Сомонаи пешина | Дш, 25 Мая 2020 / 17:05
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«ИШҚИ ВАТАН». Ин спектакл ба бузургдошти шоири ҷанговар Ҳабиб Юсуфӣ ва 75-солагии Ғалаба бар фашизм бахшида шудааст

 

Чанде пеш Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба ифтихори 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва бузургдошти шоири ҷанговар Ҳабиб Юсуфӣ драмаеро бо номи «Ишқи Ватан» омода сохт. Спектакл 9  май дар Рӯзи Ғалаба аз тариқи телевизион манзури тамошобинон мегардад.

Намоишнома аз рӯи пйесаи рӯзноманигори шинохта ва драматурги соҳибистеъдод Раҷабалӣ Қудратзода таҳия шудааст. Коргардон-таҳиягари он  барандаи ҷоизаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Қурбонзода мебошад. Нақшҳои асосиро Насриддин Асадуллоев,  Исфандиёр Ғуломзода, Салоҳиддин Шукурзода,  Бобоҷон Ҳасанов ва дигарон офаридаанд.

Ин намоишнома гувоҳи  он аст, ки Ғалаба бар фашизм иди умумии ҳамаи халқҳои собиқ Шӯравӣ ва мардуми сулҳпарвари ҷаҳон мебошад,  далели он аст, халқи тоҷик ҳам дар пирӯзӣ саҳми босазо дорад.  Аз ҷумла, Ҳабиб Юсуфӣ ҳам бо қалам, ҳам бо силоҳ задди адӯ қаҳрамонона ҷангида буд. Ёди шаҳидони ҷанги хонумонсӯз абадан зинда хоҳад буд.

Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам,
Ба ҳарфи Ватан гӯш дорад дилам.

Ин суханони пурҳарорати ватандӯстона ба қалами шоири мумтоз, шаҳиди майдони набард бо фашистони лаин Ҳабиб Юсуфӣ тааллуқ дорад .

Ӯ ба мисли ҳазорон ҳазор сарбозон, аз ҷумла ҳамқаламонаш нависанда Ҳаким Карим, олими забоншинос ва муҳаққиқи адабиёт Лутфулло Бузургзода, драмнависон Абдушукур Пирмуҳаммадзода ва Абулҳақ  Усмонов ҷони худро дар роҳи Ватан нисор кард.

Вале номи ин шоири  машҳур ва каломи оташбораш вирди забонҳост.

 

АМИТ «Ховар»

http://khovar.tj/2020/05/ish-i-vatan-in-spektakl-ba-buzurgdoshti-shoiri-angovar-abib-yusuf-va-75-solagii-alaba-bar-fashizm-bahshida-shudaast/