Сомонаи пешина | Дш, 25 Мая 2020 / 16:05
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Шуъбаи маорифи ноҳияи Дарвоз яке аз утоқҳои кориро ба китобхона табдил дод

 

Шуъбаи маорифи ноҳияи Дарвоз дар яке аз утоқҳои бино китобхона ташкил кард, ки кормандони шуъба метавонанд дар лаҳзаҳои фориғ аз кор ба мутолиаи китоб машғул шаванд. Дар ин ҷо ҳам китобҳои илмию адабӣ ва ҳам соҳавию фаннӣ гирд оварда шудаанд.

Ҳарчанд дар маркази ноҳияҳо ва ҳар як деҳаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон китобхона вуҷуд дорад, аммо ташкили китобхонаҳо дар идораву муассисаҳо аз аҳамияти хос бархурдор аст. Аз як сӯ  чунин китобхонаҳо бо дархости худи кормандон бо китобҳо, маҷаллаву рӯзнома ва дастуру санадҳои зарурии соҳаи маориф  таъмин карда мешаванд, аз сӯи дигар, кормандон барои дарёфти китобҳои зарурӣ  ниёз надоранд, ки ба китобхонаҳои дигар муроҷиат намоянд.

http://khovar.tj/wp-content/uploads/2020/04/55-3-300x204.jpg 300w" sizes="(max-width: 301px) 100vw, 301px" style="max-width: 100%; margin: 5px 0px 20px 20px; padding: 0px; border-width: initial; border-style: none; outline: 0px; vertical-align: top; background: transparent; float: right; height: auto !important;">Мудири шуъбаи маорифи ин ноҳия Сунатулло Солеҳзода гуфт, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба масъалаи китобу китобдорӣ ва мутолиаи китоб таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, иброз доштанд, ки «китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳангӣ табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок  кардани аҳли ҷомеа буда, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва инсонро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамун месозад».

Мудири маорифи ноҳия гуфт, ки як қисми ин китобҳоро Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва қисми дигарашро худи кормандони шуъбаи маорифу омӯзгорони ноҳия ба китобхона тақдим кардаанд.

Ҳоло дар ин китобхона қариб 4 ҳазор нусха китоб гирд оварда шудаанд. Ба гуфтаи кормандони шуъбаи маориф, аз тарафи сокинони ноҳия супоридани китобҳо идома дорад.

 

АМИТ «Ховар»

http://khovar.tj/2020/04/shubai-maorifi-no-iyai-darvoz-yake-az-uto-oi-koriro-ba-kitobhona-tabdil-dod/