Сомонаи пешина | Дш, 13 Июл 2020 / 14:07
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Нури лазерӣ ба тезондани табобати бемории «COVID-19» ёрӣ мерасонад

 

Мусоҳибаи сармуҳаррири МД «Маҷаллаи Фирўза» Саодат Ҳайдарзода бо мудири шуъбаи ҷарроҳии МД «Ёрии таъҷилии тиббӣ»-и шаҳри Душанбе Ғуломов Лоиқ Абдураҳмонович

– Вазъи имрўзаи бемории каронавирусро дар ҷумҳурӣ чӣ гуна баҳо медиҳед?

– Хушбахтона, сустшавии авҷи ин беморӣ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар як қатор мамолики хориҷӣ ба назар мерасад. Аз расонаҳои хабарӣ маълум аст, дар ҳафтаҳои охир муроҷиати одамон ба муассисаҳои тандурустӣ то андозае кам шуда истодааст ва фавт ҳам хеле кам ба назар мерасад.

– Ҳолати табобати чунин беморон дар беморхонаи шумо чӣ тавр ба роҳ монда шудааст?

– Қайд кардан ба маврид аст, бемороне, ки гарчанде ба «COVID-19» гирифтор шуда бошанд ҳам, метавонанд ба бемории дигар узвҳои ковокии батн гирифтор шаванд. Дар беморхонаи «Ёрии таъҷилӣ»-и тиббии шаҳри Душанбе барои пешгирӣ ва табобат кардани ин беморон ҳуҷраҳои алоҳида ҷудо карда шуда, табибону ҳамшираҳо бо либосҳои яккарата ва доруворӣ таъмин мебошанд. Ягон фарқияте дар табобати онҳо дида намешаванд ва ягон хусусияти махсус ҳам надорад ба ғайр аз чораҳои пешгирикунанда. Барои ҳамин тавсия додан мумкин аст, ки ҳам табибон ва ҳам аҳли байти бемор бояд ба таҳлука дода нашаванд. Наҳаросида метавонанд хабар гиранд. Танҳо бо истифода аз либосҳои махсус, ниқоб ва ғайраҳо.

Тибби муосир якчан усулҳои пешгирӣ ва табобати ин бемориро исбот кардааст ва ба роҳ мондааст. Аммо новобаста аз ин дар тиб усулҳое ҳаст, гарчанде, ки кашф шуда бошанд ҳам айни ҳол маъмул истифода бурда намешаванд. Яке аз онҳо ин табобати лазерӣ мебошад.

Табобати лазерӣ ба тамоми табибон маълум аст, ки он хусусиятҳои зеринро дорост:

1. Ҳуҷайраҳое, ки доим бар зидди вирусҳою бактерияҳо муқовимат нишон медиҳанд. Ин ситокинҳо ва интерферонҳо мебошанд ва гузаронидани табобати лазерӣ ин усулро метезонад.

2. Дар хун ҳуҷайраҳое ҳаст, ки бо номи фагоситҳо машҳуранд. Ин фагоситҳо дилхоҳ ҷисми бегонаро дар хун несту нобуд месозад ва барои фаъол сохтани он табобати лазерӣ лозим аст.

3. Барои пешгирӣ ва табобати бемории «COVID-19» пурқувватии организм нақши муҳим мебозад. Бо ин мақсад мо бояд гардиши хунро хуб кунем. Ба тамоми табибон маълум аст, ки гузаронидани табобати лазерӣ макро ва микросиркулятсия дорад ва он гардиши хунро дар бофтаҳо хуб мегардонад. Агар мо лазератерапияро истифода барем, гардиши хуни ин беморон ва ё шахсоне, ки ба бемории музмин гирифторанд ва гардиши хунашон суст аст, онро фаъол гардонем, ин гуна шахсон ба ин беморӣ мубтало намегарданд.

4. Сабаби фавти чунин беморон ин бештар лахташавии хун мебошад. Барои он, ки хун лахта нашавад, мо бояд дору истифода кунем ва ё метавонем дар шароити имрўза табобати лазерӣ гирем. Зеро вақте, ки гардиши хун хуб мешавад лахташавии хун муътадил мегардад. Дар ин ҳолат одам намефавтад.

– Лазератерапияро чӣ тавр мегузаронанд?

– Табобати лазератерапия бениҳоят осон аст ва гуфтан мумкин аст, ки нисбати дигар усулҳое, ки истифода бурда шудааст ин натиҷабахш аст. Дастгоҳи махсус ҳаст, ки дар он нурҳои лазерӣ ҷой карда мешавад ва ба воситаи ҳамин дастгоҳ ин нур ба воситаи сўзандору вориди ҷисми бемор гардонда мешавад ва дар муддати аз 2 то 5 дақиқа бемор табобатро қабул мекунад ва нурҳои лазерӣ ба воситаи ҷараёни хун ба тамоми организм таъсири худро мерасонад.

Хуб аст, ки ин усулро 5 маротиба, яъне 1 рўз пас, давоми 10 рўз табобат кунанд. Мо медонем, ки ҳамин дастгоҳ қариб дар тамоми муассисаҳо, алалхусус, дар муассисаҳои тандурустии шаҳри азизамон Душанбе мавҷуд аст. Лекин ҳамчун усули пешгирикунанда нисбати бемории «COVID-19» ва ин усули табобат дар марҳилаҳои аввал гуфта метавонам, ки айни замон танҳо дар Беморхонаи «Ёрии таъҷилӣ»-и шаҳри Душанбе ба таври васеъ истифода бурда шуда истодааст. Ва натиҷабахш ҳам ҳаст.

– Агар шахс бо усули лазерӣ табобат гирифта бошад, боз ба бемории COVID-19 дучор шуданаш мумкин аст?

– Шахсан худам ва якчанд нафар хамкасбон бо мақсади пешгирӣ ҳамин усулро дар худ истифода бурдем. Баъди пурра боварӣ ҳосил кардан дар бадани якчанд бемор низ истифода намудем. Хушбахтона, ягон нафар аз онҳое, ки ҳамин табобатро гирифтаанд, дучори бемории COVID-19 нашудаанд. Айни ҳол тақрибан ду ё се моҳ гузаштааст аз ин таҷриба ва барои хулоса баровардан каме бармаҳал аст.

– Табобати лазерӣ ба бемороне, ки аллакай дучори ин беморианд, ёрӣ мерасонад?

– Бале, дар марҳилаҳои аввал истифода бурдани табобати лазерӣ имкон дорад. Чунки норасогии узвҳо ба таври ҷиддӣ ба назар намерасад. Хуб мешавад, ки истифода кунанд. Табобати лазерӣ ҳамчун усули пешгирикунанда ва ҳамчун усули табобаткунанда дар ҳамин беморон бениҳоят қулай аст.

– Дигар муассисаҳои тандурустӣ ин усулро истифода бурдаанд?

– Мутаассифона не. Гарчанде, ки ин усул дар тиб кашф шуда бошад, ҳам истифодаи васеи худро дар тиббӣ муосир наёфтааст. Тавсияи мо ҳам ҳамин аст, ки ин усул маъмултар истифода бурда шавад. Табобати лазерӣ як қисмати рисолаи номзадии илмии ман мебошад, ки ҳоло рафта истодааст. Табобати лазерӣ дар одамоне, ки мубталои санги талхадон ҳастанду бинобар сабаби бисёр бемориҳои ҳамрадиф доштан, беҳисгардонӣ (наркоз) карда намешаванд. Дар марҳилаи аввал дар зери назорати ташхиси ултрасадоӣ талхадони онҳо сабуктар мегардад ва барои пурқувват шудани системаҳои организм табобати лазерӣ мегузаронем ва онҳо қувват пайдо мекунанд, ки барои беҳисгардонидан бардошт кунанд. Дар марҳилаи дуюм ҷарроҳӣ мегузаронем. Агар дар марҳилаҳои ниҳоӣ норасогии нафас ба назар нарасад зери дастгоҳи сунъӣ будан дигар муҳим нест. Чунки норасогии дил дар он вақт ба назар мерасад. Дар марҳилаи декампитсионӣ, норасогии ҷигар ба назар мерасад, ки дар ин маврид ҳам мумкин нест.

– Дар кадом шахсон ин усул истифода бурда намешавад?

– Одамоне, ки бемории пеллагра ҳастанд, бемориҳои музмин дар марҳилаҳои ниҳонӣ, одамони гирифтори васкулити геморригӣ дар марҳилаи ниҳоӣ, гирифторони серози ҷигар дар марҳилаи ниҳоӣ, норасогии кори гурдаҳо дар марҳилаи ниҳоӣ ҳастанд. Инҳо барои истифодаи табобати лазерӣ ғайринишондод мебошад.

– Кадом марҳилаи ин бемориро Тоҷикистон аз сар гузаронда истодааст?

– Дар Тоҷикистон хушбахтона тамоми чораҳои бартарафкунанда гузаронида шуд ва айни замон барои пешгирии шахсоне, ки ба ин беморӣ дучор шудаанд, ба табобати пурраву мукаммал фаро гирифта шудааст. Ин беморон аслан дорувории зиддивирусӣ, зиддимикробӣ ва инчунин табобати индивидуалии худро қабул мекунанд ва аз рўи тақсимот бемороне, ки сабук ҳастанд, метавонанд дар хона табобат гиранд ва бемороне, ки норасогиҳои узвҳо агар ба назар расанд ҳатман табобати статсионарӣ, яъне дар беморхонаҳо табобат мегиранд.

– Ба фикри Шумо табобати беморони сироятии «COVID-19» то пурра шифо ёфтанаш чанд рўз давом мекунад?
– Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки бештари ин беморон дар муддати 14 шабонарўз пурра табобат мешаванд. Бинобар сабабе, ки ин беморӣ дар тамоми дунё ба таври пурра омухта нашудааст, ин марҳила ҳоло идома дорад. Барои ҳамин 14 рўзи дигар хуб аст, ки аз вохўрию мулоқот бо одамоне, ки солиманд, худдорӣ кунанд. Яъне камаш 28 рўз ҷудо гардад. Масалан масофаро нигоҳ доранд, аз ниқоб истифода баранд.

¬Барои суҳбати судманд сипосгузорам!