Сомонаи пешина | Дш, 13 Июл 2020 / 12:07
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«КИТОБ – САРЧАШМАИ МАЪРИФАТ». Таҳти чунин унвон маҷмӯи мақолаҳои олимону муҳаққиқон нашр гардид

 

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Китоб-сарчашмаи маърифат» маҷмӯи мақолаҳои олимону муҳаққиқони тоҷик аз ҷониби Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд чоп гардид.

Дар ин китоб  арзишҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалби ҷомеа ба китоб ва маънавият, мақому манзалати китоб дар замони муосир, роҳу усулҳои баланд бардоштани мақоми китоб дар ҷомеа, рушд ва вазъи китобхонаҳои мамлакат ҳамчун марказҳои илмиву адабӣ сухан рафтааст.

Муаллифони мақолаҳои нашргардида  донишмандон ва адибони  маъруфи тоҷик  Абдуҷаббор Раҳмонзода, Муҳаммадюсуф Имомзода, Фарҳод Раҳимӣ, Саймумин Ятимов, Сайфиддин Назарзода, Абдуфаттоҳ Шарифзода, Абдулло Ғафуров, Мирзо Муллоаҳмад, Равшан Раҳмонӣ, Зафар Сайидзода, Акрам Воҳидов, Камол Насрулло, Осим Каримзода, Ҷамшед Ҷӯразода, Усмонҷон Ғаффоров, Нӯъмонҷон Ғаффоров, Шарифмурод Исрофилниё, Давлат Сафар, Бахтиёр Ҳамдамов, Нуралӣ Нурзод ва дигарон мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки «Китоб –сарчашмаи маърифат» зери назари  академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ва ибтикори Раиси Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон Қосим Роҳбар нашр гардидааст. Китоби мазкур ба доираи васеи хонандагони тоҷик равона карда шудааст.

 

АМИТ «Ховар»

https://khovar.tj/2020/06/kitob-sarchashmai-marifat-ta-ti-chunin-unvon-ma-m-i-ma-ola-oi-olimonu-mu-a-i-on-nashr-gardid/