳамкориҳои фарҳангӣ байни Тоҷикистону Фаластин мусбат арзёбӣ мегарданд.

“Ман бори аввал ба Тоҷикистон омадам ва ин кишвар бароям хеле писанд омад. Чеҳраҳои мардум гарму нигоҳашон дӯстона аст. Инчунин дар унсурҳои санъат ва фарҳанги ҳар ду кишвар ҷузъҳои муштарак мавҷуданд. Масалан, дар интихоби рангҳо дар либос ва оҳангу мусиқӣ он зиёд эҳсос мешавад”, - иброз дошт Сафири Фаластин дар Тоҷикистон.

Ҷонибҳо оид ба ояндаи робитаҳои фарҳангӣ, самтҳои асосии густариши он, баргузории чорабиниҳои гуногун бо мақсади шинос намудани мардуми ҳар ду кишвар бо фарҳанг ва санъати ҳамдигар сӯҳбат намуданд.