Сомонаи пешина | Дш, 13 Июл 2020 / 13:07
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Суғд бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ озмуни вилоятии «Рассоми ҷавон» гузаронида шуд

 

Дар Боғи​ фарҳангиву фароғатии Абумаҳмуди Хуҷандӣ дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ​озмуни вилоятии «Рассоми ҷавон» бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ташкил ва гузаронида шуд. Дар  ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар озмун аз ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят рассомони ҷавони боистеъдоду эҷодкор, ки дар даври шаҳриву ноҳиявии озмун ғолиб омада буданд, иштирок намуда, мусаввараҳои зебову пурмазмун пешниҳод намуданд.​ Ҳайати доварон ба маҳсули эҷоди рассомони наврасу ҷавон сазовор баҳогузорӣ намуданд.

Беҳтаринҳо муайян ва ҳамаи иштирокчиён бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд.

 

АМИТ «Ховар»