Сомонаи пешина | Дш, 13 Июл 2020 / 12:07
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

РӮЙИ СИЁҲ АБАДАН СИЁҲ МЕМОНАД

Филми мустанади “Хиёнат”, ки тавассути шабакаҳои марказии телевизионии кишвар пешниҳоди тамоми сокинони мамлакат гардид, бори дигар ба таври возеҳу ошкор, бо факту далелҳои муътамад ва нақлҳои бевоситаи шоҳидони ҳодисаю воқеаҳо чеҳраи нангини душманони миллатро нишон дод.

Раванди табии ҳаёт аст, ки баъзан берун аз ихтиёр ҳодисаву воқеаҳое ғайричашмдошт рух медиҳанд. Чунин як рўйдоди нохуш бемории сироятии COVID-19 мебошад, ки имрўз тамоми мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. утаассифона, ин бемории сироятӣ ба ҷумҳурии мо ҳам расид ва қурбониҳо низ дорад.

Он нукта шоистаи тавсиф аст, ки мардуми шариф ва қавииродаи мо дар чунин лаҳзаҳои ҳассос дар муқобили ин бало дар бари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат бо истифода аз нерўи тавоно ва дониши азалӣ шадидан мубориза бурда истодаанд. Тамоми ҷомеа якҷоя синаҳоро сипар намуда, бо душмани ноаён дар набарданд. Мардуми соҳибмаърифати мо хуб медонанд, ки ҳанўз даҳ аср пеш пири табибон, ифтихори мо ворисони некном, аллома Абуалӣ ибни Сино сухани нек ва лафзи ширинро барои ҳама навъи беморӣ чун беҳтарин воситаи табобат тавсия дода, ба таҳлука наафтоданро асоси шифо номида буд.

Аммо боиси таассуф аст, ки дар қатори мардуми поктинату меҳандўст нафарони кўтоҳандеш, душманони давлату миллат, лаънаткардагони халқ низ “худро нишон доданӣ шуда”, ба муқобили мавҷи дарё шино карда, бо амалҳои ғайриинсонии худ мехоҳанд аз чунин вазъияти ҳассос ба манфиати худ истифода бурда, ҳолати кишварро нооором созанд.

Ин бадбахтон, ки бо ҳизби оилавии худ дуюмбора шарманда шуда, аз ҷониби мардуми сарбаланди кишвар ба таври қонунӣ бо далелҳои мушаххас маҳкум ва шарманда шуданд, боз ҳам берӯёна ба муқобили Ҳукумати қонунӣ ва мардумӣ дар хориҷи кишвар ба таври худ садо баланд мекунанд. Дар филми “Хиёнат” ин факту далелҳо бори дигар возеҳ нишон дода шуданд.

Ин бадбахтон ҳарчанд медонанд, ки дар кишвари азизи мо Ҳукумати конститутсионӣ пурра побарҷо буда, ҳар як амалу ҳодиса таҳти назорати ҷиддии давлат ва ҳукумат қарор дорад, аммо барои иҷрои супориши хоҷагонашон барои миллат хизмати хирсона карда, номи худро абадан дар назди халқу Ватан сиёҳ мекунанд, зеро муқобили сулҳу суботи кишвар ва оромии Тоҷикистони биҳиштосо ҳарф задан хиёнатест, ки ҳеҷ гоҳ бахшида намешавад. Дар филм ҳам хеле хуб таъкид мешавад, ки иштибоҳ ва ё хаторо бахшидан мумкин аст, аммо хиёнат ҳеҷ гоҳ бахшида намешавад.

Рӯйи сиёҳ аз ин зиёд намешавад, ки ҳангоми дар дохили кишвар ва вакили парлумон будан аз боварии Роҳбари давлат ва халқи кишвар сӯиистифода карда, соҳиби давлату сарвати беҳисобе гардиву замини барои сохтмони беморхонаи сироятӣ ҷудошударо бо роҳҳои гуногун ба даст оварда, фурӯшию имрӯз боз Давлати миллиро туҳмат занӣ, ки дар муқобили бемории сироятии коронавирус бечора аст. Дар филм низ додарарӯси Кабирӣ бисёр пурэҳсос иброз медорад, ки агар ту, бадбахт ин корро намекардӣ, ҳоло ин беморхона бунёд ёфта буд ва беморон дар он табобат мегирифтанд. Гуиё ин бадбахт медонист, ки чунин ҳодиса мешавад ва барои дар ҳолати ногувор гузоштани Ҳукумат ин амали ғайриинсониро раво дида буд.

Хушбахтона, тири ин нокасон хок хӯрд, зеро онҳо пеш аз пайдоиши ин беморӣ дар кишвари мо дурӯғпароканӣ карда, мардумро ба таҳлука овардан мехостанд. Бо роҳнамоиҳои Роҳбари ғамхору дилсӯзи халқ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон авҷи бемории мазкур бо сарбаландӣ паси сар шуд, вазъият пурра зери назорат аст ва раванди шифоёбии беморон низ суръат гирифта истодааст. Таъкид мекунем, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос мардум якдилона дар паҳлӯи Пешвои муаззами миллат бо пандемияи «COVID -19» якдилона мубориза бурда истодаанд, ба ҳангомаҳои ин зархаридони хориҷӣ, ки мутаассифона, намояндагони миллати мо ҳастанд, дода нашуда, ба маълумоти саҳеҳи расмӣ таваҷҷуҳ намуда, руҳияи устувори хешро аз даст надоданд.

Дар филм нокасӣ ва хиёнатҳои Кабирӣ ошкоро нишон дода шудааст; он киро дидори вопасини модарро ба хотири ба даст овардани маблағ сарфи назар кард, онеро ки ҳамсафони худро фурӯхт (баёноти дардноки Зарафо Раҳмонӣ гувоҳи ин сухан аст), чӣ сон метавон инсон номид, чӣ расад ба он ки ӯ худро ходими миллат унвон мекунад: миллат аз чунин “ходим” безор аст.

Дар ҳошияи филми мазкур мо низ таъкид мекунем, ки мардуми шарафманди мо, ки сабақи таърих дидааст, дигар ҳеҷ гоҳ ба ҳангомаҳои беасос ва дурӯғу буҳтони душманони миллат дода намешавад, дигар хубро аз бад фарқ карда метавонад ва медонад, ки Сарвари оқилу донояш дар ҳама ҳолат дар бари мардуми худ аст ва сарбаландона ҳама мушкилотро паси сар мекунад. Ин айнияти рӯзгор аст, ки ҳар касе, ки дилу нияти пок надорад, ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасад, баръакс шармандаву шармсор ва ангуштнамо хоҳад буд.

Хушдил Раҳимҷонов,
муовини директори Муассисаи давлатии рӯзномаи “Баҳори Аҷам”