Сомонаи пешина | Дш, 25 Мая 2020 / 15:05
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Бозёфти бостоншиносони тоҷик дар ноҳияи Хуросон

Зимни ковишҳои бостоншиносӣ дар харобаҳои шаҳри қадимаи Халқаҷари ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дар натиҷаи сағонаҳои дар кӯҳ кандашудаи кушонӣ, боқимондаҳои қабри як ашрофи сарватманд, хонаҳои истиқоматӣ, хуму кӯзаҳо, аз ҷумла бо тасвири одам ва шер, сикка ва ғайра пайдо карда шуданд.

Муовини раиси ноҳияи Хуросон Нуринисо Подшоҳзода иброз дошт, ки тули чанд мудат бо роҳбарии сардори шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих Давлатхоҷа Довудӣ дар харобаҳои шаҳри қадимаи Халқаҷари ноҳияи Хуросон корхои бостоншиносӣ идома доранд ва дар натиҷа аз он ҷо ашйёҳои таърихӣ, аз ҷумла хуму кӯзаҳо, бо тасвири одам ва шер, сикка ва ғайра ёфт гардида, кор дар ин самт боз ҷараён дорад.

Нуринисо Подшоҳзода илова намуд, ки солҳои охир дар Тоҷикистони азизу маҳбубамон аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар махсусан, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзу нигаҳдошт ва бозёфтҳо дар мавзеҳои нодиру таърихии шаҳру навоҳии мамлакат диққати хуб дода мешавад. Агар аз ҷониби бостоншиносон ковишҳои бостоншиносӣ боз тақвият ёбад, эҳтимолияти аз мавзеъҳои таърихии ноҳия пайдо намудани бозёфтҳои нодир зиёд хоҳад шуд.

Ба гуфти доктори илмҳои таърих Давлатхоҷа Довудӣ дар яке аз гӯрҳо сиккаи шоҳи кушонӣ Васудева ёфт шудааст, ки ба асри III-и мелод тааллуқ дорад. Муҳимтарин бозёфт ороишоти тиллоие мебошад, ки бо санги ақиқ ва тасвири кентавр - ҷонвари тахаюлӣ, ки аз миён болояш одам ва аз миён поёнаш асп аст, зиннат ёфтааст.

Гуфта мешавад, ки Ҳалқаҷар яке аз шаҳрҳои тараққикардаи замони Кушониён буда, сокинони маҳаллӣ дар вақти кишту кор аз атрофи он шумораи зиёди сиккаҳои кушонӣ ва дигар асбобҳои бостонӣ пайдо кардаанд.

Аз ҷумла, соли 1999 дар инҷо як ганҷинаи сиккаҳои тиллоии шоҳи Кушониён Ҳувишка ёфт шуда буд. Омӯзиши ин ёдгории нодир имконият медиҳад, ки саҳифаҳои нави таърихи миллати тоҷик дар замони Кушониён (а. II п.м. - III мелод) кушода ва дастраси мардуму аҳли илм гарданд.

Ёдовар мешавем, ки дар харобаҳои шаҳри қадимаи Халқаҷари ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон бо роҳбарии сардори шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих Давлатхоҷа Довудӣ ва директори Осорхонаи миллӣ Абдувалӣ Шарифзода, корманди он Фаррух Сафоев аз 23 апрел ковишҳои бостоншиносӣ оғоз гардида, он то 23 май идома меёбад.