Сомонаи пешина | Ҷм, 03 Апрел 2020 / 01:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вохӯрии Вазири фарҳанг бо Сафири Ҷопон

 

12 марти соли 2020 Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаюки Мияшитаро ба ҳузур пазируфт.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи фарҳангӣ сӯҳбат намуданд.

Вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода ҷаноби сафирро хайрамақдам гуфта, оид ба сиёсати дарҳои бози роҳбарияти кишвар ҳарф зад ва иброз дошт, ки Тоҷикистону Ҷопон ҳамкориҳои хуби фарҳангиро ба роҳ мондаанд ва минбаъд барои тақвияти онҳо кӯшиши бештар ба харҷ дода мешавад.

Ҷаноби сафир Такаюки Мияшита иброз дошт, ки нисбати забон ва фарҳанги тоҷик шавқи зиёд дорад ва барои муаррифии фарҳанги тоҷик ба халқи ҷопон ва шиносонидани халқи тоҷик бо фарҳанги ҷопон чорабиниҳои гуногун мусоидат хоҳанд кард.
Сӯҳбат дар фазои хушу дӯстона сурат гирифт.