Сомонаи пешина | Шб, 19 Сентябр 2020 / 13:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Боз як иқдоми хайри театрҳо барои мубориза бо COVID-19

 

Роҳбарият ва кормандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов аз рӯи шиори “Ҳамеша некхоҳи мардумон бош...” амал намуда, бо ҳамраъйи амиқ аз ташаббуси хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муттаҳидӣ ба хотири пешгирӣ ва табобати гирифторони коронавируси навъи COVID-19 ва дастгириву рӯҳбаландии табибон боз як амали неку савобро анҷом доданд.

Ин навбат бо саҳми якояки кормандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба 4 маркази саломатии шаҳрии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе кӯмаки тиббӣ иборат аз ниқоб, маҳлули антисептикӣ, либосҳои муҳофизатӣ, дастпӯши резинӣ ва айнакҳои резинӣ дастрас карда шуд. Кӯмакҳои хайрхоҳонаи ин муассисаҳои фарҳангӣ ба марказҳои саломатии шаҳрии 5, 1, 14, 6-и пойтахт ва дигарҳо тақдим карда шуд.

Дар маҷмӯъ Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ" 2800 ниқоб, 1200 маҳлули антисептикӣ, 800 дастпӯши резинӣ, 80 адад айнакҳои муҳофизатӣ ва 120 либоси муҳофизатиро ҳамчун кори хайру саховат тақдими марказҳои саломатии шаҳри Душанбе кард.

Маврид ба зикр аст, ки чанде пеш роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ" маоши якрӯзаи худро ба суратҳисоби махсуси Фонди мубориза бар зидди бемории сироятии коронавирус гузаронда буданд.

Дар ин росто, кормандони Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов бо дарки амиқи заҳматҳои кормандони соҳаи тиб ва муҳимияти фаъолияти пурсамари онҳо ҷиҳати дастгирии соҳаи тандурустии мамлакат ба маблағи 3000 сомонӣ маводҳои зерин: 200 дона дастпўшак, 100 дона ниқобҳои тиббӣ, 25 дона либосҳои тиббии бисёристифодашаванда ба беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Ҳисор дастрас намуданд.

Боиси зикр аст, ки то имрӯз аз ҷониби дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои зерсохтори он ба фонди Мубориза бо бемории коронавируси навъи COVID-19 ба маблағи 44 000 сомонӣ маблағ гузаронида шудааст ва ин иқдом идома дорад. Муассисаҳои фарҳангии кишвар дар ин рўзҳои ҳассос дар бари мардум буда‚ баҳри бартараф намудани ин беморӣ саҳми худро минбаъд низ мегузоранд