Сомонаи пешина | Шб, 19 Сентябр 2020 / 14:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

МО ВАТАНДОРЕМ....

 

(Андешаҳо дар ҳошияи мақолаи «Тоҷик, тоҷикият, короновирус ва нангу номус»)

Имрўз ҷаҳони муосир рўз ба рўз пуртазод гардида, салтанати вабои сартосарии коронавируси нави COVID-19 тамоми кишварҳоро, аз ҷумла давлатҳои абарқудратро низ ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ намуда, бўҳрони бесобиқаи ҷаҳониро дар тамоми соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ эҷод намудаааст.

Дар иртибот ба ин аҳли башарро айни замон масъалаҳои зиёде ба ташвиш оварда, дар ин замина пешгирии паҳншавии пандемияи COVID-19 моҳияти глобалӣ пайдо намудааст. Дар пасманзари ин вабо тамоми кишварҳои ҷаҳон имрўз муттафиққона ба муқобили ин хатар муттаҳид гардидаанд.

Ҳарчанд Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳандозии чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус дар мамлакат тавонист, ки марҳилаи муайяне худро ҳифз намуда, ба қадри ҳол соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишварро аз бўҳрон эмин дорад, мутаассифона, дар баробари дигар кишварҳои олам аз из вабои аср дар канор намонд.

Қобили зикри хос аст, ки ҷиҳати пешгирии паҳншавии COVID-19 тамоми қишрҳои аҳолии кишвар дар пайравӣ ба иқдомҳои башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми худро гузошта истода, дар ҳамдигарфаҳмию ҳамбастагӣ дар садди мубориза ба ин вирус қарор доранд ва ин ваборо низ чун дигар мушкилоти аз ин пеш ба сари миллатамон омада бартараф намуда истодааст.

Тавре маълум аст, миллати тоҷик дар таърихи тўлонӣ ва қадимаи худ бисёр давраҳои сахту сангинро паси сар намудааст ва имрўз итминони комил дорем, ки бо фарҳанги воло, хиради азалӣ ва тадбиру таҳаммул аз ҳама гуна мушкилоту бўҳронҳои иҷтимоию маънавӣ бо сарбаландӣ раҳоӣ хоҳем ёфт.

Аммо, мутаассифона, имрўз ин кўшишҳои роҳбарияту ҳукумати мамлакатро хоинони миллат ба монанди Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Мирзои Салимпур, Шарофиддин Гадоев, Салими Аюбзод, Саидюнуси Истаравшанӣ, Темур Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар ҳаммаслаконашон аз қабили «Гурўҳи 24» ва «Паймони миллӣ» нодида гирифта, аз вабои ба сари миллати тоҷик омада табли шодӣ зада, мехоҳанд бо роҳандозии ҳадафҳои нопоки сиёсии хоҷагони хориҷиашон зери ниқоби «дини мубини Ислом» ва арзишҳои «демократия» тамоми «гуноҳи омадани вабо»-ро ба дўши Ҳукумат бор намуда, таъсири манфии худро ба суботи сиёсӣ ва амнияти давлатӣ расонанд.

Хабару мақолаҳо ва наворҳои иғвоангези ин хоинонро нисбати вазъи эпидемиологӣ ва иқдомҳои роҳбарияту давлати Тоҷикистон имрўз сомонаҳои зархариду террористии мансуб ба онҳо ва хоҷагони хориҷиашон ба монанди «Ahbor.com», «Payоm.net», «Isloh.net», «Vostocnews», «Кимиёи Саодат», «Озодандешон», ки нисбати миллати тоҷик ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи манфӣ доранд, ҳамарўза тарғиб намуда истодаанд.

Хушбахтона, ҳадафҳои нопоки онҳо дар ниҳояти кор ҳамеша барбод рафта истодааст.

Қобили тазаккур аст, ки имрўз мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дарки амиқу эҳсоси баланди ватандорӣ, дар атрофи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, манфиатҳои миллиро ҳимоя намуда, ба иғвои ин хоинони миллат ҷавобҳои сазовор дода истодааст.

Аз ҷумла, мақолаи олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Азимҷон Раҳмонзода, Зиёев Субҳиддин ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Фирдавс Мирзоёров таҳти унвони «Тоҷик, тоҷикият, короновирус ва нангу номус», ки дар сомонаҳои АМИТ «Ховар» ва Академияи илмҳо нашр гардидаанд, аз лиҳози илмӣ, мантиқӣ, шахрвандӣ, посухи арзандаест ба рафтору кирдор ва ошкор намудани аъмоли зишти ин хоинони миллат.

Дар яке аз ҳадисҳои саҳеҳи паёмбари ислом Муҳаммад (с) омадааст: «Шахсе, ки худро мешиносад, ў Худоро мешиносад» ва ин ҳадис гувоҳи он аст, ки дар илми худошиносӣ, яъне мазҳабӣ бояд шахс аввал худшинос бошад.

Бе шинохтани хештан ба шинохти аслии Худо касе ноил нагардидааст.

Аммо тавре мо медонем, Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш кайҳо рукнҳои мазҳабию худшиносии миллии худро фурўхтаанд ва онҳо на тоҷик ҳастанду, на дар мазҳаби аслии худ.

Маълум аст, ки вақте, ки вабо омад, албатта марг низ меояд. Дар мақолаи худ олимони муҳтарами мо дуруст қайд намудаанд, ки «ифротгароёни палиди наҳзатӣ.... дар ҳар як мурдаи тоҷик... рақсу бозӣ, хушҳолӣ ва якдигарро табрик мекунанд. Барои худ маъракаи хурсандӣ меороянд. Дастони касифи худро сӯйи компютер бурда ниҳоят бесаводона, бемавқеъ дар бораи мусибати мардуми тоҷик бо шеваи чуғз таронасароӣ мекунанд ва ба ин васила фазои афкори умумро тағйир доданӣ мешаванд....Фаромуш мекунанд, ки агар на дар ин сурат, агар на имрӯз, на фардо, пасфардо ҳатман дасти тавонои марг дари онҳоро низ мекубад. Интизор бояд бошанд. Аз ин роҳ касеро халосӣ нест».

Тавре Саъдии бузург таъкид намудааст:

Бисёр солҳо ба сари хоки мо равад,
К-ин оби чашма ояду боди сабо равад
Ин панҷрўза муҳлати аёми одамӣ,
Бар хоки дигарон бо таккабур чаро равад.
Эё дўст бар ҷанозаи дўст чу бигзарӣ,
Шодӣ макун, ки бо ту ҳамин моҷаро равад...

Аммо, як чиз муссалам аст, ки фардо мурдаи ин хоинони Ватан ба мисли саг дар кўча мондаву, дар ахлотҷойе аз ҷониби хоҷагонашон партофта мешавад.

Итминон дорем, ки баъди ин қадар хиёнат на як каф хоки муқаддаси Ватан (ки барояшон дигар ҳаром аст) ба сари гўрашон рехта мешавад, на як каф дуо аз ҷониби касе (чунки мазҳаб фурухташудаанд) ба онҳо насиб мекунад ва онҳо бе калимаи шаҳодат хоҳанд мурд.

Имрўз, ки ин вабо ба хешу табори ин хоинон низ таъсир намудааст ва маҳз ҳамин Ҳукумату давлат онҳоро табобат менамояд, ин душманони миллат аз аҳволи наздикони худ намехоҳанд хабардор бошанду кўмаке ба онҳо расонанд.

Аммо, айни ҳол, ки дар ҷайбашон пулҳои ҳароми хоҷагонашон ҳаст, имону Ватан, падару модар, муқаддасоти миллӣ барои онҳо арзише надорад ва ин гуфтаҳо ба онҳо, ба қавли бузургон, «Эй ҳайф занӣ бар гўши кар танбўре... »-ро мемонад.

Дар идомаи мақолаи «Тоҷик, тоҷикият, короновирус ва нангу номус», муаллифон мисоле хуберо аз рўзгори устод Садриддин Айнӣ ва Ҷалол Икромӣ вобаста ба худшиносии миллӣ оварда, қайд кардаанд, ки «дақиқан авлодони онон (Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқбол) хеле ашхоси чоплус, дуруя, хоин, дуруғгў, туҳматчӣ, нохалаф ва қатъан мазҳабфурушу номусулмон будаанд. «Бачаи хар яқин, ки хар бошад».

Дар ин замина, итминон пайдо мекунӣ, ки Шайхураис Абўалӣ ибни Сино маҳз дар ҳаққи чунин «...ватангумкардагони нохалаф» гуфтааст, ки
Бо ин ду-се нодон, ки чунин медонанд,
Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон ононанд.
Хар бош, ки ин ҷамоа аз фарти харӣ,
Ҳар, к-ӯ на хар аст, кофираш мехонанд...

Дар ҳақиқат, муаллифон дуруст қайд намудаанд, ки «Ягон чинӣ, амрикоӣ, турк, рус, олмонӣ, яҳудӣ, турк, муғул, касе, ки набошад, дар муносибат ба миллати худ, дар лаҳзаи фоҷеавӣ, сарфи назар аз ақидаҳои сиёсӣ, динӣ, мазҳабӣ ба ин дараҷаи бенангиву беномусӣ паст нафаромадааст».

Муаллифони мақола дар бораи аъмоли зишти «наҳзатиҳо» бо сарварии Кабирии касиф , инчунин дигар ҳаммаслакону думравонаш, ки худро имрўз «саршиноси тоҷик», «журналисти шинохтаи тоҷик», «нависанда ва рӯзноманигори маъруфи тоҷик», «чеҳраи шинохтаи тоҷик» пиндошта, ин «мусибат»-ро барои ба даст овардани имтиёзҳои сиёсӣ истифода мебаранд, далелҳои қотеъона овардаанд.

Бояд тазаккур дод, ки қонуни рушди ҳаёти иҷтимоӣ дар тўли таърихи башарият борҳо собит намудааст, ки танҳо муттаҳидию ваҳдат аз тақсиму фаслнамоӣ болотар буд ва беҳтарин шахсиятҳо рисолати таърихии худро дар васл кардан дидаанд, на дар фасл намудан.

Тавре, Мавлонои Румӣ таъкид менамояд:

Мо барои васл кардан омадем,
На барои фасл кардан омадем.

Пайғамбар (с) дар ҳадиси муборакашон, ки Имом Тирмизӣ ривоят намудааст, фармудаанд, ки «Сатафтариқу уммати салосина ва сабъина фирқатан воҳидатан ъан наҷоиятан вал- боқуна ҳалқо», яъне, умматҳои ман пас аз ман ба ҳафтоду се гурўҳ ҷудо мешаванд, аммо як гурўҳаш ростқавлонанд.

Баъдан ба посухи саҳобагон вобаста ба ростқавлон, Пайғамбар (с) фармуданд, ки «аз паси гурўҳе пайравӣ намоед, ки шуморо ба сўи омўзиши илм, меҳр, муҳаббат, саодат, растагорӣ ва амсоли он ҳидоят мекунад, аммо дурӣ ҷўед аз гурўҳҳое, ки шуморо зоҳиран бо номи дини мубини ислом, ботинан ба манфиати худ дар роҳи исроф, дурўғ, ғорат, рехтани хуни ноҳақ ва монанди ин истифода мебаранд».

Ишора ба ин ҳадис ҳазрати Ҳофиз фармудаанд:

Ҷанги ҳафтоду ду миллат ҳамаро узр бинеҳ,
Чун надиданд ҳақиқат, раҳи афсона заданд.

Дар ин маврид саволе ба миён меояд, ки Ҳизби террористӣ-экстремистии наҳзати исломи Тоҷикистон, ки ин қадар сол дар ҷумҳурӣ дини исломро таблиғ кард, дар натиҷа ҷомеаро ба кадом ҳол дучор намуд?

Дар мақолаи мазкур муаллифон аз марги 160 000 шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо гуноҳи ин ҳизби террористӣ-экстремистӣ ба шаҳодат расидаанд, далели қотеъро овардаанд.

Ҷойи баҳс нест!!!

Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки «Ислом барои мо манбаи болидаруҳии маънавӣ, ахлоқӣ ва фарҳангӣ мебошад. Ҳамаи мову Шумо шоҳиди он мебошем, ки зиддияти муосири байни дин ва эътиқод ба хусус Ислом ба сифати воситаи мубориза барои ҳокимият ва гирифтани он бурда мешавад, бебаҳс ҳамин гуна гурўҳҳои экстримистии хоине вуҷуд доранд, ки манфиати он барои оромӣ, сулҳу субот ва созгорӣ дар ҷомеа ҷавобгў нест».

Дар ҳошияи ин гуфтаҳо, бо қатъият бояд изҳор намуд, ки мардуми Тоҷикистон ба маслиҳату кўмаки чунин хоинони миллат ниёз надорад ва нисбати ифротгарии динию тафриқаандозӣ ҳар фарди бо нангу номус муборизаи беамон хоҳад бурд, чунки мо ватандӯст ҳастем, мо ватандорем ва сатҳи зиракии сиёсии шаҳрвандони мо низ хеле баланд рафта, ба ҳама дассисаву иғвои душманони миллат ҷавоби сазовор хоҳем дод.

Таърих гувоҳ аст, ки танҳо халқи бузург метавонад дорои тамаддуни бузург буда, фоҷиаи бузургро аз сар гузаронида ба дастовардҳои бузург ноил гардад.

Мо халқи Тоҷикистон - халқи бузургем, Ватанамонро дўст медорем, аз он ифтихор дорем, барои ҳимояи он омодаем, ба қадри осудагиву ваҳдаташ мерасем ва бо инояти Парвардигор ва талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, дар ҳамбастагӣ ин мушкилотро низ рафъ намуда, давлати воқеан зебою ободи худро боз ҳам обод хоҳем намуд.


Хуршед Низомов,
узви Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон