Сомонаи пешина | Дш, 21 Сентябр 2020 / 01:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар ноҳияи Деваштич озмуни «Маликаи наврӯзӣ» доир гардид

 

Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Қасри  маданияти ноҳияи Деваштич озмуни «Маликаи наврӯзӣ» доир гардид.

Тавре аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич хабар доданд, озмуни мазкур бо мақсади ба касбомӯзиву ҳунармандӣ ҷалб намудани хонандагон, фароҳам овардани шароит барои инкишофи истеъдод, баланд бардоштани дарки зебоипарастии ҷавонон ва ҳавасманд намудани ҳунармандони наврасу боистеъдод аз рӯи 5 шарт: баҳодиҳӣ аз рӯи ҳусни зебо, қади расо, гесӯи дароз; қироати шеър дар васфи Наврӯз; истеъдоди ман; намуди рақсҳои аҷдодӣ ва базми гулҳо баргузор гардид.  Духтаракон маҳорати худро дар саҳна аз рӯи дониш, истеъдод, ҳунари рақсӣ, шеърхонӣ ва либоси шинам намоиш доданд.

Ба ғолибони озмун аз тарафи маъмурияти муассисаи таҳсилоти иловагӣ ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич Ифтихорнома ва туҳфаҳо супорида шуданд. Ғолибон аз рӯи шартҳои озмун барои иштирок ба озмуни вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

 

АМИТ «Ховар»

http://khovar.tj/2020/03/dar-no-iyai-devashtich-ozmuni-malikai-navr-z-doir-gardid/