Сомонаи пешина | Дш, 25 Мая 2020 / 15:05
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Навмед набояд шудан...

 

Охирҳои соли гузашта ва оғози соли ҷорӣ ҷаҳон ба таври ногоҳану шадид ба чанголи манҳуси вируси нав бо номи СОVID-2019 гирифтор шуд.

Ин гирдоби маргзоро на талотуми уқёнусу биёбонҳои тафсон қудрати пешгирӣ надоштанд. Ҳар лаҳза ин «меҳмони нохонда» сар ба манзили сокине халондаву гиребонгираш мегашт.

Дар як муддати кўтоҳ вазъи ҷаҳон халалдор гашт. Мардум бо тарсу таҳлука хешро ба ҳар гўшаву дар мезаданду роҳи наҷот меҷустанд.

Зимомдорони ҷаҳонхоҳу сарватҷўёни тамаъхоҳ дар як лаҳза дарк намуданд, ки ҳама ин сарвату боигарии ҷамъовардаи эшон дар назди ин вабои аср оҷиз аст…

Онҳое, ки шабу рўз дар андешаи ғасби кишварҳои хурд буданд дар назди хуруҷи вабои аср лол монданд…
Давлатҳои абарқудрат иқрор шуданд, ки ин ҳама гуна тиру туфангу зўровариҳои бемислашон наметавонад аз ин бало сипар гардад…

Инсоният дар чорсуи имтиҳони бузурги таърих қарор гирифт ва дарк намуд, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос танҳо меҳру муҳаббат бо якдигар, кўмаку дастгирӣ ба худу ҳамсоягон метавонад маҳаки хушбахтияш бошаду сайёраро аз нобудшавӣ эмин нигоҳ дорад.

Ва, хушбахтона, ин воҳимаву таҳлука дер давом накарду кишварҳои ҷаҳон новобаста ба ирқу миллат даст ба дасти ҳам доданду пайи пешгирии ин вабо гаштанд.

Имрўз ин амалҳо натиҷахои нек дода истодаанд. Аксари мамолики дунё марҳилаҳои хатарзои ин селобро паси сар намуданду ба кўмаки ҳамсоякишварон шитофтанд. Шўълаи умеду боварӣ дар дили аҳли ҷаҳон аз нав фурўзон гашт. Инсоният нафаси тозае кашиду дарк намуд, ки зиндагӣ чи имтиҳони сангигеро пешорўяш баҳри сабақи оянда гузоштааст.

Дарк намуд, ки фарде, кишваре, силоҳе, пулмастеву сарватҷўе бар рағми садоқату муҳаббату дўстӣ – маҳаки хушбахтиву наҷоти аҳли сайёра ҳеҷ аст.

Тоҷикистони азизи мо низ чун як узви сайёра аз ин гирдоб барканор намонд. Инро ҳамагон – ҳукумату мақомоти дахлдор медонистанду омодагӣ доштанд. Чун кишвари мо ба ин вирус дертар мубтало гашт, тавонист, аз таҷрибаҳои дигар кишварҳо истифода намояд.

Имрўз тавре шоҳиди ҳолем, вазъият пурра таҳти назорати ҳукумату мақомоти дахлдор аст. Пешвои муаззами миллат дар ин лаҳзаҳои барои миллат ҳассос шабонарўзӣ дар паҳлўи сокинон қарор доранд. Корвонҳои пурбори иборат аз дорувориву маводҳои хўрока ба дурдасттарин навоҳивуманотиқи кишвар ҳамчун кўмаки сарвари давлат расонида шуда, шахсони баору номус аз ин иқдом пайравӣ доранд.

Ин ҳама кору пайкор моро водор месозад, ки таҳлукаву воҳимаро аз худ дур намоем, гўш ба ахбори дақиқу маслиҳати мутахассисон диҳем. Зеро тарсу таҳлукаву воҳима бадтар аз вирус асту оқибати даҳчанд хатарзотар дорад. Ҳамин аст, ки имрўз ҳазорон табиб ҷон дар каф пайи рафъи ин вирусанду моро мебояд кўмакрасону ғамхорионҳобошем.

Сару садоҳое, ки аз ҷониби баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ бо дасти номубораку касифи чанд тоҷики нотавонбин паҳн мегардад, набояд моро рўҳафтода намояд. Як лаҳза андеша кунем, ки ин афроди сари гӯри ҳар як тоҷик табли шодизан оё ҳуқуқи маънавии бардоштани номи баланди «ИНСОН»-ро доранд? Ҳаргиз на!!!. Албатта имрўз дигар мардуми ҳушманди тоҷик фирефтаи ин қавми худозада намегардад. Оре, «ба худ чӣ кардӣ, ки бо ман кунӣ».
Таърих ба сари миллати тоҷик он қадар имтиҳоноти сангинеро пешорў намудааст, аммо тоҷиқ бо сари баланд аз гирдоби онҳо баромадааст. Фазилати азалии тоҷикон ҳамеша дар ин масир дастболо буд.

Дар ин лаҳзаҳои барои миллат ҳассос суханони ҳакимонаи Пешвои миллатамон айни муддао мебошанд: «Дар чунин шароит мо бояд беш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, содиқонаву софдилона ва бовиҷдонона заҳмат кашем, садоқату ҷавонмардӣ ва ҷоннисории худро нисбат ба Ватан, давлат ва халқамон исбот намоем, меҳру муҳаббати инсониро фаромўш насозем ва нисбат ба якдигар ғамхору меҳрубон бошем».

Оре, танҳо бо ин роҳ мо метавонем аз ин имтиҳони навбатии таърих бо сарбаландӣ гузарем. Ин рўзҳои сангин мегузаранд… боз меояд баҳору боз механдад чаман. Толорҳои театрҳову муассисаҳои консертӣ, осорхонаву китобхонаҳо пур аз тамошобину хонанда хохад гашт.

Фақат моро мебояд бо истифода аз маърифату одоб, озодагиву риояи суннатҳои миллӣ ба рағми ин вабои аср мубориза барему эмин бошем.

Оре навмед набояд шудан аз гардиши айём,
Ҳар шом, ки ояд зи пайи он саҳаре ҳаст.

 

 

Абдумалик Сафаров.
Иҷрокунандаи вазифаи сардори раёсати
табъу нашр ва матбуот