Сомонаи пешина | Пш, 02 Апрел 2020 / 23:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Мизи мудаввар ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик

 

11 марти соли 2020 дар китобхонаи муассисаи таълимии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов таҳти унвони “Бухорои шариф”-нахустин рӯзномаи тоҷикист» мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар роҳбарияти муассисаи таълимӣ, омӯгорон ва донишҷӯёни ихтисоси рӯзноманигорӣ иштирок карданд.
Дар оғоз мудири кафедраи рӯзноманигорӣ ва китобхонашиносӣ Миралӣ Воҳидов суханронӣ карда, дар бораи нахустрӯзномаи тоҷикӣ “Бухорои шариф” маълумот дод. Номбурда дар баромадаш қайд кард, ки 11 марти соли 1912 рӯзномаи “Бухорои шариф” таъсис ёфта, ҳамагӣ 153 шумора нашр гардидааст. Дар муддати камтар аз як соли мавҷудияташ рӯзнома тавонист, ки дар рушди минбаъдаи матбуоти тоҷик заминаи муҳим гузорад.
Сипас, омӯзгори Коллеҷи фарҳанг Саврия Қурбонова ва донишҷӯёни фаъол оид ба таърихи ташаккул ва инкишофи матбуоти тоҷик маърӯзаҳо намуданд.
Дар охир муовини директор оид ба таълим Абдураҳмон Атоев . суханронӣ карда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ва нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ “Бухорои шариф” табрику муборакбод гуфта, донишҷӯёнро барои боз ҳам бештар омӯхтани илму дониш ҳидоят намуд.