Сомонаи пешина | Сш, 11 Август 2020 / 09:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Армуғони «Истеъдод» ба ҷашни Ваҳдати миллӣ

 

Дар арафаи ҷашни 23-солагии Ваҳдати миллӣ Нашриёти «Истеъдод» ҷилди 32-юми китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент»-ро нашр намуд.

Асари мазкур аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ва муҳаққиқ Рамазонӣ Давлатов мураттаб гаштааст.

Дар китоб нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва аҳамияти таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон барои минтақа ва ҷомеаи байналмилалӣ, расидан ба Истиқлолияти энергетикӣ, ифтитоҳи НБО «Роғун», Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 5500-солагии Саразми бостонӣ, дурнамои рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ҳамзамон ташаббусҳои Сарвари давлати тоҷикон дар масъалаи аҳамият ва арзиши бебаҳотарини сарвати табиат - об, ки дар арсаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст ва бузургдошти шахсиятҳои таърихӣ аз ҷониби муаллифони мақолаҳо мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтаанд.