Сомонаи пешина | Ҷм, 03 Апрел 2020 / 00:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик

11 марти соли 2020 дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик чорабинии ҷолиби идона баргузор гардид.

Меҳмонони чорабинӣ қабл аз оғози қисми расмии чорабинӣ аз намоиши ҷолиби китобӣ, ки дар саҳни театр аз ҷониби нашриёти “Адиб”таҳия гардида буд, баҳра бардоштанд.

Қисми расмии чорабинӣ дар толори театр бо суханронии Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода ҳусни оғоз ёфт. Мавсуф доир ба роҳи тайкардаи матбуоти тоҷик сухан гуфта, иброз дошт, ки «нақши рӯзноманигорон дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ва баррасии муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷомеа муҳим ва арзанда мебошад. Аз ин рӯ рӯзноманигорон бояд дар самти фаъолияти худ масъулиятшинос ва зимни баррасии масъалаҳои доғи ҷомеа дақиқназар бошанд».

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода аҳли қаламро бо рӯзи иди касбӣ табрик гуфта, ба рӯзноманигорон барои дастаҷамъона пеш бурдани сиёсати созандаи роҳбарият ва саҳми арзанда гузоштан дар боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон муваффақият таманно намуд.

Барномаи идонаро таронаҳои дилнавози сарояндагони хушсалиқаи тоҷик ва устодони санъат ҳусни тоза бахшиданд.

Баъди бахши мусиқӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ба як гурӯҳ рӯзноманигорони фаъол унвони «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» ва Ифтихорномаҳои Вазорати фарҳангро супорид.

Раиси иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода низ рӯзноманигоронро табрик гуфта, дар вазъи тантанавӣ радиои сол, телевизиони сол, маҷалла, агентӣ, маркази матбуот, рӯзноманигор ва коршиноси солро эълон намуд. Зиннатулло Исмоилзода иброз дошт, ки барандагони Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 2019 муайян шудаанд ва аз собиқадорони соҳа хоҳиш кард, ки ба ғолибон ҷоизаро супоранд. Ба гирифтани ҷоизаи мазкур дар соҳаи матбуот сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсон Сафарзода, дар бахши телевизион директори Филиали миллии Ширкати байнидавлатии симо ва садои «Мир» Вера Исмоилова ва дар бахши радио сармуҳаррири Радиои «Овози тоҷик» Фазилат Иброҳимова сазовор шуданд.