Сомонаи пешина | Шб, 19 Сентябр 2020 / 13:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Баргузории даври вилоятии «Библиомарафон» дар Бадахшон

Дар Китобхонаи вилоятии ба номи А. Рўдакии шаҳри Хоруғ озмуни вилоятии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» баргузор гардид. Дар озмун толибилмоне, ки ғолиби даври ноҳиявии озмун гардиданд, иштирок ва ҳунарнамоӣ намуданд. Сароғоз сардори шуъбаи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сайёд Қурбонмамадов иштирокдорони даври вилоятии озмунро табрик намуда, ба онҳо дар даври навбатӣ барору комёбӣ орзу намуд.

Сипас иштирокчиён ҳунари худро манзури ҳакамони озмун гардониданд. Ҷойи якум байни хонандагони синфи 4 ба хонандаи синфи 4-и мактаби №14 – и ноҳияи Мурғоб Худоназарова Айёрсултон, , ҷойи дуюм ба хонандаи синфи 4 мактаби №2– и шаҳри Хоруғ Раҷабова Қурбонхотун, ҷойи сеюм ба хонандаи синфи 4-и мактаб-литсейи Оғохон Муминшоева Ҷамол сазовор дониста шуд. Байни хонандагони синфи 5 хонандаи синфи 5-и мактаби №26–и ноҳия Роштқалъа Назаршоев Назаршо сазовори ҷойи 1, Мусофирова Шаҳноза-хонандаи синфи 5-и мактаби №1-и ноҳияи Дарвоз сазовори ҷойи 2 ва Одилова Хуршеда-хонандаи синфи 5-и мактаби рақами 21 – и ноҳияи Ишкошим сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Дар охир аз тарафи Сардори шуъбаи фарҳанги вилоят ва муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода ба иштирокдорони озмун Диплому ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.