Сомонаи пешина | Шб, 19 Сентябр 2020 / 14:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

 

Бемории сироятии коронавируси COVID-2019 имрўзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳлука овардааст. Аз ин рў, аҳли ҷомеа бар зидди паҳншавии ин вабои аср бархоста, тамоми имкониятҳоро истифода мебаранд, ки интиқол ва паҳншавии ин бемориро нигоҳ доранд. Мубориза бар зидди коронавирус мавзуи муҳимест, ки диққати аҳли ҷомеаро ба худ ҷалб кардааст.

Аҳли фарҳанги кишвар низ оид ба пурзўр намудани чораҳои пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар ҷумҳурӣ чораҳои таъхирнопазир андешида истодаанд.

Аз ҷумла, Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ" дар пайравӣ ба иқдоми хайрхоҳонаи Пешвои муаззами миллат маоши якрўзаи кормандони театро ба суратҳисоби махсуси Фонди мубориза бар зидди бемории сироятии коронавирус гузаронда, ҳайати Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдали Вализодаи шаҳри Кўлоб бо мақсади дастгирии шаҳрвандон дар вазъияти кунунӣ ниқобҳои чандкаратаи тиббӣ ва маводҳои антисептикиро харидорӣ намуда‚ ба маҳаллаҳо тақсим намуданд.

Чунин иқдомҳои хайрхоҳона аз ҷониби дигар муассисаҳои фарҳангӣ низ амалӣ карда шуда истодаанд. Масалан, ҳунарпешаҳои Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл.Маяковский бо дарки амиқи заҳматҳои кормандони соҳаи тиб ва муҳимияти фаъолияти пурсамари онҳо дар мубориза бар зидди бемории сирояти коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати дастгирии соҳаи тандурустии мамлакат ба маблағи 1300 (як ҳазору сесад) сомонӣ маводҳои зарурӣ, аз ҷумла маҳлулҳои антисептикӣ‚ айнакҳои тиббӣ ва хўрока ба табибону беморони Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов ва Маркази миллии тиббии «Шифобахш» (Қараболо) дастрас намуданд.

Ҳамчунин ҳайати Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо мақсади дастгирии шаҳрвандон дар вазъияти баамаломада ниқобҳои чандкаратаи тиббӣ ва маводҳои антисептикиро харидорӣ намуда‚ ба маҳаллаҳо тақсим намуданд.

Бояд қайд кард, ки аз ҷониби дастгоҳи марказии вазорат ва муассисаҳои зертобеъ то имрўз  наздики 40 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Фонди мубориза бар зидди бемории сироятии коронавирус ворид гардида, ин иқдом идома дорад.

Аҳли фарҳанги кишвар дар ин рўзҳои ҳассос риояи қатъии талаботҳои бехатарӣ аз сироятро пурзўр карда‚ баҳри бартараф намудани ин вабои аср саҳми худро минбаъд низ мегузоранд.