Сомонаи пешина | Шб, 08 Август 2020 / 01:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Рисолати китоб дар фарозои таърих

 

Мардуми куҳанбунёди тоҷик аз қадимулайём китобдўсту китобхон буданд ва ин ганҷинаи бебаҳоро мисли гавҳараки чашм ҳифз ва ҳимоя менамуданд. Далелҳои таърихӣ собит месозанд, ки тору пуди ин мардум бо китоб пайвандии ногусастанӣ дорад. Агар ба дидаи таҳқиқ ба эҷодиёти бузургтарин адибону шоирон, олимону донишмандон ва файласуфони ин миллат назар афканем, мебинем, ки китобу китобхонӣ ва арҷ гузоштан ба ин гавҳари ноёб мавқеи калидиро касб намудааст.
Мавриди зикри хос аст, ки яке аз бузургтарин нобиғаҳои ҷаҳонӣ дар ҳама давру замонҳо, олими забардасти тоҷик Абуалӣ ибни Сино буд, ки дар охири асри X ва аввали асри XI зиста дар соҳаҳои ниҳоят муҳими илм, хусусан дар инкишофи фалсафа ва тибби дунё саҳми босазое гузоштааст. Вай парвардаи муҳити фарҳангии яке аз аввалин давлатҳои миллии тоҷикон, яъне Сомониён буд. Дар ривоятҳои таърихӣ омадааст, ки подшоҳи Сомонӣ Нўҳ ибни Мансур (976-998) бемор мешавад ва ҳеҷ яке аз табибони дарбор ўро муолиҷа карда наметавонанд. Чун овозаи табиби ҳозиқ ва донишманди ҷавон ба дарбори амири Бухоро мерасад, ўро барои муолиҷа даъват менамоянд ва Абуалӣ ибни Сино амир Нўҳ ибни Мансурро дар муддати кўтоҳ бо муваффақият табобат менамояд. Дар ивази ин хидмат подшоҳ ба ў мехоҳад тангаҳои тилло тўҳфа намояд, вале ҳакими ҳозиқ аз подшоҳ мехоҳад, ки ўро иҷозат бидиҳанд то ба бузургтарин китобхонаи Сомониён яъне «Савонеҳ-ул-ҳикма» ворид гардад. Подшоҳ ин ҳама шуру шавқи ин ҷавони ҳушмандро ба китобу китобхонӣ мебинад ва хайратзада гардида, ба ў иҷозати ворид гардидан ба китобхонаро медиҳад. Роҷеъ ба ворид шуданаш ба ин китобхонаи бузург Абўалӣ ибни Сино дар китоби «Рисолаи саргузашт» ба шогирдаш Абуубайди Ҷузҷонӣ чунин нақл кардааст: «Рўзе аз ў (Нўҳ ибни Мансури Сомонӣ) иҷозат пурсидам, ки ба китобхонаи эшон дароям ва ба мутолиа ва хондани китобҳои тиб, ки дар он ҷост, бипардозам. Вай маро иҷозат дод ва вориди сарое шудам, ки хонаҳои бисёре дошта, дар ҳар як хонае сандуқҳои китоб болои ҳам чида шуда буданд. Дар як хона китобҳои илмҳои арабӣ ва шеър, дар дигараш китобҳои фиқҳ ва ҳамин тавр дар ҳар хонае китобҳои як илме ҷой дошт. Сипас феҳристи китобҳои пешиниёнро мутолиа намуда, он чиро, ки бад-он ниёз доштам, хостам. Китобҳоеро дидам, ки бисёр касон, ҳатто номашонро намешуниданд ва ман онҳоро на пеш аз ин ва на баъди он надидам. Он китобҳоро хонда суд бардоштам ва андозаи дониши ҳар мардеро шинохтам». Ин амали ҳакими нотакрор дар робита ба заминаҳои назариявию амалии муҳаббат ба ин ганҷинае, ки башариятро аз торикӣ ба сўи нуру зиё ва саодати рўзгор раҳнамун месозад, ҳидоят менамояд. Чун сухан дар мавриди китобхонаи бузурги Сомониён рафт, лозим ба ёдоварист, ки замони ҳукумронии Давлати Сомониён дар маркази он, яъне Бухоро китобхонаи бузурге бо номи «Байтулҳикма» сохта шуда буд. Дар он, нодиртарин китобҳо ҷамъоварӣ шуда, аз рўи соҳаҳои гуногуни илм дар дохили сандуқҳои махсус андаруни ҳуҷраҳои алоҳида нигоҳ дошта мешуданд. Ин китобхона феҳристи мукаммале дошт, ки дар он ғайр аз китобҳои бо забони форсӣ (паҳлавӣ, суғдӣ) таълифшуда, инчунин китобҳои юнонӣ, яҳудӣ, чинӣ ва ҳиндӣ низ нигоҳдорӣ мешуданд. Байтулҳикма ба ғайри китобхонаи ғанӣ буданаш инчунин, расадхона, марказе барои таълиф, тарҷумаву тасниф дошт. Бидуни ин дар Байтулҳикма котибону саҳҳофон ва наққошону муҳазибон низ фаъолият доштанд. Бо таваҷҷуҳ ва ибтикори бевоситаи подшоҳони Сомонӣ аз гўшаю канори дунё китобҳои фаровоне аз осори юнонӣ, ҳиндӣ, эронӣ, сурёнӣ, портӣ, оромӣ, санскрит ва форси миёна (паҳлавӣ) дар ин китобхона гирд оварда буданд ва аксари онҳо ба забонҳои форсӣ ва арабӣ тарҷума гардиданд. Мувофиқи андешаи тазкиранигорони асримиёнагӣ ин китобхона дорои нодиртарин китобҳо буд ва дар пешрафти илму дониш саҳми босазое доштааст.
Ҳамзамон аз Имом Абуюсуф шогирди бовафои пири мазҳаби эътидолии ҳанафӣ фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит дар робита ба муҳаббати устоди бузургаш ба китобу китобхонӣ зикр намудааст: «Устоду роҳнамоям имоми Аъзам чунон ба китоб эҳтирому самимияти хосае доштанд, ки ҳатто аз кўчаи китобфурўшон ҳеҷ гоҳ бе таҳорат намегузаштанд». Ба ҳамагон маълум аст, ки имоми Аъзам дар ташаккули маорифи исломӣ ба илму дониш ва заковату таълифоташ миёни донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи намоёнеро касб намудааст. Ин ҳама эҳтиром ва самимияту садоқат ба китоб ва арҷ гузоштан ба мавқеи волои илм аз ҷониби ин абармардони роҳи андеша ва хирад дар тӯли таърих гувоҳӣ аз он медиҳад, ки ягона раҳнамои мо дар зиндагонӣ китоб маҳсуб мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки ба андешаи олимону донишмандони соҳаи библиография таърихи пайдоиши китоб бо пайдо гардидани забон, хат ва адабиёти шифоҳӣ алоқаманд мебошад. Мувофиқи тадқиқоти археологӣ дар замонҳои қадим дар рўи санг, чўб, сафол, мису биринҷӣ, баргҳои дарахтон, пӯсти ҳайвонот ва устухони онҳо дастнависҳо пайдо гардидаанд. Аввалин дастхатҳои папирусӣ дар Мисри қадим ёфт шудаанд ва онҳо ба ҳазораи 4-3 то мелод мансуб мебошанд. Бино ба маълумотҳои дақиқи таърихию илмӣ дар нимаи дуюми асри VIII дар шаҳри Самарқанди бостонӣ корхонаи тавлиди қоғаз ба вуҷуд омад, ки дар ин замина китобнависӣ, хаттотӣ, муқовабандӣ барин касбҳо ба вуҷуд омадад, ки пешрафти илми китобдории гузаштагонамонро нишон медиҳад.
Гузашта аз ин, дар фарози таърих аҷдодони номовари мо яке аз аввалинҳо шуда ба навиштани китоб камари ҳиммат бастаанд. Ба ин мисоли равшане гардида метавонад китоби «Авесто», ки яке аз нахустин китобҳои мардумони Эронинажод маҳсуб мегардад. Авесто аз китобҳои қадимаи гузаштагони мо буда, марҳилаи ба вуҷуд омадани онро муаррихон ба давраҳои ҳазораи авали пеш аз мелод мансуб медонанд. Аввалин маротиба «Авесто» дар замони Доро 1 (522-486) пеш аз милод таҳрир гардида, ба қайди китобат дароварда шуда буд. Аммо аз он таҳрир то замони мо осоре боқӣ намондааст. Бинобар маълумоти китоби паҳлавии Шаҳристонҳои Эрон бо фармони шоҳ Виштосп Зардушт китоби «Авесто»-ро дар 12000 пусти гов бо хати тилло навишта онро, дар хазинаи оташкадаи шоҳаншоҳ ҷой дода буд. Он замон «Авесто» ба 1200 фрагард, яъне боб ҷудо мешуд. Соли 331 қабл аз мелод Искандари Мақдунӣ ҳангоми истило намудани мулки аҷдодиямон он нусхаро сўзонда, хокистарашро ба об партофт ва нусхаи дигари «Авесто» дар тахтачаҳои тилло навишта шуда буд. Онҳоро Искандари Мақдунӣ ба ватани худ бурд ва бо супориши махсуси ў матни ин китобро ба забони юнонӣ тарҷума намуданд. Ниҳоят дар охирҳои аҳди Хусрави Парвиз (590-628) таҳрири тозаи ин китоб ба вуҷуд омад, ки он Занд, яъне шарҳу тафсири «Авесто» номида мешуд. Қабл аз ин дар асри IV барои сабти ин китоб дар асоси хати оромӣ хати махсус ихтироъ гардида буд, ки хати авестоӣ номида мешуд. Он аз 44 ҳарф ва 3 шакли ду ҳарфи ҷуфтовоз ва монанди хати арабӣ аз рост ба чап навишта мешуд. Ба ҳамин минвол, китоби «Авесто» дар тўли қариб як ҳазору дусад сол чандин маротиба таҳрир хӯрда, суфта гардида, тағйир пазируфта, шакли мавҷудаи ҳозираашро гирифтааст. Таълифи чунин китоб дар давраҳои хело ҳам қадим шаҳодат аз он медиҳад, ки аҷдодони мо аз қадимулайём китобро сарманшаи нуру зиё ва равшангари роҳи ҳақиқат шуморида, бо таълифи ин ганҷинаи бебаҳо хитоб ба наслҳои оянда менамуданд, ки дар роҳи расидан ба саодати рўзгор китобро мисли гаҳвараки чашми худ ҳифз ва ҳимоя намуда, пайваста аз мутолиаи он суд бардорем.
Илова бар ин дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвари маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи арҷ гузоштан ба китобу китобхонӣ корҳои бесобиқае анҷом дода шуданд, ки дар самти нигоҳдории китобҳо ва баргардон намудани осори олимону шоирон ва файласуфону муҳаққиқони гузаштаи сатҳи ҷаҳониямон чашмрасанд. Ҳанўз 4 сентябри соли 2007 Пешвои муаззами миллат зимни гузоштани санги асос ба бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон иброз доштанд, ки «Бо назардошти аҳамияти бузурги китобу китобдорӣ ва донишу маърифат пешниҳод менамоям, ки дар қатори идҳои дигар рўзи оғози сохтмони Китобхонаи миллӣ ҳамчун Рўзи китоб муқаррар карда шавад». Ҳамзамон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ ба рушду нумўи соҳаи китобу китобдорӣ таваҷҷўҳи махсус зоҳир менамояд. Бо дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои оқилу доно ва китобдўсту илмпарвари мардуми тамадунофари тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи ин анъанаи варзида, эҳтироми китобу китобхонӣ корҳои шоёне анҷом дода шудааст, ки бузургтарини онҳо бунёди бинои нави Китобхонаи миллӣ мебошад. Китобу китобдорӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ дар радифи соҳаҳои дигари ҳаётан муҳими ҷомеа ба дастовардҳои назаррасе ноил гаштааст. Пеш аз ҳама қабули як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ доир ба соҳаи китобдорӣ, таъсиси мағозаҳои китобфурўшӣ дар тамоми манотиқи кишвар, таҷлили «Рўзи китоб», «Китоби сол», «Намоиши байналмилалии китоби Душанбе», нашри силсилаи осори бузургон аз қабили «Ахтарони адаб» иборат аз 50 ҷилд ва сохта ба истифода додани китобхонаҳои наву замонавӣ дар сатҳи байналмилалӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлол маҳсуб мегарданд. Иқдоми навбатии наҷибонаи Пешвои китобдўсти мо дар бораи аз Фонди Президент нашр намудани китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва тақдим намудани ин китоби арзишманд ба ҳар як хонадони тоҷик дар даврони тунди ҷаҳонишавӣ ва гуфтугўи тамаддунҳо хело муҳим дар роҳи худшиносии миллӣ, арҷ гузоштан ба ниёгони хеш миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа, махсусан ҷавонон муфид арзёбӣ мегардад.
Ибтикори дигари Пешвои муаззами миллат дар самти ба китобу китобхонӣ ҷалб намудани ҷавонону наврасон ин роҳандозӣ намудани озмуни Ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ» мебошад, ки ин омил сабаб гардид то дўстдорони илму маърифатро ба ҳам биёрад ва тантанаи ҳақиқии илмро ба вуҷуд орад. Бо дарназардошти мақоми баландро саҳиб гардидани китоб ва баланд бардоштани савияи дониши кўдакону наврасон ва ҷавонон дар Паёми хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олии кишвар чунин зикр намуданд: Ҳар сол озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ»-ро баргузор намуда, ба он доираи ҳарчи васеътари ҷомеа ҷалб ва ҷиҳати ҳавасмандсозии ғолибон, аз мактаб сар карда то мақомоти маҳалливу марказии ҳокимияти давлатӣ чораҷўӣ карда шавад. Дар ҳамин замина Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 05.02.2020, таҳти №АП-1339 дар бораи баргузории озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» мавриди амал қарор гирифт. Мавриди зикри хос аст, ки ҳамасола тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1646 400 (як миллиону шашсаду чилу шаш ҳазор) сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президент барои ин озмун муаян гардидааст ва танҳо барои Шоҳҷоизаи асосии озмун 60 000 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Бешак, ин ибтикор натанҳо барои баланд бардоштани савияи дониши хонандагон таъсир мерасонад, балки метавонад барои рушду нумўи соҳаи китобдорӣ дар кишвар мусоидати комил намояд. Ин озмуни Ҷумҳуриявӣ имконият фароҳам месозад, ки натанҳо китобхонаҳои марказии шаҳр, балки китобхонаҳои деҳот низ адабиёти тозанашреро ба захираи хеш ворид созанд, ки дар рўйхати озмун аз ҷониби ҳакамон барои мутолиа пешбинӣ гардидаанд. Дар робита ба ин масъала дар Паём Сарвари давлат зикр намуданд: «Роҳбарони мақомоти иҷроияи давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки бо мақсади зиёд кардани фонди китоб барои китобхонаҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намоянд». Зимнан бояд ёдовар шавем, ки ин иқдоми наҷибона натанҳо барои рушд ва пурра намудани захираи китобхонаҳои шаҳру деҳот ва идораҳои давлатӣ балки барои пурра гардонидани фазои маънавию фарҳангии кишвар шароити хубе фароҳам меорад. Олимону донишмандони соҳаи китобдориро зарур аст, ки аз ин фурсати муносиб самаранок истифода бурда, барои тайёр намудани мутахассисони ҷавон ҳарчи бештар камари ҳиммат банданд, то дар оянда ин соҳаи ниҳоят муҳими ҷомеа ба комёбиҳои назаррас ноил гардида тавонад.
Арҷгузорӣ ба таърихи китоби тоҷик натанҳо сабабгори устувору пойдор гардидани миллат, балки дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки паёмадҳои ногуворе барои фарҳанг ва тамаддуни миллӣ доранд, чун сипари боеътимоде хизмат хоҳад намуд.
Нависанда ва файласуфи бузург, Жозеф Макоп дар бораи мақому манзалати китоб дар асри миёна менависад: «Китоб чунин мақомеро доро мебошад, ки ҳатто табақаи поини ҷомеа ташнаи хондани он буданд. Коргарон ба хўроки кам ва ҷомаи жанда қаноат мекарданд, то он ки битавонанд бо охирин пули худ китоб харидорӣ намоянд». Инсони пайваста барои комил сохтани хеш ва бароварда гардонидани хостаҳои маънавияш ҳамеша навобаста аз шароити иқтисодӣ ва вазъи сиёсии давр ба китоб ниёз дорад ва хоҳад дошт.
Мардуми тоҷик аз шумори он халқҳоест, ки ба китобу китобдорӣ эҳтиром ва эътиқоди хосса доранд. Воқеан, дар ягон давру замон бе китоб ғизои маънавии зиндагии рангинро наметавон тасаввур намуд. Ба таъбири халқ: «Хонаи бекитоб рўзи беофтоб аст». Хушбахтона, ин анъанаи неки гузаштагонамон, яъне санъати китобдорию китобдўстӣ имрўзҳо низ дар Тоҷикистони соҳибистиклоламон мавқеи шоистаеро касб намудааст. Пайваста аз тариқи муассисаҳои нашриявии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикитон аз қабили: «Ирфон», «Адиб», «Адабиёти бачагона», «Энсиклопедияи миллии тоҷик» ва нашриётҳои хусусии кишвар садҳо китобҳои адабию илмӣ ва бадеию сиёсӣ ба нашр мерасанд, ки ҳамчун неъмати бузург барои таъмини маънавиёти ҷомеа истифода карда мешаванд.
Дар охир мехоҳам андешаҳои хешро бо суханони ҳидоятомези Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хулоса намоям. «Китоб як рукни муҳимми тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то ки наслҳои имрўза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд. Ва беҳуда нест, ки китобхонаҳои бузурги номдори олам ифтихори тамоми инсоният ба шумор мераванд».


Абдувалии Мирзомуддин,
корманди Вазорати фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистон