Сомонаи пешина | Дш, 13 Июл 2020 / 13:07
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Омодагӣ ба Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар Фаронса

Санаи 16-уми июни соли 2020 бо дархости Сафорати Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти вазири фарҳанг бо сафири он кишвар хонум Ясмин Гуедар баргузор гардид. Зимни вохўрӣ ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Фаронса ва махсусан баргузории Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар Осорхонаи Гимейи шаҳри Парижи Фаронса таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ”, ки моҳи октябри соли 2020 ба нақша гирифта шуда буд, мавриди муҳокима қарор гирифт.

Вобаста ба вазъи сартосарии бемории сироятии COVID-19 дар ҷаҳон ва бо сабаби он, ки то ҳол дар Фаронса ҳолати эпидемиологӣ ба эътидол наомадааст ва баргузории чунин чорабиниҳои оммавӣ бо ҷалби меҳмонону сайёҳон манъ мебошад, директори Осорхонаи Гимейи шаҳри Париж пешниҳод намудааст, ки баргузории Намоишгоҳи мазкур дар моҳҳои аввали баҳори соли 2021 ба нақша гирифта шавад.

Дар робита ба мавзӯъ, ба таваҷҷуҳ мерасонем, ки тибқи консепсияи тарҳрезишудаи Намоишгоҳи байналмилалии нигораҳои таърихии Тоҷикистон бо шумули барномаи фарҳангӣ дар Фаронса, як қатор корҳои ташкилӣ - тадорукотӣ бо риояи меъёрҳои байналхалқӣ иҷро гардида, тадбирандешӣ дар ин самт идома дорад.