Сомонаи пешина | Дш, 21 Сентябр 2020 / 02:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Кормандони соҳаи фарҳанг байни аҳолӣ оид ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва пешгирӣ аз сирояти коронавирус COVID – 19 бо усули “Хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд

Кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои зерсохтори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Аз ҷумла сӯҳбатҳо оид ба баланд бардоштани огоҳии аҳолӣ оид ба бемории коронавирус COVID – 19 бо усули “Хона ба хона” дар маҳаллаи Хуҷандии минтақаи 53 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҷониби гурӯҳи корӣ, ки аз кормандони Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанг ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов иборат буданд, гузаронида шуд. Гурӯҳи мазкур бо 188 хонавода сӯҳбатҳо гузарониданд.

Гурӯҳи дигар бо роҳбарии Директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумњуриявӣ ба номи Мирисаид Миршакар Сафарзода Ҳусейн ва дар ҳайати кормандони ин китобхона дар кўчаи Борбад бо 62 хонавода сӯҳбатҳо гузаронида, онҳоро бо маълумоти зарурӣ оид ба бемории коронавирус COVID – 19 огоҳ намуданд.

Гурӯҳи сеюм дар ҳайати кормандони Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанг, Ансамбли давлатии рақсии хизматнишондода «Лола» ба номи Ғ. Валаматзода, Ансамбли тарона ва рақси «Сомон» дар кӯчаи Ҷомӣ бо 579 хонавода сӯҳбатҳо гузарониданд.

Зимни сӯҳбатҳо асосан зикр гардид, ки барои пешгирии сироятёбӣ аз ин беморӣ пеш аз ҳама тоза нигоҳ доштани дастон зарур аст. Дастонро зуд-зуд бо собун бо риояи тарзи дурусти дастшӯӣ шустан ё бо маҳлулҳои безараргардонӣ тоза кардан зарур аст. Инчунин аз шахси нишонаҳои беморӣ дошта дар масофаи 1,5 метр дур истодан лозим мебошад. Бо дастони чиркин ба чашму бинӣ ва даҳон набояд расид, зеро он роҳи асосии сироятёбӣ мебошад. Зикр гардид, ки бидуни эҳтиёҷ ба кӯча баромадан зарур нест. Инчунин ба шахсони сину солашон аз 60 боло дар хона мондан тавсия монда мешавад. Бо мақсади гирифтани пеши роҳи паҳншавии беморӣ бо даст салом кардан, ба оғӯш гирифтан ҳангоми холпурсӣ манъ аст. Инчунин пизишкон тавсия медиҳанд, ки ҳангоми ба кӯча баромадан ниқобҳои тиббӣ пӯшидан зарур аст. Дар ҳолати зарурӣ шаҳрвандон метавонанд, ки дар хона бо истифода матоъҳои пахтагин ва дока ниқоб дӯзанд. Ҳангоми мушоҳида кардани баландшавии ҳарорати бадан, сулфазанӣ ва душворшавии нафаскашӣ зуд ба ёрии таъҷилӣ занг задан лозим аст.