Сомонаи пешина | Дш, 13 Июл 2020 / 12:07
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Конфронси фавқулоддаи видеоии вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои ИСЕСКО

17-уми июни соли 2020 конфронси фавқулоддаи видеоии вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ICESCO) таҳти унвони “Устувории амали фарҳангӣ дар шароити бӯҳрон” баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки конфронси мазкур дар шакли видеоӣ тариқи интернет баргузор гардида, дар он зиёда аз 57 давлати аъзои созмон, намояндагони ташкилотҳои ҷаҳонӣ ва нозирони байналмилаливу минтақавӣ суханронӣ ва иштироки фаъол доштанд. Барномаи конфронс аз қисмати ифтитоҳӣ, чаҳор ҷаласаи муҳокимавӣ, форуми озод ва бахши хотимавӣиборат буд.

Дар ҷаласаҳои ифтитоҳии конфронс Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ, вазирони фарҳанги Амороти Муттаҳидаи Араб, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Шоҳигарии Марокко, Ҷумҳурии Мисри Араб, Давлати Қатар, Қувейт, Ўзбекистон, Алҷазоир, Умон, Покистон, намояндагони нозир ва роҳбарони ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуда, бобати оқибатҳои хавфноки бемории сироятии COVID-19 дар давлатҳои худ, хисоротҳои иқтисодиву фарҳангӣва оиди роҳҳои пешгирии бӯҳрон таклифу пешниҳодҳо намуданд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар вазирони фарҳанги давлатҳои ҷаҳонӣ дар қисми ҳамоиши озоди кори ҷаласа оид ба мавқеи Ҷумҳурии соҳибистиқлоламон, иқдомҳои Пешвои муаззами миллат бобати пешгирии бемории сироятӣ ва нақши фаъоли кишвар дар ростои муқовимат ба ин вабои аср, устувории амалҳои фарҳангӣ, созгории арзишҳои миллии мардуми тоҷик ба арзишҳои исломӣ, ҳифзу гиромидошти ёдгориҳои таърихии фарҳанги исломӣ ва аз ҷониби давлату миллати тоҷик маҳкум гардидани ҳар гуна зуҳуроти номатлуб бамаврид таъкид ва суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин, Давлатзода З. Д., қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақил ва демократӣ буда, ҳимояи ҳукуқҳои шаҳрвандон дар он пурра ба роҳ монда шудааст ва ба арзишҳои умумибашарӣ, ҳифзи ёдгориҳои фарҳанги моддӣ ва ғайримоддӣ, истифодаи ҳамзистии меҳварии инсонӣ ҳамеша баҳои мусбӣ дода, ба рушду тавсеаи онҳо пайваста талош меварзад.

Мавсуф таъкид намуд, ки аз рўзҳои нахустини пайдоиши бемории COVID-19 дар кишвари мо, бо дастуру ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон “Ситоди ҷумҳуриявӣоид ба пешгирии ин вабои аср” дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Дар ин росто, вазири фарҳанг доир ба ҳолати фаъолияти муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин шароити буҳрони сироятӣ қайд намуд, ки фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ тариқи онлайн бо истифода аз сомонаҳои иҷтимоӣ ба роҳ монда шуда, дар ин замина барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ тариқи васоити ахбори омма низ ба мардум ҳамарӯза пешкаш гардида истодаанд.

Дар маҷмӯъ, конфронси байналмилалии мазкур бо дарназардошти тадбирҳои амалигардида, суханрониҳои мушаххаси таҳлилӣ, пешниҳодҳо оид ба дастгирии соҳаи фарҳанги миллӣ ва нуктаҳои судманду манфиатнок бо қабули эъломияи хотимавӣ ба кори худ ҳусни анҷом пазируфт.