Сомонаи пешина | Шб, 08 Август 2020 / 01:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баргузор мегардад

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020 оиди баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” қаблан изҳор дошта буд, ки даври аввали он 4 майи соли 2020 дар ноҳияҳо шурўъ мегардад.

Бинобар паҳн гардидани бемории ҳамагири COVID-19 дар оғози моҳи май дар Тоҷикистон ва зарурати андешидани чораҳо барои пешгирии ин беморӣ баргузории даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ба таъхир гузошта шуда буд. Имрӯзҳо, ки вазъи санитарию эпидемиологии кишвар ба эътидол омадааст, тартиби нави баргузории даври якуми озмун аз ҷониби комиссияи ҷумҳуриявӣ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Тибқи тартиби нав даври якуми озмун дар ноҳияҳо аз 25 июли соли 2020 бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва бе ҷалби тамошобинон шурўъ мегардад.

Дар ҷадвали зерин санаи баргузории даври якуми озмун тибқи тартиби нав оварда шудааст:

 

Тартиби  баргузории даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»