Сомонаи пешина | Дш, 13 Июл 2020 / 13:07
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Семинар- машварати муфид

 

25 июни соли 2020 дар Қасри фарҳанги шаҳри Кўлоб бо иштироки мудирони бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон, Қасру хонаҳои фарҳанг, китобхонаҳои марказӣ, боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ, роҳбарони театру филармонияҳои халқӣ ва осорхонаҳо семинар - машварат оид ба ҳуҷҷатгузорию ҳуҷҷатнигорӣ ва фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар семинар сармутахассиси Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳангӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Мирзоалиев оид ба ҳуҷҷатгузорию ҳуҷҷатнигорӣ ва фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ баромад намуд.

Ҳамзамон дар рафти семинар муовини раиси шаҳри Кўлоб Орзу Ҳамидиён, мудири бахши Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон дар минтақаи Кўлоб Абдураҳим Одинаев, мудири дафтари методии бахши Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон дар минтақаи Кўлоб Бозорзода Сарахон Бозор, ҷонишини директори Боғи фарҳангӣ- фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ-и шаҳри Кўлоб Сайидкарим Шокиров ва директори Муассисаи давлатии ,,Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кўлоб,,- Обидзода Саймуҳаммад Рустам баромад намуда, оид ба омодагиҳои муассисаҳои фарҳангӣ бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ баҳри баланд бардоштани маънавиёти мардум, роҳҳои ҷалби бештари ҷавонон ба озмуну маҳфилҳо ва дар руҳияи меҳанпарастию ватандўсти тарбия намудани онҳо ибрози ақида намуданд.

Дар семинар–машварат байни ширкаткунадагон ва масъулин суҳбати озод сурат гирифта, дар охир ба мудирон ва роҳбарони муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда шуд.

Мудири дафтари методии бахши
Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон
дар минтақаи Кўлоб - Бозорзода Сарахон Бозор