Сомонаи пешина | Дш, 25 Мая 2020 / 16:05
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Абр куҷову Хуршеди оламоро куҷо…

Аз азал мардуми тоҷик дар саросари олам ҳамчун мардуми боиффату бофарҳанг шинохта шуда бо меҳнати ҳалол, бо нангу номус, бо иттифоқию ҳунармандӣ, покию ростии хеш дари саодату муроди худро пайваста боз менамуд. Тавассути орифону фозилони тавоно, тавассути ромишгарони нотакрор ин миллати соҳибтамаддун дар ҷаҳон назири хоса дошт.

Барои кам нагардидани нуфузи ин миллати куҳанбунёд ва ободу зебо намудани ин сарзамини биҳиштосо фарзандони диловару матинирода ва донишманд, тулли қарнҳо сина сипар намуда ливои адолату пирўзӣ ва ваҳдатро боло бардоштанд.

Ва билохир зимоми соҳибии ин мулки афсонавию тиллоиро Худованд ба фарзонафарзанди воқеан ватандўсту ватанпарвар Эмомалӣ Раҳмон лоиқ дид, ки бомуҳаббат ва босадоқату бомасъулият дар иҷрои ин вазифаи душвору заҳматталаб камар бастааст.

Агар ба гузаштаи хеш назар кунем дар ҳар аср миллати моро рақибе буд ва пайи ба нестӣ расонидани ин мулк ҳазорон ҷонҳо фидо гаштаанд, вале шукри беҳад ҳама он марҳилаҳо, муборизаҳои шадид ба мағлубияти душман ва ғолибияти ин миллат ба анҷом расидааст. Соҳибистиқлолии кишвари тоҷик, аниқтараш пас аз пошхўрдани Иттиҳоди шўравӣ соҳибмулку соҳибсухан ва соҳибмақом гардидани ин мулку ин миллат ба ҳасудону рақибон хуш наомад ва фитна ангехта муддате дар сарзамини сулҳу салоҳ тухми ноумедӣ киштанд. Умед аз он доштанд, ки тухми рашку ҳасад зуд мева ба бор меораду рақибон ком ширин менамоянд, вале андешаҳояшон ботил баромад. Ҷавони обутобёфтаи деҳотӣ чун Восеъ, Шерак, Спитамен ва дигар диловарони ғаюру матинирода мардуми боақлу идрок, дурандеш ва ватандўстро паҳлўяш гирифта дар як муддати кўтоҳ садои тирро хомўш намуд ва чун диловарони пешин пайи аз нав обод намудани вайронаҳо талош варзид.

Тоҷикистон таҳти сарварии одилонаи Пешво рўз аз рўз зеботар гашта диққати мардуми саёраро ба худ кашид ва ҳамчун як миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддун дар арсаи олам муаррифӣ гардид.

Ин абармарди сарсупурда ва нотакрор такя ба рўҳи бегазанди Рўдакию Фирдавсӣ, Хайёму Ҳофиз, Бедилу Саноӣ, Камолу Соиб ва Ҷомию Алии Ҳамадонӣ намуда ба калом, ба он раҳкушою ҳамроз, ки метавонад ба кули дардҳо дармон бахшад арҷ гузошт. Ин буд, ки аз оғози роҳбарии ин марди қадршинос даҳҳову садҳо корхонаҳои азим, мактабу донишгоҳҳои ҷавобгў ба талаботи замон, нақбҳо, роҳҳо, беморхонаву муассисаҳои фарҳангӣ бо шакли замонавӣ дарҳои худро ба рўи мардум боз намуданд.

Бо талошу ҷонисорӣ ин марди шариф ва муттаҳиддию дастгирии мардуми кишвар Нерўгоҳи барқи обии Роғун ба бунёд оғоз намуд ва ду агрегати калони он аллакай ба фаъолият шурўъ намуд.

Пешвои миллат аз рўзи аввали ба сари қудрат омадан як сухан мегўяд: Ватанро халқ, мардум обод менамояд, мардуме, ки шарафу номўси ватандорию ватандўстӣ дошта бошанд. Ин сухан дар қалби ҳар як фарди соҳибмиллат, соҳибдил ва соҳибақл ҷой дорад ва як дилу ҷон ба ивази меҳрубонию ғамхории Пешвои худ бо амалҳои шоиста ҷавоб мегардонанд, вале ҳанўз ҳастанд он каждумҳои зери бурё ва кайкҳои дар пашми пўстин пинҳон шуда, ки ба ивази ин қадар некию накўкорӣ ва ҷонисорию поктинатӣ боз ба миллат санг мепартоянд.
Саррофони гаҳварношинос аз дур сару садо баланд карданд, магар пораабри кўчак метавонад, ки пеши рухи офтоби ҷаҳонтобро бигирад? Асло не!

Имрўз ҳам шумори боқимондае аз он кўрнамакону ношукрон аз дур истода санги маломат мезананду ҳарфи носазо мегўянд. Магар мардум, пеш аз мардум офарандаи пок, ки сабабгори ҳастии инсон аст, аз боло намебинад, ки сиёҳ чисту сафед чист?

Ин дард, ин маризии шифоёбанда (вируси сироятии навъи COVID–19) ҳам мегузарад, гарчанде чун тамоми мардумони гирифтор аҳён - аҳён мардуми мо низ аз неши он дар ҳаросанд. Дар ин рўзҳои бисёр ҳассос, ғами ҷавонмардони ҷонфидои тоҷик, ки ҳам дар Тоҷикистон ва берун аз он зиндагӣ доранд, чун дигар солҳои нооромии сипарӣ гашта синаи модарон дард дорад. Аз Худованд пайваста талаб менамоянд, ки ҷавонмардони кўллӣ оламро Худованд дар паноҳаш нигоҳ дорад. Аммо нохалафон фаромўш кардаанд, он қатора ва ё ҳавопаймое, ки он каламўшҳо фирор намуданд, танҳо даҳ ва ё сад нафари онҳоро ба дуриҳо бурдаасту боқи авлоди онҳо, амакбачаю холабачаашон дар Тоҷикистон, дар ҷойе, ки хуни нофи онҳо рехтаасту аввалин қадамҳояшонро каҷу килеб дар ин хок гузоштаанд, иқомат доранд. Шумо он қадаре ҳастед, ки бо ангуштон ҳисобатон карда мешавад, вале шумори онҳоеро, ки бо Пешвои миллат ҳастанду бори давлат бори миллатро якҷоя мебардоранд ва хоки ВАТАНРО азизу муқаддас медоранд, бо ангушт шуморидан ғайриимкон.

Касе ки сухан карда метавонад, касе ки дарк карда метавонад, касе ки дида метавонаду касе ки ақли солим дорад медонад, ки Пешвои миллат кист ва дар рушди ин миллат чӣ хизмате карда.

Умедворем, ин вируси сироятии навъи COVID–19 ба сари мардуми сайёра омада, ки Тоҷикистони моро ҳам ба ташвиш овардаст, паси сар мешавад ва боз чун солҳои пешин дар хонадони тоҷик садои дафу чанг баланд мешавад.

 


Қурбон Ғуломзода,
Сардори раёсати рушди муассисаҳои
фарҳангӣ - фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент