Сомонаи пешина | Шб, 19 Сентябр 2020 / 14:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Даъвати аҳли ҳунари Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ ба мардуми Тоҷикистон

 

Ҳар шом, ки ояд, зи паи он саҳаре ҳаст…

Ҳамватанони азиз!

Ин даҳшат, ин балои азиме, ки ҷаҳону ҷаҳониёнро ба таҳлука афкандааст, албатта рӯзе ба поён мерасад ва он рӯз дур нест. Фақат мову шуморо зарур аст, ки ба тарсу воҳима роҳ надиҳем, дилҳоямонро қавӣ дорем, якдигарро рӯҳбаланд созем, меҳру муҳаббат, шафқату ғамхориро байни ҳамдигар афзун намуда, кину адоват, бухлу ҳасадро аз қалбҳо бизудоем.

Ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки:

Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор
Дигар узвҳоро намонад қарор.

Панду ҳикмат ва дуъову дастури азизони Худо, бузургони фазлу адаби мо ҳазорон сол миллати сарсахти моро аз газанду мушкилоти рӯзгор наҷот бахшидааст. Бобои бузургворамон Рӯдакӣ аз таҷрибаи ҳаёт чунин хулоса кардааст:

Андар балои сахт падид ояд
Фазли бузургмардию солорӣ.

Бале, вазъи имрӯз тақозо дорад, ки мо солориву дурандешӣ, бебокиву далерӣ устувориву шикебоӣ пеша кунем.

Шайх Фаридаддини Аттор мегўяд:

Дар ҷаҳон донӣ, кӣ гардад мӯътабар?
Он ки ӯро бок набвад аз хатар.

Басо муҳим аст, ҳушёриву эҳтиёткориро аз даст надиҳем ва ба ояндаи неку пурнишот, саодату пирӯзӣ хушбин бошем.

Далерӣ зи ҳушёр будан бувад,
Диловар сазои сутудан бувад.
фармудааст Фирдавсии бузургвор.
Ҳилолӣ таъкид кардааст, ки:
Қавидил шав, ки дар майдони мардӣ,
Гар аз куштан битарсӣ, кушта гардӣ!

Тавре, ки дар урфият мегӯянд, тарс бародари марг аст. Илм собит кардааст, ки хандаву хушҳолӣ барои тақвияти масунияти инсон омили беҳтарин аст, вале тарсу таҳлука барои масунияти бадан ва саломатии инсон хатаровар аст.

Орзуву нияти мо, аҳли ҳунар ҳамин аст, ки мардум ҳамеша шоду хандон, хушбахту хонаобод бошанд ва рисолати мо ҳам дар ҳамин ифода меёбад, ки барои нишоту хурсандии одамон ва маърифату фарҳанги баланди ҷомеа кору эҷод кунем.

Табиист, ки театр бе тамошогар, бе мухлисони зебоиву ҳунар вуҷуд дошта наметавонад.

Аз ин рӯ мо, аҳли ҳунари Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ дуогӯву орзумандем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо рӯҳбаландиву иродаи матин, бо мардонагиву далерӣ ва риояи фарҳанги баланди тозагиву беҳдоштӣ ин марҳилаи душворро паси сар намуда, бо шодиву нишот тӯю сур барпо кунанд ва толорҳои театрҳоро бо ташрифи худ пур созанду аз ҳунару истеъдоди ҳунармандони дӯстдоштаи худ ғизои маънавӣ бардоранд.