Сомонаи пешина | Шб, 08 Август 2020 / 01:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вохӯрии Вазири фарҳанг бо Сафири Ҳиндустон

 

21 июли соли 2020 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх вохӯрӣ анҷом дод.

Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вираҷ Сингх Вазири фарҳанг Зулфия Давлатзодаро бинобар таъин шуданаш ба вазифаи мазкур табрик гуфта, эҳтироми худро нисбати фарҳангу санъати тоҷик изҳор дошт.

Вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода низ иброз дошт, ки халқи тоҷик ба санъату ҳунари мардуми ҳинд эҳтироми хос доранд. Ӯ оид ба робитаҳои фарҳангии ду кишвар ҳарф зада, ҷараёни муносибатҳои фарҳангиро мусбат арзёбӣ кард ва гуфт, ки минбаъд низ барои густариши ҳарчи бештари ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи фарҳанг ва санъат кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Ҷонибҳо дар бораи нашр ва тарҷумаи китобҳои адибони тоҷик ва ҳинд, баргузории барномаҳои фарҳангӣ бо ҷалби санъаткорони ҳар ду кишвар ва табодули таҷриба байни муассисаҳои санъату ҳунар ва муассисаҳои таълимӣ сӯҳбат намуданд.

Вохӯрӣ дар фазои хуши дӯстона сурат гирифт.