Сомонаи пешина | Дш, 25 Мая 2020 / 16:05
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ХОНАИ КИТОБ 85 СОЛА ШУД

Палатаи давлатии китоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Кумитаи Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ва қарори Шӯрои Комиссарони халқии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1935 таъсис ёфта, фаъолияти он ба ҳифзи осори нашрӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ равона шудааст.

Мо дар бораи таърихи матбуот ва фаъолияти табъу нашр борҳо гуфтаему нигоштаем аммо дар бораи ҳифз ва нигоҳдошти он на ҳама маълумот доранд. Дар ин маврид оид ба фаъолияти муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» ҳарфе гуфтан айни муддаост.

Агар ба таърихи нигоҳдошт ва ҳифзи осори нашрӣ назар афканем, ҳар чӣ бештар ба таърихи ташаккул ва рушди матбуоти тоҷик шиносоии бештар пайдо мекунем. Солҳои 2016-17 аз ҷониби ходимони муассиса бозшумории маводҳои чопӣ сурат гирифт ва аз бойгонии муассиса ду бастаи рӯзнома ёфт шуд, ки бо хатти нофаҳмо интишор шуда, бо забони русӣ «Рахмим» ном дошт. Зимни таҳқиқ маълум гардид, ки он нашрияи яҳудиёни Осиёи Миёна будааст. Бастаи аввал ба солҳои 1910-16 рост меояд ва аз 242 (256) шумора иборат аст. Бастаи дуюм бошад солҳои 1911-12-ро дар бар гирифта, аз шумораҳои пурраи рӯзнома дар ҳаҷми 154 (149) адад таркиб ёфтааст.

То ин вақт мутаххасисон бар он ақида буданд, ки қадимтарин маводи чопии ин бойгонӣ-китобҳо ба соли 1922 рост меоянд ва рӯзномаҳо бошад ба соли 1924 рабт доранд.Бо дарёфти ин ду баста метавон хулоса баровард, ки таърихи нигоҳдошти маводҳои чопӣ дар ин муассиса на ба соли 1922, балки ба соли 1910 рост меояд.

Бо дарназардошти пазируфтани Палатаи давлатии китоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Созмони байналмилалии ISBN тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми июли соли 2005 таҳти №239 муассиса тағийри ном намуда, ҳамчун Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон аз нав ба қайд гирифта шуда, салоҳияти додани рақами байналмилалии «ISBN»-ро ба муаллифон ва муассисаҳои нашриявӣ новобаста аз шакли фаъолияташон пайдо кард. Дар ин маврид муассисаҳои нашриявӣ ва муаллифони китоб ӯҳдадоранд, ки барои ҳимоя аз ҳуқуқҳои худ ҳатман соҳиби ин рақам ва шомили узвияти Созмони байналмилалии ISBN бошанд. Чунки ин намуди рақам дар ҳолати баҳсбарангез метавонад ҳуқуқҳои муаллиф ва истеҳсолкунандаро пурра ҳимоя намояд.

Самти дигари фаъолияти муассиса баҳри ҷамъоварии маводҳои чопие, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ нашр мегарданд, равона карда шудааст. Бо ин мақсад Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, таҳти № 453 «Дар бораи Номгӯйи гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо» ба имзо расидааст, ки саҳми муассиса дар татбиқи инқарор хеле назаррас мебошад. Қайд намудан ба маврид аст, ки аз соли 2016 то соли 2019 ба бойгонии Муассисаи давлатии «Хонаи китоби Тоҷикистон 6000 нусха китоб, 1898 нусха маҷалла ва 25480 нусха рӯзномаҳои даврии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шуда ворид гардидааст.

Солҳои охир дар фаъолияти Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» тағйиротҳои назаррас ба чашм мерасад.

Дар зарфи панҷ сол лоиҳаҳои хурди «Бунёди бонки захоири электронии библиографӣ ва ҷойгирнамоии он дар сомонаи «Хонаи китоби Тоҷикистон» барои солҳои (2017-2019), «Рақамигардонии захоири анъанавии китобҳои миллӣ ва ҷойгирнамоии он дар шабакаи Интернет (барои солҳои 2018 - 2020), «Созмондиҳии захоири электронии матбуоти тоҷик дар давраҳои солҳои 1924-1945 барои солҳои (2019-2021) ва «Бунёди захоири электронии библиографии «Репертуари китоби тоҷик барои солҳои 1922-1991» ва ҷойгирнамоии он дар сомонаи «Хонаи китоби Тоҷикистон» барои солҳои 2021-2023» омода ва ба Комиссияи экспертии қабули лоиҳаҳои давлатии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Аз ҷумла, соли 2016 мавзӯи илмӣ зери унвони «Таҳқиқи илмии бойгонии «Палатаи китоби Тоҷикистон», созмондиҳии репертуари мукаммали китоби миллӣ, феҳрасти электронии «Китоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Матбуоти даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои (солҳои 2018-2022) ба Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид ва баъди гузаштан аз ташхиси илмӣ ва дастгирии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли аввалини таҳқиқи ин мавзӯи илмӣ дар соли 2018 оғоз гардид, ки натиҷаҳои хуб ба бор овард.

Бо ҷалби олимони шинохтаи соҳаи китобдорӣ ва матбуот ташхиси илмии бойгонӣ оғоз гардиданд. Натиҷаи мавзӯҳои илмӣ дар мақолаву рисолаҳои олимон, дар маҷмӯаи “Библиографияшиносӣ ва китобшиносӣ дар Тоҷикистон” дар ду маҷмӯа ба табъ расонида шуданд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки омодасозии “Репетуари китобҳои тоҷик (солҳои 1922-1962)” идома дорад ва он то таҷлили 85-умин солгарди Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» ба табъ хоҳанд расид.

Кормандону мутахассисони муассиса мавзӯи нави илмиро зери унвони «Ташаккули низоми матбуоти даврӣ дар Тоҷикистон (Дар заминаи маводи Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон, 2021-2025)» ба Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаштан аз экспертизаи давлатӣ пешниҳод намуданд. Маълум гардид, ки тибқи талаботи Академияи илмҳо барои аз экспертизаи давлатӣ гузаронидани мавзӯъҳои нави илмӣ бе иҷозатномаи аккредитатсионӣғайриимкон аст ва назорати он ба души Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст.

Соли 2019 Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон” силсилаи АК-1 № 0000150, бо Қарори Комиссияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аккредитатсияи давлатии муассисаҳои илмӣ “Шаҳодатнома оид ба аккредитатсияи давлатии муассисаи илмӣ”, соҳиб гардид. Ин ҳуҷҷати расмӣ ба муассиса имконият фароҳам меорад, ки дар тӯли панҷ сол корҳои илмию тадқиқотӣ анҷом диҳад.

Ғайр аз ин тайи солҳои охир лоиҳаҳои инвеститсионию грантӣ барои ҷалби сармоя ба ташкилоту идораҳои гуногуни ватанию хориҷӣ манзур гардонида шуданд. Аз ҷумла, яке аз барномаҳои ҷадиди инвеститсионӣ, ки ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Таъмири капиталӣ, азнавсозии асосҳои технологӣ ва бунёди захираҳои иттилоотии “Хонаи китоби Тоҷикистон” (барои солҳои 2017-2019) манзур гардида буд, ки он ба рӯйхати лоиҳаҳои афзалиятноки инвеститсионӣ ворид карда шудааст.

Лоиҳаи навбатии Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон” зери унвони «Таъмини таҷҳизоти пойгоҳҳои технологӣ ва бунёди захираҳои иттилоотии Хонаи китоби Тоҷикистон» [Provision of equipment of technological bases and establishment of information resources of the Book Chamber of Tajikistan], ки ба Ташкилоти байналмилалии ҶАЙКА (JAICA) соли 2018 манзур гардида буд, дар соли 2019 мавриди назари коршиносон қарор гирифт ва аввали соли 2020 аз ҷониби Ҳукумати Япония дастгирӣ ёфт. Имрӯз маъмурияти муассиса дар ҳамкорӣ бо коршиносони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри гирифтани гранти мазкур ҳуҷҷатҳои расмӣ омода намуда истодааст. Мақсад аз манзури лоиҳа таъминоти пурраи Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон” бо таҷҳизотҳои замонавӣ ва беҳтарнамоии фаъолияти кормандони он мебошад. Ҳамзамон, мақсади дигари лоиҳаи мазкур фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳифзу нигоҳдории захираҳои анъанавии Бойгонии нодири миллӣ ва рақамигардонии он аст. Лоиҳа муассисаро на танҳо бо компютерҳои замонавӣ, балки бо сканерҳои зудкори гаронбаҳо 4 дона “ЭларСкан”, дастгоҳи муътадилгардонии ҳаво дар дохили бинои бойгонӣ ва дастгоҳи муосири чопӣ, ки барои нашри солнома, феҳрист ва баргаҳои библиографӣ ба муассиса чун обу ҳаво заруранд, таъмин мегардонад.

Акбар Абдусамадов
корманди «Агентии миллии
Созмони байналмилалии рақамгузории
стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон»