Сомонаи пешина | Шб, 19 Сентябр 2020 / 14:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Инро ҳам паси сар мекунем

 

Дар асоси муроҷиатномаи Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба сокинони вилояти Хатлон, аз 4 майи соли 2020. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади таъмини иҷрои Амру Фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус — COVID-19 дар сатҳи вилоят Ситоди доимоамалкунанда фаъолият намуда, тамоми ниҳодҳои дахлдор тадбирҳои зиддиэпидемикиро ҷиҳати пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти нави коронавирус дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят вусъат дода истодаанд. Аз ҷумла, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят безараргардонии бинои ташкилоту муассисаҳо ва кӯчаву хиёбонҳо бо мақсади пешгирии CОVID-19 гузаронида шуда истодааст. Бо кумаку дастгирии кормандони ,,Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон шуъбаи минтақаи Кӯлоб,, безараргардонии бинои Муассисаи давлатии ,,Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб, толорҳои хониши истифодабарандагон ва ҳуҷраҳои кории кормандон бо маводҳои зиддивирусӣ аз ҷониби мутахассисони соҳа гузаронида шуд.

Бо мақсади тақвияти корҳои пешгирикунанда ва мубориза бар зидди вируси нави COVID-19, дастгирии кормандони соҳаи тиб, ки дар ин шабу рӯз ҷиҳати ҳифзи саломатии аҳолӣ заҳмат мекашанд, бо бемории сироятии Коронавирус талоши доимӣ доранд, истифода аз ҳама имкониятҳо кумаку дастгириҳои иҷтимоӣ намудан кори хайру савобест дар моҳи шарифи ,,Рамазон,,. Бо ин ниятҳои нек аз ҷониби фаъолони ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб аъзоёни ташкилоти ибтидоии ,,Ганҷи дониш,,-и назди Китобхона ба хонадони яке аз табибони Беморхонаи сироятии ш.Кӯлоб - Сафаров Умар маводи хӯрока ҳамчун кумак расонида шуд.

Барои пешгирӣ аз ин вирус Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва мақомотҳои дахлдор корҳои саривақтӣ ва чораҳои пешгириро амалӣ карда истодаанд. Умед ва боварии комил дорем, ки дар муддатҳои наздиктарин ин вабо паси сар мешавад.


Обидзода Саймуҳаммад Рустам
Директори Муассисаи давлатии
"Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон
ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб"