Сомонаи пешина | Шб, 08 Август 2020 / 01:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” “Девон”-и Ҳофизро харидорӣ намуд

 

Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо қарори Комиссияи харидорӣ “Девон”-и Ҳофизи Шерозӣ харидорӣ намуд, ки бо хатти настаълиқ дар асри XVII навишта шудааст ва аз нигоҳи илми нусхашиносӣ арзиши баланд дорад. Нусха бо хатти настаълиқ дар асри XVII навишта шудааст.

Дар “Девон”-и мазкур бештари ашъори Ҳофиз бо забони форсӣ навишта шуда, баъзе ғазалҳояш бо ду забон, яъне арабӣ ва форсӣ навишта шудаанд. Ғайр аз ин дар “Девон”-и ӯ қитъа, қасида ва маснавиву рубоиёт низ ҷойгир аст.

Шоири ғазалсарои форсу тоҷик Хоҷа Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ аз ҷумлаи адибон ва мутафаккирони барҷаста ва оламшумулест, ки осори гаронбаҳояш кайҳо боз зиннатфазои ганҷинаи адабиёти ҷаҳонӣ гардида ва худаш ҳамчун бузургтарин шоирони лирикнавис шинохта шудааст.

“Девон”-и ғазалиёти ӯ тӯли асрҳо дастурамали зиндагии адабдӯстон будааст. Аз ин ҷиҳат нусхаи хатти “Девон”-и ӯ то ҳол дар китобхонаҳои шахсии мардуми миллати тоҷик низ ҳифзу нигаҳдорӣ мешавад.

Бойматова М.
Корманди илмии шуъбаи дастхатҳо ва
табъу нашри МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”