Сомонаи пешина | Дш, 25 Мая 2020 / 17:05
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “Хона ба хона” барои пешгирии паҳншавии COVID – 19

 

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои зерсохтор дар шаҳри Душанбе баҳри баланд бардоштани огоҳии аҳолӣ оид ба бемории коронавирус COVID – 19 ва пешгирии паҳншавии ин беморӣ бо усули “Хона ба хона” бо аҳолӣ сӯҳбатҳо мегузаронанд.

Дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода аз кўчаи Раҳмон Набиев ва хиёбони Борбад боздид ба амал оварда, бо гурўҳҳои корӣ суҳбат намуд ва дастуру маслиҳатҳои мушаххас дод.

Ин навбат гурўҳи корӣ дар ҳайати сардори бахши танзими техникии дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Комронӣ, кормандони Филармонияи давлатии бачагона бо роҳбарии директори муассисаи мазкур Салоҳиддин Разоқов дар кўчаи Раҳмон Набиев, минтақаи 53 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо усули «Хона ба хона» бо 184 хонавода корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуданд.

Гурўҳи кории дигар дар ҳайати кормандони Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский бо роҳбарии директори театр Мунира Дадаева дар хиёбони Борбад бо 139 хонавода сӯҳбатҳо гузарониданд
Гурўҳи кории сеюм дар ҳайати кормандони Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ ва омўзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50 ноҳияи Сино дар хиёбони Борбад бо 256 хонавода вобаста ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус COVID – 19 корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Боиси зикр аст, ки ҳамаи аҳли гуруҳҳои корӣ бо риояи фосилаи иҷтимоӣ ва истифодаи ниқобҳои тиббӣ бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Зимни сӯҳбатҳо асосан зикр гардид, ки барои пешгирии сироятёбӣ аз ин беморӣ пеш аз ҳама тоза нигоҳ доштани дастон зарур аст. Дастонро зуд-зуд бо собун бо риояи тарзи дурусти дастшӯӣ шустан ё бо маҳлулҳои безараргардонӣ тоза кардан зарур аст. Инчунин аз шахси нишонаҳои беморӣ дошта дар масофаи 1,5 метр дур истодан лозим мебошад. Бо дастони чиркин ба чашму бинӣ ва даҳон набояд расид, зеро он роҳи асосии сироятёбӣ мебошад. Зикр гардид, ки бидуни эҳтиёҷ ба кӯча баромадан зарур нест. Инчунин ба шахсони сину солашон аз 60 боло дар хона мондан тавсия монда мешавад. Бо мақсади гирифтани пеши роҳи паҳншавии беморӣ бо даст салом кардан, ба оғӯш гирифтан ҳангоми холпурсӣ манъ аст. Инчунин пизишкон тавсия медиҳанд, ки ҳангоми ба кӯча баромадан ниқобҳои тиббӣ пӯшидан зарур аст. Дар ҳолати зарурӣ шаҳрвандон метавонанд, ки дар хона бо истифода матоъҳои пахтагин ва дока ниқоб дӯзанд. Ҳангоми мушоҳида кардани баландшавии ҳарорати бадан, сулфазанӣ ва душворшавии нафаскашӣ зуд ба ёрии таъҷилӣ занг задан лозим аст.