Сомонаи пешина | Дш, 25 Мая 2020 / 15:05
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

АЗ ВАБОИ АСР ХУДРОВУ АҲЛИ ОИЛА ВА ҶОМЕАРО ЭМИН НИГОҲ ДОРЕМ

Яке аз зуҳуроти мудҳиши асри XXI барои инсоният ин хуруҷи коронавирус COVID-19 гардид. «Ба ҳамагон маълум аст, ки айни замон бемории коронавирус COVID-19 ба аксарияти кишварҳои ҷаҳон роҳ ёфта, одамонро ба ташвиш андохтааст. Чуноне, ки аз тариқи васоити ахбори умум мушоҳида мегардад, теъдоди гирифторони ин навъи вирус ва фавтидагону шифоёфтагон рӯз то рӯз тағйир ёфта, дар баъзе кишварҳо рӯ ба коҳиш ва дар дигар кишварҳо рӯ ба афзоиш овардааст. Дар Тоҷикистон, ки ин беморӣ тайи рӯзҳои охир (аниқтараш 30. 04. 2020) ба қайд гирифта шуд, аз тарафи роҳбарияти Олии кишвар, ҷиҳати пешгирӣ ва табобати беморон тамоми чораҳо андешида шуд. Яке аз он чораандешиҳо ин маслиҳату тавсияҳои олимон, табибон ва мутахассиони соҳаи тандурустӣ мебошад, ки бо роҳҳои гуногун ба мардум расонида мешавад, то одамон аз чигунагӣ ва таъсири бади вирусу микробҳо худ ва дигаронро ҳимоя намоянд” навиштааст С. Пиров дар мақолаи худ “Аз таърихи микробҳо маълумот аз асари Сухарева”.

Бемории сирояткунандаи COVID-19 ба Тоҷикистони азизи мо аз ҳама дертар ворид гардида бошад ҳам, таъсири манфии хешро дар ҳаёти ҷомеа гузошта истодааст. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои муассир барои пешгирии он андешида мешаванд, то ин ки таъсири он ба ҳаёт ва иқтисодиёти кишвар камтар бошад.
Мо шоҳиди он будем, ки дар кишварҳои дигари ҷаҳон чӣ тавр зидди ин бемории аср муборизаи беамон мерафт ва дар аксари онҳо роҳҳои гуногуни пешгирӣ истифода мегардид. Аз таҷрибаи бадастовардаи кишварҳои ҳамсоя бархӯрдор гардида, Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои муассирро баҳри пешгирии ин беморӣ дар ҳудуди кишвар роҳандозӣ менамояд.
Аз ҷумлаи нахустин иқдомҳо баста шудани роҳҳои ҳавоӣ, рафтуои қатораҳо ва нақлиёти заминие, ки тавассути он мусофирон ба хориҷӣ кишвар интиқол мегардиданд, буд. Инчунин, шахсоне, ки аз дигар кишварҳои хориҷӣ ба ватан бозмегаштанд, ҳатман ба карантин гирифта шуда, тӯли ду ҳафта зери назорати табибони сироятшинос қарор мегирифтанд.
Дар тамоми муассисаҳои мусофиркашонӣ низоми сахти назорат, ҷоринамоии чораҳои санитарию гигиенӣ татбиқ гардида, ҳамарӯза нақлиётҳои мусофирбар бо моеи хлор ва дигар анвои зиддивирусӣ коркард мешаванд. Дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе корҳои безараргардонӣ: пошидани моеи хлордор, дар муассисаҳои гуногун, хусусан, дар бозору дӯконҳо, мағозаҳои хурду бузург чораҳои пешгирӣ аз беморӣ пурзӯр карда шуда, ҳангоми воридот ҳарорати харидорон санҷида шуда, дастони онҳо бо моеи спиртдор поку безарар карда мешуд, то ин ки паҳншавии беморӣ кам карда шавад.
Барои ба таҳлука наафтодани мардум, дар ҳар ҷаласаи ҳукуматӣ чораҳои дахлдор қабул гардида, диққати аввалиндараҷа ба баландравии нарху наво, таъминоти доруворӣ, омода кардани ҷойҳои махсус барои беморон, таъминот бо ниқобу маводи пешгирандаи беморӣ, пешгирии воҳима аз хабарҳои бардуруғ дар шабакаҳои Интернет ва ғайра аҳамияти махсус дода, ба идораҳои дахлдор супоришҳои мушаххасу саривақтӣ дода мешуд, аз ҷумла таъминоти тамоми беморхонаҳо бо таҷҳизот ва васоити зарурӣ, нарху навои дорухонаҳо, бозору мағозаҳои шаҳру деҳоти кишвар зери назорати қатъӣ қарор гирифта шуд. Аз захираҳои давлатӣ барои танзими нарху наво маводи озӯқаворӣ ва амсоли он бо нархҳои арзон ба фурӯш бароварда шуд.
Ҳамзамон, бо супориши Ҳукумати кишвар, Раиси шаҳри Душанбе ҷойҳои махсус барои шахсони ба карантин гирифташаванда пешопеш бунёд ва барои қабули онҳо омода мегарданд. Беморхонаҳои мо бо таҷҳизоти замонавии зиддисироятии коронавирус COVID-19 ҳаддалимкон таъмин буда, дар ҳолати зарурӣ беморонро қабул ва ба табобати онҳо ҷиддан муносибат менамоянд.
Ҷомеаи соҳибистиқлоли мо аз оилаҳо иборат аст ва ин оилаҳо ба монанди хиштҳое ҳастанд, ки дар мутаҳиддӣ сохтори ҷомеаро ташаккул медиҳанд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки пеш аз ҳама роҳҳои пешгирии бемориро дар доираи оилаҳои худ роҳандозӣ намоем, корҳои фаҳмондадиҳӣ, муносибат бо атрофиён ва хешу ақрабо дар давраи хуруҷӣ беморӣ ва ба воҳимаю таҳлука наафтоданро аз ҷойи муқаддас барои ҳар яки мо – яъне оила оғоз намоем. Албатта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳоро андешида истодааст, аммо барои рафъи бемории коронавирус COVID-19 бояд тамоми аҳолӣ муборизаи беамон барад. Ҳар яки мо метавонем, аққалан дар доираи оилаи худ як муҳити безарарро бунёд ва дар мубориза алайҳи беморӣ ба идораҳои ҳукуматӣ кӯмаки хешро расонем. Агар оилаи мо аз хатари таъсири беморӣ дар амон бошад, пас мубориза алайҳи коронавирус дар ҷумҳурӣ осонтар хоҳад буд. Тавре ки Пешвои миллат мефармоянд: “Мубориза алайҳи ин беморӣ, ки ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, вазифаи муқаддас ва аввалиндараҷаи ҳар фарди баномус мебошад”.
Иқдомҳои наҷиби Пешвои миллатро фарзонафарзандони кишвар сармашқи кори хеш намуда, бо ҷону дил дастгирӣ менамоянд ва то ба имрӯз ҳар яке аз онҳо аз рӯйи имкониятҳои хеш саҳми худро алайҳи пешгирии коронавирус COVID-19 гузошта истодаанд. Аз ҷумла, аз ҷониби шахсиятҳои саховатманди ҷумҳурӣ, кормандону муассисаҳои фарҳанги кишвар маблағҳои муайян барои пешгирии беморӣ интиқол мегарданд, ки боварӣ дорем дар татбиқнамои амалии нақшаи чорабиниҳои пешгирии беморӣ саҳми бориз хоҳанд гузошт. Хонаи китоби Тоҷикистон низ саҳми хешро дар пешгирии ин вабои аср мегузорад ва аллакай як миқдор маблағ ба Суратҳисоби мубориза алайҳи коронавирус, ки дар Вазорати молия фаъол аст интиқол дод.
Мо шоҳидем, ки Тоҷикистон соҳибистиқлоли мо дар оғози хурӯҷи коронавирус ба якчанд кишварҳои ба мо дӯст ёрии башардӯстона интиқол дода буд. Имрӯз барои пешгирии коронавирус дар Тоҷикистон аз ҷониби Ӯзбекистон, Қазоқистон, Россия, Чин, Амрико ва дигар кишварҳои дунё ёрии башардӯстона
ворид мегарданд. Кишварҳои дӯсту ҳамсояи мо Ӯзбекистон на танҳо бо маводи ғизоию васоити пешгирии беморӣ, балки бо табибону таҷҳизоти хеш ба Тоҷикистон кӯмаки беғаразонаи хешро мерасонанд ва боварӣ дорам, ки халқи тоҷик ин иқдоми онҳоро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард.
Дар охир аз ҳамаи ҳамватанон хоҳиш менамоям, ки ҳаддалимкон ба тозагию гигиенаи шахсӣ ва маслиҳатҳои муфиде, ки аз ҷониби табибони ҳозиқ пешниҳод мегарданд, риоя намоянд, то худу аҳли оилаи хешро аз ин вабои аср эмин нигоҳ доранд.
Таҷрибаи Чин нишон дод, ки пешгирии коронавирус танҳо тавассути риоя намудани чораҳои сахттарини бехатарӣ натиҷаи самаровар хоҳанд дод. Аҳолии кишвар, хусусан шаҳру навоҳӣ бояд аз таҷрибаи кишварҳои дигар тавассути расонаҳои давлатӣ ва аз шабакаи Интернет бохабар бошанд ва низоми давраи гузаришро қатъиян риоя намоянд. Албатта, ба кӯчаву хиёбон, ҷойи кору мағоза бе ниқоб нараванд, ба тозагӣ ва ҳолатҳои санитарию эпидемиологӣ диққати ҷиддӣ диҳанд, дар ҳолати пайдо шудани аломатҳои беморӣ дар хона худро аз дигарон ҷудо (изолятсия) намоянд, то ин ки наздикону аҳли оилаи хешро аз хатари гирифтори беморӣ шудан ҳифз намоянд. Дар ҳолати баланд шудани ҳарорати бадан ба духтури оилавӣ муроҷиат намоянд ва ҳар маслиҳате, ки табибон медиҳанд онро ҳатман риоя ва иҷро намоянд.

Директори Хонаи китоби Тоҷикистон
Қурбон Бӯризода 

Акс аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон «moh.tj»