Сомонаи пешина | Шб, 19 Сентябр 2020 / 13:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ПАЙРАВИИ ФАРҲАНГИЁН БА ИҚДОМҲОИ БАШАРДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

 

13 майи соли 2020 дар пайравӣ ба иқдомҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусу иқдомҳои созандаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва табобати гирифторони бемории сироятии короновирус бо ибтикори Раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ба Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» кумаки башардӯстона расонда шуд. Ҳамон рӯз ба ин маҷмааи тандурустӣ 25 халта орд, 75 литр равған, 300 килограмм картошка, 200 килограмм пиёз ва барои 25 нафар табибон пакетҳои алоҳида тақдим гардид.

Кормандони беморхона барои ин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ Муҳриддин Низомӣ изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки баҳри таъмини солимии ҷомеа хизмати мардумро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба ҷо меоранд.

Ҳамзамон, роҳбарият, ҳайати профессорон ва омӯзгорони Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ба табибони ҳозиқ, ки имрӯзҳо баҳри ҳифзи солимии мардум хизмати шабонарӯзӣ карда истодаанд, арзи сипоси бепоён намуданд.

Зафари ШАРИФ,
мудири кафедраи китобхонашиносӣ
ва бибиблиографишиносӣ