Сомонаи пешина | Шб, 19 Сентябр 2020 / 14:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

АСОЛАТ МУҲИМТАРИН УНСУРИ ИНСОНИСТ

Дуруст аст, ки мавзӯи асосии имрӯза дар тамоми ҷаҳон бадбахтии саросарии олам – паҳншавии босуръати вируси хатарноки COVID-19 мебошад. Дар ҳақиқат, ин бадбахтии бузург аст, зеро бузургтарин қудратҳои ҷаҳонӣ натавонистанд, аз он раҳо ёбанд ва даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони онҳо ҷони худро бар асари ин беморӣ аз даст доданд.

Оре, имрӯз масъала ниҳоят ҷиддӣ аст, зеро сухан атрофи қудрати маънавии миллатҳо меравад. Мубориза бар зидди коронавирус аз ҷангҳои рӯёрӯ хеле ҳам мушкилтар аст, зеро ин душмани ноаён ниҳоят хатарнок мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз ҳангоми суханронии хеш дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум изҳор дошта буданд, ки “пайдо шудану босуръат паҳн гардидани вабои коронавирус вазъи бе ин ҳам мураккаби ҷаҳонро боз ҳам мураккабу печида гардонидааст. Ҳоло бемории коронавирус дар беш аз 200 кишвари дунё паҳн гардидааст. Мо бояд ба он омода бошем, ки чунин озмоиши тақдир ё лаҳзаҳои душвор метавонанд дар кишвари мо низ ба вуҷуд оянд”.

Ин суханони Пешвои миллат ҳанӯз пеш аз пайдоиши ин беморӣ дар кишвар буд, ки эҳтимолияти арзи вуҷуд кардани онро дар назар дошт. Табиист, ки мо ҳам ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳастем ва вақте дар ҳама кишварҳои атрофи мо осори ин фоҷиаи умумибашарӣ буд, хавфи он ҳар лаҳза таҳдид мекард, ҳарчанд Ҳукумати мамлакат аз оғози сар задани ин вабо тамоми тадбирҳои пешгирикунандаро андешид, то ки он дар кишвари мо паҳн нагардад. Натиҷаи ҳамин тадбирҷӯиҳо буд, ки бештар аз як моҳи дар кишварҳои ҳамсоя пайдо шудан ин вабо ба кишвари мо роҳ наёфт, аммо тавре зикр шуд, чун бузургтарин кишварҳо бо имконоти бешумори иқтисодӣ пеши ин вабо ночор монданд, ногузир ин беморӣ дар кишвари мо низ пайдо шуд.

Баъди пайдо шудани он чораҷӯиҳои Ҳукумати мамлакат барои табобати беморону пешгирии паҳншавии он даҳчанд гардид, ки ҳамарӯза тавассути воситаҳои ахбори омма аз онҳо огоҳ мешавем. Аз аҳволи беморон ва шифоёбии бомароми онҳо тавассути заҳматҳои қаҳрамононаи табибон низ огоҳ ҳастем. Суханони табибонро низ мешунавем, ки онҳо ин амалро иҷрои рисолати касбӣ ва қарзи ватандории худ медонанд.

Ин ҷо боз ба сухани ҳакимона бармегардем, ки доир ба маънавиёти миллатҳо аст. Дар урфият мегӯянд, ки “дар рӯзи мурда на ҳама барои сугворӣ меоянд. Баъзеҳо бо интизорӣ, хурсандии ниҳонӣ ва заҳрханда изҳори тасалият мекунанд, то соҳиби майитро низ бикушанд. Инҳо аз ҷумлаи пасттарин инсонҳои дунё ҳастанд. Фаромӯш мекунанд, ки агар на дар ин сурат, агар на имрӯз, на фардо, пасфардо ҳатман дасти тавонои марг дари онҳоро низ мекӯбад. Интизор бояд бошанд. Аз ин роҳ касеро халосӣ нест”.

Душманони давлату миллати мо, ки дар хориҷи кишвар ҳастанд, бори дигар пасттарин инсонҳои дунё будани худро дар чунин рӯзҳои фоҷиабор ба намоиш гузошта, ботини хешро ошкортар сохтанд, зеро “дар ҳар як мурдаи тоҷик онҳо рақсу бозӣ, хушҳолӣ ва якдигарро табрик мекунанд. Барои худ маъракаи хурсандӣ меороянд”.

Аламовар аст, ки чунин касифон низ намояндагӣ аз халқи бузурги тоҷик мекунанд ва худро тоҷик меҳисобанд. Ҳар тоҷики бо нангу номус аз чунин ҳамватанони беномуси худ хиҷолат мекашад. Хиҷолат мекашад, аз он ки онҳо ҳам худро тоҷик мегӯянд, зеро чунин нокасиро, ки аз фоҷиаи инсонӣ табли шодӣ занӣ, ҳеҷ як одам, чӣ расад, ба мусулмон намекунад. Маълумоте, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ инъикос ёфтаанд, дар ҳақиқат, ҳисси нафратро нисбат ба ин касифон дучанд мекунад: “Шумо таваҷҷуҳ фармоед. Наҳзатиҳо шабу рӯз худо мегуфтанд, ки коронавирус ба Тоҷикистон биёяд. Ҳама медонистанд, ки ин вабо дер ё зуд ба кишвари мо низ меояд. Аммо ҲНИчиҳои террорист пешопеш табли шодӣ мезаданду таҳлукаангезӣ ва тарсафканӣ мекарданд...”.

Тавре зикр шуд, имрӯз Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳои имконпазирро роҳандозӣ карда истодааст, ки мубориза бо ин вабои аср натиҷаи дилхоҳ ба бор орад. Чунин ҳам шуда истодааст. Дар чунин шароит, дар шароите, ки фоҷиаи инсонӣ башариятро таҳдид мекунад, иқдомоти ҳукуматро нодида гирифта, баръакс, сангандозӣ кардан нокасии маҳз аст. Чунин нокасиро, чунин ноадолатиро миллат ҳеҷ гоҳ намебахшад. Ба лаънати халқ гирифтор шудан бузургтарин ҷазоест, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад. Ин хоинон ва фурӯхташудагон бояд донанд, ки ин мушкил мегузарад. Халқи бузургу азияткашида тоҷик бо сари баланд аз ин имтиҳони ҷидди рӯзгор бо Сарвари хирадманду оқил ва сабури хеш мебарояд, вале рӯйи сиёҳи ин бадкешон мемонад.

Раҳимҷонов Хушдил
Муовини сармуҳаррири
Рӯзномаи “Баҳори Аҷам”