Сомонаи пешина | Дш, 25 Мая 2020 / 15:05
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҳазорон даво андаруни калом…

Имрўз вируси сироятии навъи COVID–19 ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳлука овардааст, ки ҳеҷ ҷанг ё вабое то ба ин ҳад наоварда буд. Вирусе, ки қариб дар тамоми давлатҳои дунё онро ба қайд гирифтаанд ва яке аз он шумор Тоҷикистон аст. Дар ин хусус ҳамарўза воситаҳои ахбори мамлакат ва ҷаҳон иттилоъ медиҳанд. Шумори гирифторону фавтидагон ва шифоёфтагонро амиқу дақиқ манзур менамоянд. Дар баробари пешгирии ин беморӣ бо тарзи дурусти ғизо, тарзи истифодаи босамар аз меваю сабзавоту гулу гиёҳ ва риояи ҳатмӣ ба тозагии хонаву коргоҳ, машғул шудан ба мутолиаи китоб, гўш кардани созу навои дилнишин низ яке аз роҳҳои пешгирии ин вабо ва раҳонидани мардум аз тарсу воҳимаҳост. Яке аз дурахшонтарин чеҳраҳои миллати тоҷик, табиби оламшумул, носир ва шоири барҷаста Абўалӣ ибни Сино, ки то кунун барои ҳамватани худ хондану эълон кардани ў мардуми сайёра талош менамоянд, дар рўзҳои мудҳиши сар задании бемории ВАБО мардумро ба оромӣ, худтасаллодиҳӣ ва пеш аз ҳама ба гўш кардани созу навои хуш талқин намуда буд ва натиҷаи дилхоҳ низ ба бор овард.

Албатта, душвор аст дар ин лаҳзаҳои ҳассос ва тақдирсоз бепарво будан ва амиқ аст, ки чун узве ба дард ояд дигар узвҳоро ором намегузорад, вале сабру таҳаммул ва шукргузорӣ кардан ба балои азими пешомада шаҳодате аз инсони комилу фурўтан ва поктинат будан аст.

Аз шунидани марги инсон, новобаста аз дину мазҳаб ва нажод дилхун мешудем, вале исботи вуҷуд доштани ин қатраи нонамоёни инсонкуш дар Тоҷикистони азизу офтобӣ ҳамаро ғамгин кард, вале боз ҳам ҳамон сабр, фарҳанг, тамкин ва ихлосу эътиқодеро, ки аз дигар зарбаҳои экологию табиӣ дар худ гирифта будем, истифода менамоему бо умеди раҳоӣ аз ин беморӣ чамбари зиндагии хешро ҳаракат медиҳем.

Аз марги Айнии бузургвор он қадар соле нагузаштааст ва хонандаи нозукбин тавассути «Ёддошт»-ҳои гаронарзиши ў аз бемории ВАБО ва даргузашти бешумори одамон аз ин беморӣ ва аз бемории «Қизилча» ва ё «Гули калон», ки дар як шабонарўз аз 10 то 25 нафар кўдаку наврас аз як деҳа мефавтиду мардум мурдаҳоро бо чигина ба гўристон мебурданд, хуб огаҳанд, вале поёни он шомҳои тираро субҳи умед иваз намуд ва роҳҳои табобати бемориҳои зикршударо пайдо намуданд. Мутмаинем, ба ин дарди қотилу шум ҳам рўзҳои наздик аз тарафи табибону донишмандон даво пайдо мекунад ва одамон ба маҷрои зиндагии хеш бармегарданд, бахусус мардуми боиффати тоҷик, ки дар биҳишти олам зиндагӣ доранду насими тозаи ин диёри биҳиштӣ, шамидан аз бўйи хуши гулу гиёҳ ва нўшидан аз обҳои мусаффо ба дардашон малҳам мегардад.

Шукр аз он мекунем, ки мардуми бофарҳанги кишвари мо болои сар касеро дорад, ки фидоии миллат ва дўстдору ғамғусори ҳамешагии халқ аст ва дар нахустин рўзҳои аён гаштани ин беморӣ ба мардум олиҳимматию поктинатӣ ва инсондўстию масъулияти баланди роҳбарии эшон бори дигар собит гашт. Ҳиммату ҷавонмардии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми кишвар, мардуми саховатпешаро ба майдони нангу номуси ватандорӣ ва меҳанпарастӣ раҳнамун сохт. Тавассути расонаҳои хабарӣ мебинему мешунавем, ки дар ин рўзҳои сахту душвор мардуми баору номуси кишвар худро паҳлўи Пешвои миллат гирифта, ба он фариштагони хилъатсафеди давобахш, ки шабу рўз ҷони худро ба гарав монда, ҷони мардуми кишварро аз вартаи дард ва марг раҳоӣ мебахшанд, ғамхории ҳамаҷониба зоҳир менамоянд. Ин ғамхорӣ, ин пуштибонӣ ва қадршиносӣ ворисони Синои бузургро қувваю нерўи иловагӣ зам менамояд ва водорашон месозад, ки ба ин пешаи пурифтихор сазовор бошанд.

Ҳиммати дигари ин абармарди сарсупурдаи миллат дар рўзҳои даҳшатбор ба мардуми боиффату боори кишвар маслиҳати рў ба китоб овардани онҳо ва китобро аниси ҳамешагии хеш қарор доданашон буд, ки мо ҳамагон шоҳидем ва иҷрои Амри Президенти кишварро дар бораи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ҳар лаҳзаву соат дарк менамоем.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар қатори дигар вазорату идораҳои дахлдор дар ин рўзҳои душвори гузаранда ҳамрозу ҳамдарди мардуми кишвар аст ва барои аз вартаи тарсу ҳарос, руҳафтодагӣ амон бахшидани мардум тамоми имкониятҳои мавҷударо ба кор мебарад. Дар баробари дастгирии ворисони Сино ва одамони ба кўмаку ғамхорӣ ниёз дошта, бо ташкили гурўҳҳои корӣ байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад. Зимни вохўриҳо бо мардум шоҳид гаштем, ки мардум дар он рўзҳои дар хона нишастан дар баробари сомони корҳои зиндагӣ ба мутолиаи китоб машғуланд. Инро дида бори дигар ба қиммату нақши созандаи китоб дар ташаккули зеҳнии мардум, хоса ташаккули зеҳнии кўдакону наврасон боварӣ ҳосил менамоем.

Умедворем, ин беморӣ дар кишвари мо ва дигар кишварҳои олам роҳи табобаташро пайдо менамояд ва озмуни каломи оламгир, аниқтараш Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» дар як фазои солиму ором бо падид овардани чеҳраҳои воқеан ояндасоз ҷамъбаст мегардад.

Хулоса, бояд ва бояд китоб хонем то ба дардҳои худ, ба дардҳои ҷомеа аз саҳфаҳои заррини он ба худ даво пайдо намоем. Ва ин ҷо боз ёд меорем аз Ҷомии бузургвору гавҳарсухан:

Аниси кунҷи танҳоӣ, китоб аст,
Фурўғи субҳи доноиӣ, китоб аст.


Қурбон Ғуломзода,
Сардори раёсати рушди муассисаҳои
фарҳангӣ - фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент