Сомонаи пешина | Шб, 19 Сентябр 2020 / 13:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ДИДАРО РАВШАНӢ АЗ СУБҲИ НАКЎЯМ ДОДАНД …

 

(Дар ҳошияи мақолаи «Тоҷик, тоҷикият, каронавирус ва нангу номус»)

Ҷаҳони бе ин ҳам пуртаҳлукаву хатарзои имрўз дар шумори фалокатҳои рўзафзўне, ки бар асари кашмакашҳои байниҳамии кишварҳои абарқудрат баҳри дарёфти ҳарчи бештари суду фоида ба ҳам доранду ними дунёро забту тақсим сохтаанд, ҳазорон ҳазорро оғўштахуну берун аз ватану манзили хеш овораву сарсон кард, бар замми ин офатҳои рўзафзуни табиӣ бар асари тағйирёбии иқлим охирҳои соли 2019 ва оғози 2020 боз балои азиму гўшношунидеро бо номи COVID - 19 ба дўши аҳолии Сайёра бор намуд.

Низоми иқтисодиву сиёсӣ ва фарҳангиву иҷтимоии ҷаҳон бо суръати шадид коҳиш ёфта, миллионҳо дучори бекориву шигифтзадагӣ гаштанд.

Ва хушбахтона, инсоният ба зудӣ дарк намуд, ки танҳо ягонагиву ёрмандӣ ба ҳамдигар, дароз намудани дасти имдоду бунёди хонаи меҳру садоқат, эҳтироми арзишу меъёрҳо ва муносибатҳои неку ҳамсоягӣ метавонад сипари ин хатари маргрез гардад, на тиру туфангу даъвоҳои гулўдаррони чанд пулмасту хирасар. Оре, ин фоҷеае, ки имрўз дар кулли Сайёра гардиш дорад имтиҳони сангине барои ҳамагон буд. Имтиҳоне, ки мебояд ҳар ҷаҳонсўзу ҷаҳонхоҳ ба он бо чашми ибрат нигарад ва пой дониста гузорад.

Муаллифони мақолаи «Тоҷик, тоҷикият, каронавирус ва нангу номус» бо ишора ба паҳлуҳои гуногуни масъала бо нанги тоҷикона бори дигар парда аз рўи бархе аз ватангадоёну оқипадарҳоро фурў кашидаанд.

Аслан ин қавми «вирусзада»-ро, ки чун ҳамеша иборат аз наҳзатиҳои номусфурўхта аз қабили Кабириву Салимпур, Истаравшаниву Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддину чандини дигар пуру гўрҳоянд, ҳоҷат ба эътибор додан ва шунидани ҳазёни навбатияшон нест. Имрўз, ки тифли Истиқлоли Ватан гом ба сўи сисолагӣ мениҳад, дигар фирефтаи ин сафсатаҳои фитнабори онҳо намегардад. Онҳо оҳиста – оҳиста ба тангнои маргбори барои хеш бо дасти хоҷагони аҷнабияшон канда то гулў фурў мераванду садои бе ин ҳам касифашон ба гўши касе намерасад. Орзуи ҳокимияту фарру ҳашамати амирӣ ба ҷовидон онҳоро тарк мегўяд.

Вале имрўз аламовар он аст, ки эшон ба марги ҳар тоҷики аз ин бало ҷонбохта «мурдахурӣ» мекунанду табли шодӣ мезананду чун шабаҳи сиёҳи аҷал сари гўрашон мерақсанд. Шояд таърихи низоми давлатдории дунё то ҳанўз чунин «мухолифин»-ро бо ин гуна беномусиву даюсӣ ёд надорад. Дар тамоми давлатдории пешину имрўз мухолифини ҳукуматҳо буданду ҳастанд, ки дар доираи одобу эҳтироми дипломатӣ ба ҳам дар мубориза ҳастанд. Вале дар лаҳзаҳои барои миллаташон ҳассос, ки хатари нобудшавӣ онро таҳдид менамояд (ба мисли ин фоҷеа) даст ба дасти ҳам медиҳанду паси наҷоти миллат талош меварзанд.

Аз мо чӣ? Оё метавон онҳоро мухолифини ҳукумати феълӣ ном гирифт. Аслан аз як заминфурўшу як дуздбачча, ки бо авлоди босмачияшону кирдорҳои ифлосашон ифтихор доранд, чиро ҳам метавон интизор буд? Аз оне, ки бидуни иҷозаи хоҷагонаш натавонисту наметавонад ё намехоҳад дар муқаддастарин маросими барои ҳар инсони мусалмон - ҷанозаву дафни волидайн ширкат намояд, чӣ бардоште метавон намуд. Вале қалби касро тутивор «тоҷик»-гўиву аз номи тоҷик суханронии онҳо реш месозад. Шояд ин ақлгумкардаҳоро хоҷагонашон ин қадар мағзшўӣ карда бошанд, ки агар такрор ба такрор «тоҷикам» нагўянд, дар дилашон тардиде аз тоҷик будани худ пайдо мегардад.

Оё онҳо пас аз ин шоистаи сазовор будан ба нажоде, ки маслакаш озодазода будан, нармию адолатпешагӣ, дорои андешаи волои башардўстӣ, таҳаммулнопазирӣ дар баробари фиребу дурўғ ва ҷабру ситам аст, мебошанд? Ҳаргиз!!! Гузашта аз ин, дигар ҳеҷ фарди солимақле гўш ба ҳазёнҳои бесарунўги онҳо намедиҳад. Кирдору муносибати ин худозадаҳо дар ин шабу рўзи барои миллат ҳассос авҷи аълои девонахўии онҳо буду эшон чун шабаҳҳои марг, қотили миллати худ (ҳарчанд ин ҳунар барои онҳо озмудаву дерина аст) дар осорхонаи таърих боқӣ хоҳанд монд.

Оре: Оҳ, ҳангоме, ки як инсон
Мекушад инсони дигарро
Мекушад дар хештан инсон буданро.

Шукри Парвардигор, ки имрўз Ҳукумати кишвар бо сарварии Пешвои муаззами худ, лашкари бисёрҳазорнафараи табибони ҳозиқ, ҳар тоҷики худогоҳу солимфикр сина алайҳи ин бало намудааст. Вазъият зери назорат буда, чандин кишварҳои дуру наздики ҷаҳон дасти кўмак ба Тоҷикистон дароз намудаанд. Дигар моро на фурсатеву на таҳаммуле ба шунидани ин наҳзатиҳои ватангадо намондааст. Мардуми сарбаланди тоҷик дар масири таърих на як бору ду бор дучори чунин санҷишҳои сангин гаштаву сарбаландона онҳоро паси сар намудааст. Ин ҳам мегузарад ва симои наҳзатиҳо дар қатори ин бало дар дилу дидаҳо боқӣ мемонад. Имрўз мардум аллакай будуни тарсу таҳлука ҳар яке дар алоҳидагиву дастҷамъона бо ин вируси маргзо мубориза мебарад ва он рўз дур нест, ки дар фазои Ватани азизамон боз вазъ ба эътидол меояду ҳар нафаре пайи кори хеш мегардад.

Оре:
Айб бодо, зи аҷаб ҷониби зулмат нигарам,
Дидаро равшанӣ аз субҳи нахустам доданд.


Раёсати санъати
Вазорати фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистон