Сомонаи пешина | Дш, 21 Сентябр 2020 / 02:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Муаррифии китоби “Созҳои мусиқӣ дар низоми санъати Шашмақом”

Чанде пеш, дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ” таҳти унвони “Китобошноӣ” маҳфили адабӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар он, китобҳои тозанашри номзади илмҳои санъатшиносӣ Мурод Эшонқулов бо номҳои “Созҳои мусиқӣ дар низоми санъати Шашмақом” (“Музыкальные инструменты в системе искусства шашмакома”) ва “Созҳои миллии Шашмақом” (Национальные инструменты макома), муаррифӣ карда шуд.

Маҳфилро Абдуқодир Абдуқаҳҳор, директори Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи А.Лоҳутӣ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки шурўъ аз оғози соли равон дар китобхонаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутӣ як маҳфили адабӣ-фарҳангие таҳти унвони “Китобошноӣ” баргузор мегардад ва ҳар нафаре, ки асари тозае таълиф мекунад, онро дар ин боргоҳи ҳунар муаррифӣ мекунад, то ин ки дўстдорони калому ҳунар бохабар шаванд, ки эҷодкоре барои ғанӣ гардонидани мероси маънавии миллиамон асари мондагореро ба ёдгор гузоштааст. Мавсуф, ҳамзамон, илова намуд : “Мурод Эшонқулов пажўҳишгари асбобҳои миллии тоҷикӣ ҳастанд ва мо бовар дорем, ки китобҳои таълифнамудаи ўро донишҷўёне, ки дар риштаи мусиқӣ таҳсил мекунанд, ҳамчун адабиёти таълимӣ фаровон истифода хоҳанд бурд”.
Зикр шуд, ки китоби “Созҳои мусиқӣ дар низоми санъати Шашмақом” ба истифодаи асбобҳои мусиқӣ дар низоми санъати шашмақом бахшида шудааст. Дар китоб ҷабҳаҳои гуногуни асбобҳои миллии халқҳои Осиёи Марказӣ – тоҷикон ва ўзбекон мавриди таҳқиқ қарор дода шудаанд. Муаллиф зимни ҷамъоварӣ ва омўзиши маводи илмӣ оид ба намудҳо, тарзи омодасозӣ, истифода, оҳанг ва садои асбобҳои мусиқӣ, мисли танбўр, сато, дутор, чанг, қонун, уд, рубоби қошғарӣ ва афғонӣ, ғиҷҷак, доира, най ва қошнай маълумоти муфассалро пешкаши хонандагон кардааст. Инчунин, истифодаи ин асбобҳо дар марҳилаи ҷории тамаддуни фарҳангӣ муайян карда шудааст. Ғайр аз ин, дар китоб оид ба таърих ва омўзиши шашмақом, сохт ва ҷуршавии созҳои миллӣ ва таҳлили қисми мушикилот, яъне қисми навозиши шашмақом ҷой дода шудааст.
М. Эшонқулов рисолаи номзадии худро таҳти унвони “Созҳои миллӣ дар низоми шашмақом” дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҳимоя намудааст. Баъд аз ҳимояи рисолаи номзадии ў, роҳбарияти Донишкадаи таърихи санъати Россия (РИИИ), ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳматнома фиристода, аз ҷумла чунин изҳор намуд: “Шаҳрванди Шумо нахустин корманди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов мебошад, ки дар Донишкадаи таърихи санъати Россия ба номи Граф Зубов номзадии худро дар соҳаи шашмақом ҳимоя намудааст”.
Шоир ва ҳунарманд, директори мактаби мусиқии №6-и шаҳри Душанбе Озари Ориф иброз дошт, ки М. Эшонқулов яке аз шахсиятҳое мебошад, ки донандаи жанри бузурги мақом ва донандаи таъриху тамаддуни мусиқии халқи тоҷик ба шумор меравад. Ин марди ҳунар, дар баробари донистани жанри суннатии шашмақом, беҳтарин навозанда дар сози танбур буда, бар замми ин, яке аз беҳтарин навозандаҳои созҳои нафасӣ низ ҳаст. Яке аз чеҳраҳое мебошад, ки номзадии худро дар Федератсияи Россия ҳимоя намуда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргашта, ба халқу Ватани худ хизмат намуда истодааст. Хушбахтона, имрўз натиҷаи заҳматҳои эшон пешкаши устодону шогирдон ва ҳаводорони санъати асили тоҷик гардонида шудааст, ки ин як падидаи нек аст.
Қурбони Қурбониён, профессори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов дар бораи фаъолияти эҷодиву илмии М. Эшонқулов суҳбат намуд. Ў, аз ҷумла иброз дошт, ки М.Эшонқулов дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона мутахассисе аст, ки номзадии худро бо ихтисоси созшиносӣ ҳимоя кардааст. Бо боварии комил метавон гуфт, ки “Созҳои мусиқӣ дар низоми санъати шашмақом” китобест, ки барои тақвият ёфтани жанри шашмақом ҳиссаи арзандаи худро хоҳад гузошт: “Умедворам, ки М. Эшонқулов бо истифода аз ҳунару маҳорати баланди касбияш дар оянда низ боз ҳам баҳри рушду нумуи фарҳангу санъати асили тоҷик хизмат намуда, дар ин ҷода, мақому мавқеи арзандаи худро пайдо хоҳад кард”,-афзуд Қ. Қурбониён.
Сипас, М. Эшонқулов оид ба санъати шашмақом ибрози андеша намуда, гуфт: “Воқеан ҳам, жанри суннатии шашмақом муаррифгари фарҳанги миллати тоҷик ба шумор меравад. Боиси хушнудист, ки ҳанўз 20-сол қабл бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12- май “Рўзи шашмақом” эълон гардид, ки он ҳамасола таҷлил карда мешавад. Пешвои миллат борҳо аз мутахассисони соҳа даъват ба амал овардаанд, ки дар барқарор ва дигаргунӣ кардани китобҳои вобаста ба жанри шашмақом саҳми худро гузоранд. Президенти мамлакат дар яке аз суханрониҳои худ чунин таъкид карда буданд: “Гирд овардан, ҳифз кардан ва инкишоф додани ганҷинаи мусиқии касбии классикӣ ба тарбияву парвариши ҳунармандони болаёқати ин соҳа вобаста аст”. Китоби навиштаи ман бо дигаргуниҳои назаррас рўи чоп омадааст, ки умедворам, барои тақвият бахшидани жанри суннатии шашмақом хизмат хоҳад кард”.
Дар идомаи маҳфил китоби “Дувоздаҳмақом”, ки бо қалами нависандаи чинӣ Тумур Давамат тааллуқ дорад, муаррифӣ гардид. Китоби “Дувоздаҳмақом” бо 4 забон-англисӣ, лотинӣ, хитоӣ ва уйғурӣ навишта шудааст. М. Эшонқулов дар ин бобат чунин қайд карданд: “Ин китоби нодирро соли 2011 дар ҷашни “Рўзи шашмақом” аз ҷониби ансамбли шашмақоми уйғурҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки ба шаҳри Душанбе ташриф оварда буданд, ба ман туҳфа намуданд. Ман низ ба онҳо китобҳои арзишмандеро бо номҳои “Нолаи танбур” (қисмҳои якуму дуввум) ва “Синахурўш”-ро тақдим намуда будам, ки ба онҳо писанд омад. “Дувоздаҳмақом” камёфт аст, бинобар ин, ман ният дорам, ки дар оянда ин китобро тарҷума намуда, пешкаши ихлосмандон ва донишҷўёну устодон гардонам”.
Дар поёни маҳфил Мурод Эшонқулов ҳамроҳи навозандаи асбоби мусиқии зарбӣ Ойбек Ҷўраев чанд оҳанги классикии шашмақомро бо садои дилнишини танбур манзури иштирокчиён гардониданд, ки хеле ҷолибу хотирмон буд.
Ёдрас мешавем, ки 7 ноябри соли 2003 бахши фарҳангии Созмони Миллали Муттаҳид — ЮНЕСКО шашмақомро шоҳкории бузурги мусиқии ҷаҳонӣ ва ёдгори маънавии инсоният эълон кард.

Ибодуллоҳи ТОҲИР